الصفحة الرئيسية المقالات ҲИФЗИ МАЗҲАБ-ОМИЛИ МУҲИМИ ПОЙДОРИИ СУБОТ

ҲИФЗИ МАЗҲАБ-ОМИЛИ МУҲИМИ ПОЙДОРИИ СУБОТ

ҲИФЗИ МАЗҲАБ-ОМИЛИ МУҲИМИ ПОЙДОРИИ СУБОТ
2019-08-15
1807

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намуда буданд, ки: “Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем”.

Ҷомеи имрӯзаи ҷаҳонро хатарҳое фаро гирифтаанд, ки боиси аз байн бурдани халқу миллатҳо мегарданд. Пас мо мардуми ин миллати бофарҳангу соҳибтамаддунро лозим аст, ки ин неъмати Худодод, сулҳу субот ва амнияти сартосарии кишварамонро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб ва иғвоангез ҳифз намоем.

Метавон хотиррасон кард, ки пайравии яккамазҳабӣ дар Тоҷикистон метавонад барои кулли мардуми мусалмони тоҷик ба хотири тақвияти сулҳу амният саҳми босазо гузорад,зеро таълимоти Имоми Аъзам дар олами Ислом бонуфузтарин мазҳаб маҳсуб ёфтааст. Зиёда аз 70% - и мусулмонони ҷаҳон пайрави ин мазҳаб мебошанд, чунки таълимоти мактаби ҳанафӣ аз эҳтироми умумибашарӣ, сулҳоварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини ғизои маънавӣ ибтидо мегирад.

Хурсандиовар ин аст, ки бузургдошти 1310 – солагии Имоми Аъзам, ки соли 2009 аз тарафи Президенти кишвар эълон гардид, дар густариши худшиносиву худогоҳӣ ва дарки масъалаҳои гуфтугӯи тамаддунҳо нақши ниҳоят муҳимро иҷро намуд. Аз тарафи дигар ишораи Сарвари давлат ба мардуми мусалмони тоҷик бобати пайравӣ ба ин мазҳаби муътабар ва дурӣ ҷустан аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби иғвоангез буд,зеро донистани мазҳаби ҳанафӣ ва пайравӣ кардан ба он метавонад сабаби аз байн рафтани ҳар гуна ақидаҳои тундгаро дар ҷомеаи мо гардад. Чунончи Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ бо изҳори таассуф қайд намуда буданд:

«Мутаассифона дар олами Ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини Ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Садриддин Додаров, Имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

Имоми Аъзами ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳи

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.03.2024

أكثر
الفجر04:44
الظهر12:40
العصر16:55
المغرب18:54
العشاء20:24
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر