الصفحة الرئيسية المقالات Дини ислом терроризмро маҳкум мекунад!

Дини ислом терроризмро маҳкум мекунад!

Дини ислом терроризмро маҳкум мекунад!
2019-12-23
1872

Алҳамдулиллоҳ вас салоту вас салому ало Расулиллоҳ ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин.

Солҳои охир ҷаҳони ислом ғўтавари воқеаҳое гаштааст, ки ҳам аз назари шариат ва ҳам аз назари ақли солим қобили қабул нест. Кас наметавонад бовар кунад, ки ин ҳама куштору даҳшат аз рўи қуръону суннат бошад. Аммо пешвоёни ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ, гурўҳҳои ифротӣ ва террористӣ ҳамоно мардумро фирефта, ба ҳамагон талқин мекунанд, ки ислом ин ҷиҳод аст, рехтани хуни одамон дар қуръону ҳадис ҷоиз аст, зинокориву нашъамандии ҷангиёни ифротиро шариат иҷозат додаст ва даҳҳои мисолҳои ботили дигар, ки террористон бо овардани фатвоҳои дурўғин худ ва дигаронро мефиребанд.

Аз ин рў, тасмим гирифтем ба қуръони карим ва аҳодиси набавӣ рўй оварем ва бубинем, ки дар асл таълимоти дини мубини Ислом чи гуна аст? Инак таваҷҷўҳ намоед ба оёти зерин, ки дар шаъни рехтани хуни ноҳақ нозил шудаанд.

Худованд мефармояд:

{مِنْ أَجْلِ ذَلِكَ كَتَبْنَا عَلَى بَنِي إِسْرَائِيلَ أَنَّهُ مَنْ قَتَلَ نَفْسًا بِغَيْرِ نَفْسٍ أَوْ فَسَادٍ فِي الأَرْضِ فَكَأَنَّمَا قَتَلَ النَّاسَ جَمِيعًا وَمَنْ أَحْيَاهَا فَكَأَنَّمَا أَحْيَا النَّاسَ جَمِيعًا وَلَقَدْ جَاءَتْهُمْ رُسُلُنَا بِالْبَيِّنَاتِ ثُمَّ إِنَّ كَثِيرًا مِنْهُمْ بَعْدَ ذَلِكَ فِي الأَرْضِ لَمُسْرِفُونَ}(المائدة/32).

Ба сабаби ин ҳодиса бар Банӣ Исроил ҳукм кардем, ки ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад; ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо зинда сохта бошад. Ва ба дурустӣ ки пайғамбарони Мо бо нишонаҳои равшан ба онҳо омаданд; боз ҳам бисёре аз онҳо баъд аз ин дар замин таҷовузкунандагонанд. (44.Сураи Моида, ояти 32).

{وَمَنْ يَقْتُلْ مُؤْمِنًا مُتَعَمِّدًا فَجَزَاؤُهُ جَهَنَّمُ خَالِدًا فِيهَا وَغَضِبَ اللَّهُ عَلَيْهِ وَلَعَنَهُ وَأَعَدَّ لَهُ عَذَابًا عَظِيمًا}(النساء/93).

Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ў дўзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ў хашм гирифтааст ва ўро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ў омода сохтааст. (Сураи Нисо, ояти 93).

{وَلاَ تَقْتُلُوا النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلاَّ بِالْحَقِّ وَمَنْ قُتِلَ مَظْلُومًا فَقَدْ جَعَلْنَا لِوَلِيِّهِ سُلْطَانًا فَلاَ يُسْرِفْ فِي الْقَتْلِ إِنَّهُ كَانَ مَنصُورًا}(الإسراء/33).

Ва нафсеро, ки Худо (куштанашро) ҳаром кардааст, ҷуз ба ҳақ макушед. Ва ҳар ки ба ситам кушта шавад, пас ба вориси ўро қуввате додаем, пас бояд ки дар куштан зиёдаравӣ накунад. Ба дурустӣ ки вай ёрӣ дода шудааст (Сураи Исро, ояти 33).

«Ва Худоро аз он чи ситамгорон мекунанд, бехабар мапиндор; ҷуз ин нест, ки онҳоро барои рўзе мавқуф медорад, ки дар он чашмҳо хира шаванд» (Сураи Иброҳим, ояти 42).

Дар ҳадиси қудсӣ меояд: «Эй бандагонам! ҳамоно ман зулмро бар худ ҳаром кардам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед» (Саҳеҳи Муслим, 8/16).

Аз оёти овардашуда бармеояд, ки Худои бузург ҳаргиз ба куштани нафсе амр накардааст. Рехтани хуни ноҳақ дар пешгоҳи Парвардигор ҳаром аст, талаву тороҷи моли мардум ҳаром аст, ғулом кардани зану фарзанди одамизод ҳаром аст. Террористон қоидаеро ихтироъ кардаанд, ки мусулмононро бо камтарин ҷурм кофир ва мулҳид эълон мекунанд, сипас қатлу ғоратро алайҳи онҳо раво медонанд. Дар ҳоле ки ин мардум гўяндаи калимаи шаҳодат аст. Дар ин маврид Паёмбар (с) мефармоянд: «Хуни ҳеҷ мусулмон, ки ба ваҳдоният ва ягонагии Худо ва нубуввати Паёмбари ислом медиҳад, ҳалол нест…» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Мо танҳо дар бораи террористони хориҷӣ намегўем. Роҳбарону пайравони ТЭТ ҳизби наҳзат, ки доим дар пайи эҷоди тафриқа мебошанд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд сиёсати пешгирифтаи давлатро танқид кунанд ва барои ин аз дини мубини Ислом истифода мебаранд. Бовар кунед, ин дини бузург имрўз бозичаи афроди бадхоҳ ва баъзе гурўҳу ҳизбҳои ба ном исломӣ шудааст. Чунин нафарон гўё аз ислом дифоъ мекунанд, аммо дар асл дин барояшон як васила аст.

Дар ҳаққи чунин афроди иғвогар ва тафриқаандоз қуръони карим қотеона мефармояд:

«Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд; ва он гурўҳро азоби бузург аст» (Сураи Оли Имрон, ояти 105).

«Ва ин роҳи рости Ман аст, пас онро пайравӣ кунед ва роҳҳои дигарро пайравӣ макунед, ки шуморо аз роҳи Худо ҷудо кунад! Ин аст он чи Худо шуморо ба он ҳукм фармудааст, то шояд ки шумо парҳезгорӣ кунед» (Сураи Анъом, ояти 153).

қуръони карим одамонро ба раҳму шафқат, меҳрубонӣ, сабр ва бурдборӣ, афв ва бахшиш, садоқат, ростӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташвиқ намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа наҳй менамояд.

Доир ба ахлоқи ҳамида ва хислатҳои неки инсонӣ дар қуръони карим ва аҳодиси набавӣ омадааст:

{ثُمَّ كَانَ مِنْ الَّذِينَ آمَنُوا وَتَوَاصَوْا بِالصَّبْرِ وَتَوَاصَوْا بِالْمَرْحَمَةِ}(البلد/17).

«Баъд аз он, [бояд] аз касоне бошад, ки имон оварданд ва якдигарро ба шикебоӣ васият карданд ва якдигарро ба бахшоишу меҳрубонӣ васият карданд» (Сураи Балад, ояти 17).

Имом Аҳмад ибни ҳанбал ва Ибни Моҷаи қазвинӣ аз Оиша ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) фармудаанд: «Пайванди хешутаборӣ, рафтори накў ва ҳамсоягии хуб шаҳрҳоро ободу умрро дароз мекунад».

Аз Анас (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд: Бо ҳамдигар душманӣ ва ҳасад ва қатъи робита нанамуда ва пушт накунед …

Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: Дарҳои биҳишт рўзи душанбею панҷшанбе боз мешаванд ва барои ҳар банда, ки ба Худо шарик намеоварад, омурзиш мешавад, магар марде, ки миёни ў ва бародараш душманӣ ва адоват бошад ва гуфта мешавад: ин дуро ба таъхир андозед, то бо ҳам сулҳ ва оштӣ намоянд.

Аз Муъоз (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: Касоне, ки ба хотири Худо бо якдигар дўстӣ менамояд, рўзи қиёмат дар сояи Арши Худо осуда мебошанд.

  (Ривояти Табаронӣ, Суютӣ ва Манновӣ).

Умар ибни Хаттоб (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: Шукру сипос намудани неъмати Худованд неъматро пойдор менамояд ва аз завол нигаҳ медорад.

(Ривояти Дайламӣ, Суютӣ ва Манновӣ).

Аз Абўмўсо (р) ривоят шуда, ки гуфт: Гуфтам: Ё Расулуллоҳ! Кадом мусулмон беҳтар аст? Фармуд: Он, ки мусулмонон аз дасту забони ў эмин бимонанд.

Шумо худ огоҳ гаштед, ки дини мубини Ислом дини зулму ситам, куштору ваҳшоният набуда, балки дини раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, некиву накўкорист. Ислом динест, ки мардумро ба сўи иттифоқу ваҳдат даъват намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа, ифрот, тафрит ва иғвогарӣ бозмедорад.

Бигзор мардум огоҳ бошанд, он корҳое, ки аз ҷониби ДОИШ ва қаноти ў ТЭТ ҳНИ, дар Ироқу Сурия, Либияву Яман ва дигар минтақаҳо аз номи ислом анҷом дода мешаванд, ба ислом заррае ҳам робита надоранд. Он суханҳое, ки аз ҷониби бадхоҳон нисбати вазъи дин дар Тоҷикистон садо медиҳанд, кўшиши навине баҳри эҷоди тафриқа дар ватани азизамон аст. Душманони дину давлат ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро дида наметавонанд, бинобар ин бо ҳар роҳу восита мехоҳанд дар байни мо иғво ангезанд.

Моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дўстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найрангбозии гурўҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳарактҳои ба ном исломӣ ва хоинони миллат огоҳ созем. Бигзор ҳамагон бидонанд, ки дини ислом василае байни Худову бандааш мебошад, на равише баҳри вайронии ҷомеа ва ба даст овардани дунёи фонӣ.

Худоё, ватани моро аз тамоми офоту балоҳо нигаҳ дор ва моро дар шинохтани ҳақ аз ботил муваффақ гардон, омин ё Раббал оламин!

Маркази исломӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.04.2024

أكثر
الفجر03:59
الظهر12:40
العصر17:22
المغرب19:21
العشاء20:52
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر