الصفحة الرئيسية المقالات ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
2019-10-15
1742

Таърихи инсоният аз лаҳзахои пайдоиш то ба имрӯз бо дин иртиботи кавӣ дорад, ки ба ҳаёти инсон аз таваллуд то март таъсир мерасонад. Дар ҷомеа падидаеро ёфтан мушкил аст, ки мисли дин ба зиндагии одамон наздик бошаду ҳамзамон дар масири таърих ихтилофу моҷароҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда бошад. Ин аст, ки дар фарҷоми асри XX ва оғози асри XXI инсониятро мавҷи ифротгароии динӣ ба маротиб фаро гирифта, боиси муноқишаҳо дар нуқтаҳои гуногуни дунё гардидааст. Аз ҳама нигаронкунандааш он аст, ки имрӯз ифротгароии динӣ маҳз бо истифодаи шиорҳои дини ислом доман паҳн намуда, дар натиҷа ба обрӯ ва манзалати ҳамаи мусулмонон таъсири манфӣ мерасонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Шӯрои ҷамъятӣ бамаврид қайд намудаанд, ки «Вазъи ниҳоят печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯза ва фаъолияти торафт густурдаи гурӯҳҳои ифродгаро боиси ноором шудани бисёр кишварои минтақа ва ҷахон гардидааст».

Хатари экстремизми динӣ барои кишвари мо низ эҳсос мегардад, ки нишони онро мо дар гаравиши иддае аз ҷавонон ба ҳизбу харакатои ифротӣ мушоҳида менамоем.

Мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанги волои ҳамдигарфаҳмӣ буда ба ғояҳои тундгароёна майл надошт. Ин хосияти миллии тоҷикон ҳам дар марҳилаи то исломӣ ва ҳам дар марҳилаи исломӣ ба мушоҳида мерасад. Дар масири таърихи кишварҳои арабӣ бошад, мунозираҳои ақидагии мазҳабӣ андаруни баҳсҳои фиқҳиву илмӣ зуҳур карда, бо манфиатҳои молию ҷуғрофӣ омезиш ёфта, таҳқири шахсӣ ва гуруҳӣ ба ифрот расида, ҷомеаи исломиро ба хунрезию моҷароҳо мубтало кардааст. Ин ҳолат хоси аксари кишварҳои Шарқи Наздик буда, бо вуҷуди мавҷудияташ дар тӯли таърих ҳеҷ гоҳ хоси мардуми тоҷик ва мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ, бавижа шохаи Мовароуннаҳрии он набудааст.

Гузаштагони баруманди халқи тоҷик дар рушди фарханги тамаддуни исломӣ саҳми бисёр бузург гузошта бо офаридани осори бузурги маънавӣ ва илмию фарҳангӣ доир ба роҳҳои таҳкими ғояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла мазҳабӣ андешаронӣ намудаанд. Чунончӣ дар «Сиёсатнома»-и Низомулмулки Тусӣ вобаста ба ҳифзи давлат ва мазҳаб бо такя ба шароити он замон суханони гуҳарборе баён гардидааст.

Мушкилиҳои имрӯзаи ҷахони ислом дар даврони гузашта низ бо рангҳои гуногун зуҳур кардаанд ва миллати точик бо ҳифзи мафкураи асили худ тавонистааст аз ин гуна вартаҳои зиндагӣ худро наҷот диҳад. Низомулмулк низ дар замони худ дарк намудааст, ки иддае аз шахсони дорои ақидаҳои ифротӣ чун ҳувият гирифтаанд, ба мардуми мусулмон ранҷу азобҳои гароне мерасонанд ва ба исломи ноб доғ оварданӣ мешаванд.

Ҳолати мазкурро хамарӯза дар кирдорҳои зишти ташкилотҳои экстремистиву террористии бо ном «Давлати исломӣ», “Ҷабҳату-н-нусра”, “ҲНИТ” ва ғайра мушоҳида кардан мумкин аст, ки баъзе аз аломатҳои даҳшатовари онҳо аз ваҳшиён низ бадтар аст. Боиси афсӯс ва андӯҳ аст, ки бо вуҷуди чунин ҳолат боз ҳам иддае аз ҷавонони моро фирефтаи ин ақидаҳои ифротӣ мегарданд. Таърихи инсоният мисолҳои зиёдеро дар заминаи муноқишаҳои бо унсурҳои диниву мазҳабӣ омезишёфта дар ёд дорад. Дар шароити кунунӣ, аз ҷониби марказҳои гуногуни омӯзишии илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳлил намудани таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик дар самти пешгирии ифротгароии динӣ ва таҳкими идеяи миллӣ ногузир буда, роҳи мубориза бо ин раванди номатлубро боз хам дақиқтар мегардонад. Паҳлӯи ҳуқуқии сиёсати давлатӣ оид ба мубориза бо ифротгароии динӣ, пеш аз ҳама тавассути татбиқи қонунгузории динӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор фаро гирифтааст. Ба тавсиб расидани Стратегияи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ шудааст, заминаи хуқуқии муқовимат бо ифротгароиро боз ҳам қавӣ намуд. Ҳар фарди солимақлу боимон дар як рӯз ақаллан бояд маротибае бо ҳаводису воқеоти кишварҳои олам нигараду ба худ хулоса кунад, ки аввалан як кишвари орому осуда дорад, сониян, аҳли хонаводаву хешовандон ва дар умум хамватанонаш дар ҳимояи ҷавонмардону масъулини ин Ватани азиз қарор доранд ва сеюм, ҳамзамон аз Худованди меҳрубон шукрона ва талаб кунад, ки ҳамин неъмати илоҳӣ ба ҳамаи мардуми олам ва бахусус кишварҳои ҷангзада ҳам насиб гардад. Зеро тибқи таълимоти шариати исломӣ имони касе комил намегардад, то он ки он чиро барои худ мехоҳад, барои мусулмони дигаре ҳам нахоҳад.

Имрӯз дар замони иттилоот ва рушди технологияи иноватсионӣ ҷавононе ҳастанд, ки тамоми рӯз бо интернет машғул буда, ғайр аз он бо ягон кори дигаре даст намезананд. Агар онҳо худогоҳу худошинос, хушахлоқ ва бо дигар навъи донишу малакаҳо мусаллаҳу баҳраманд набошанд, бо тамоми масъулият метавон гуфт, ки дучори мушкилоти ақлониву равонӣ ва гумроҳиву бадахлокӣ хоханд шуд. Ба қавли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:

                               Ҷавононро бадомӯз аст ин аср,

                              Шаби Иблисро рӯз аст ин аср

                             Ба домонаш мисоли шуъла печем,

                             Ки бенур асту бесӯз аст ин аср

Муродалӣ Муҳаммадрасул,

сармутахассиси Кумита

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.03.2024

أكثر
الفجر04:59
الظهر12:40
العصر16:46
المغرب18:45
العشاء20:15
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر