الصفحة الرئيسية المقالات ФАЗИЛАТИ МОҲИ МУҲАРРАМ

ФАЗИЛАТИ МОҲИ МУҲАРРАМ

ФАЗИЛАТИ МОҲИ МУҲАРРАМ
2019-09-06
2187

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Санову ситоиш Худованди ягонарова дуруду саломи ба Ҳазрати Муҳаммад (с) ва хонадону асҳоби бузургвораш бод.

Муҳаррам аввалин моҳи соли ҳиљрии қамарӣ аст. Аз он љо, ки дар ин моҳ љангу хунрезӣ мамнуъ будааст, ба он муҳаррам мегўянд. Дар ин моҳ бисёре аз рўйдодҳои бузурги таърихӣ ва муҳим ба зуҳур пайвастааст. Аз ин рў, ин моҳи бисёр муҳим ва бофазилат аст. Паёмбар (с) фармуданд: "Беҳтарин рўза баъд аз рўзаи Рамазон, рўза гирифтан дар моҳи муҳаррам аст, ин моҳ моҳи Худовандӣ аст". (ривояти Муслим ва Ибни Моља).

Фарде аз Ҳазрати Алӣ (р) суол намуд, ки шумо ба рўза гирифтан дар кадом моҳ ба ғайр аз Рамазон маро тавсия менамоед? Ҳазрати Алӣ (р) фармуданд: Ин суолро ба ғайри шумо ё фақат як фарди дигаре, аз ҳељ кас ба таври ошкоро нашунидаам. Он шахс хидмати Паёмбар (с) арз намуд, ки шумо ба рўза гирифтан дар кадом моҳ маро тавсия менамоед? Паёмбар (с) фармуд: Ҳар гоҳ хостӣ зиёда бар Рамазон дар рўзҳои дигаре рўза бидорӣ, дар моҳи муҳаррам рўза бидор, зеро ки муҳаррам моҳи (махсуси) Худованд аст». (Ривояти Тирмизӣ)

Рўзҳои 9-ум ва 10-уми моҳи муҳаррам ба «Тосуо» ва «Ошўро» маъруфанд, ки фазилати хоссеро дорост. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар рўзи даҳуми Муҳаррам рўза медоштанд ва мардумро ба рўза гирифтани ин рўз тарғибу ташвиқ менамуданд. Чунки ин рўз, рўзест, ки Худованд дар ин рўз Мусо ва қавми ўро аз Фиръавн наљот дод ва Фиръавнробо қавмаш ҳалок сохт. Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки гуфт: «Ҳангоме ки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Мадина омад, яҳудон дар рўзи даҳуми ин моҳ рўза медоштанд. Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз онҳо пурсид: Ин чӣрўзест, ки дар он рўза медоред? Дар љавоб гуфтанд: Ин рўз рўзи бузург аст, Худованд дар ин рўз Мусо ва қавми Мусоро аз Фиръавн наљот дод ва Фиръавн ва қавми ўро ғарқ намуд. Сипас Мусо барои ин неъмат рўза медошт.

Хулоса ин моҳмоҳи некукорӣ аст. Дуогўи якдигар бошем,кинаву кудурату бадбиниро аз дилҳоямон дур созем. Дар ҳаққи тамоми муслиминиљаҳон дуо кунем, то ки Худованд ҳамаи мусалмонони љаҳонро сарбаланду муваффақ гардонад!

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.04.2024

أكثر
الفجر03:55
الظهر12:40
العصر17:24
المغرب19:23
العشاء20:54
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر