الصفحة الرئيسية المقالات Хиёнате аз хоину нифоқе аз мунофиқ

Хиёнате аз хоину нифоқе аз мунофиқ

Хиёнате аз хоину нифоқе аз мунофиқ
2019-11-16
2493

Ҳодисаи мудҳиш ва нангине, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайваст, ҳамагонро хеле ба ҳайрат гузошт. Зеро ҳеҷ кас фикр намекард, ки дар ин рӯзи таърихӣ ва фазои сулҳу осоишта, яъне Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бадхоҳони миллат ва душманони халқи тоҷик вориди кишвар шуда, ҳамлаи террористӣ анҷом медиҳанд.

    Маҳз зиракию ҳушёрии далерони дидбонгоҳ буд, ки тавонистанд нерӯи душманони миллатро нобуд созанд ва оромии кишварро таъмин намоянд. Мутаассифона, дар ин задухӯрд чанде аз ҳимоятгарони мо ҳалок шуданд.

    Ҷуръати ҳимоятгарони мо буд, ки 15 тан аз душманон кушта шуда, панҷтани онҳо дастгир карда шудаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо аз шимоли Афғонистон санаи 03 ноябри соли ҷорӣ ғайри қонунӣ вориди Тоҷикистон шуда, дар маконҳои номаълум паноҳ бурдаанд. Мо фаромӯш накунем, ки бадтарину бадбахттарин амал хиёнат ба Ватан аст ва номи ин гуна шахсони хиёнаткор, ҳамчун хоини Ватан дар таърих хоҳад монд. Худованди бузург дар чандин оятҳояш мо бандаҳояшро аз хиёнат кардан дар амонатҳо манъ кардааст, аз он ҷумла мефармояд:

«Эй муъминон! Ба Худо ва пайғамбари ӯ хиёнат накунед ва дар амонатҳои якдигар хиёнат накунед, дар ҳоле ки худ медонед» (сураи Анфол, ояти 27).

«Худованд хоинонро дӯст намедорад» (сураи Анфол, ояти 58).

«Мо ин китобро ба ҳақ ва ростӣ ба ту (Эй Муҳаммад) нозил кардем, то ба муҷиби он чӣ Худо ба ту омӯхта миёни мардум ҳукм кунӣ ва зинҳор ҷонибдори хиёнаткорон мабош»(сураи Нисо, ояти 105).

«Аз касоне, ки ба худ хиёнат мекунанд дифоъ накун, зеро Худованд ҳар касеро, ки хиёнаткор ва гунаҳкор бошад дӯст намедорад» (сураи Нисо, ояти 107).

Ҳамчунин он нафароне, ки ба чунин гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бо ҳар роҳу восита кӯмак мерасонанд, онҳо тибқи таълимоти ислом мунофиқанд. Зеро мунофиқ инсоне аст, ки дар байни мардум зиндагиву кору фаъолият мебарад, аммо дар қалбаш нисбати Роҳбарияти кишвар ва мардуми ин сарзамин кинаву адоват ва бадбинӣ дорад. Бо баробари пайдо шудани ягон имконият, ҳамон замон фурӯхта мешаваду хиёнат мекунад.

Ҷазои мунофиқон дар дунё чист?

Ба қавли уламои ислом ӯ (мунофиқ) дар дунё хору зор ва залилу бечора гашта, шарманда ва аз байни мардум ҷудо мешавад. Умеду орзу ва нияти тезтар аз дунё рафтанро мекунад, аммо бехабар аз он, ки дар охират ҳоли ӯ бадтар мешаваду беҳтар не.

Дар охират ӯро чӣ интизор аст?

Худованд дар сураи Нисо, ояти 140 мефармояд:

«Парвардигор мунофиқон ва кофиронро якҷоя дар ҷаҳаннам меандозад».

«Худованд ваъда дод, ки марди мунофиқ ва зани мунофиқ ва кофиронро дар оташи ҷаҳаннам абадӣ меандозад, онҳоро лаънат мекунад ва барои онҳо азоби дардноку бардавом омода аст» (сураи Тавба, ояти 68).

«Ҳароина мунофиқон дар чуқуртарини дӯзах ҷойгир карда мешаванд» (сураи Нисо ояти 145).

   Чунин аст ҷазои шахсоне, ки мардумро фиреб медиҳанд, хиёнат мекунанд, аз барои молу мансаб, дину мазҳабу Ватану халқашонро мефурӯшанд ва ношукрии неъматҳои Худованд мекунанд.    

    Пас ҳар вақте ки Худованд бандаҳои хиёнаткору мунофиқашро дӯст надорад, дигар ҳеҷ мусулмоне набояд аз онон дифоъ кунад.

    Гуфта мешавад, ки ин бадхоҳон аз гурӯҳи тундрави ба ном «Давлати исломӣ» буда, хостанд оромии кишварро халалдор созанд. Вале нерӯҳои марзбонӣ тавонистанд зидди ин гурӯҳ задухӯрд карда, онҳоро шикаст диҳанд ва ин ҳам бо арзиши ду ҷон ба даст омад.

    Шукронаи давлат мекунем, ки ҳамин ҳимоятгарон ҳастанду миллати тоҷик дар осмони софу беғубор ва орому осоишта зиндагӣ ба сар мебарад. Вагарна, Худо медонад, аз ин ҳодиса чӣ фалокате ба ҳам меомад.

    Имрӯз, ки даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо маром идома дорад, бояд бо азму иродаи қавӣ раҳсипор шавем. Агар ҳамин фарзандони баори миллат намебуданд, чӣ қадар ҷонҳоро аз даст медодем. Пас бояд андеша кунем, ки кӣ моро бояд ҳифз намояд? Фарзандони дигар нафарон магар фарзанд нестанд? Ҳар як порчаи Ватан бояд аз ҷониби ҳар яки мо ҳифз шавад ва ба ин ҳама бояд саҳм гузоранд. Маҳз ҳамин ҷавонмардон буданд, ки имрӯз мо ором хоб мекунем ва ором мегардем.

     Ин дарс барои гурезагони хизмати Ватан аст. Агар Шумо падару модари худро ҳифз накунед, эй ҷавонони кишвар, Ватани худро нигаҳ надоред, фарзандони дигар кишварҳо омада дар кишвари мо ба ҷои Шумо ин корро намекунад. Зеро онҳо падару модари худро аввал ҳифз мекунанд, сипас дигаронро. Агар имрӯз мо ҳама аз як гиребон сар барорем, иншоаллоҳ ба мо асаре нахоҳад расид.

Хусрав Ҳомидов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи «Тақво»-и шаҳри Хуҷанд

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر