الصفحة الرئيسية المقالات Фазилат ва эъҷози қуръони карим

Фазилат ва эъҷози қуръони карим

Фазилат ва эъҷози қуръони карим
2019-12-23
2657

қуръони карим хони пешкашнамудае аз ҷониби Худованди бузург аст ва он аз барои касоне, ки дар он рағбат менамоянд, хеле осон ва барои толибони ҳақ фоидабахш аст. Ривоят аст аз ҳоким бо санадаш аз Абдуллоҳ писари Масъуд (р.з.), ки он ҳазрат (с) фармуданд: «Ин қуръон як хоне аз ҷониби илоҳӣ аст, пас ба ин дастархони худованди биёед модоме, ки тавони омадан доред. Ин қуръон ресмони матини Худовандӣ аст ва дорўе аст шифобахш, нигаҳбон аст касеро, ки ба ў чанг мезанад ва наҷотбахши касоне аст, ки пайрави ў ҳастанд. Аҷоиби он ҳар қадаре, ки такрор карда шавад, ба итмом намерасад ва куҳна намешавад. Пас бихонед ўро, ки Худованд бар ҳар ҳарфи он аҷри зиёде бароятон насиб мегардонад. Ман намегўям, ки алиф, лом, мим як ҳарф аст, балки алиф ба танҳоӣ ҳарф аст ва лом ба танҳоӣ ҳарф аст ва мим ба танҳоӣ ҳарф аст, ки дар баробари ҳар як ҳарф савоби зиёде бароят навишта мешавад». Ривояти Доримӣ.

Мо қуръони муқаддасро қироат намуда, кўшиш мекунем, ки онро дарк кунем ва дар рафтору кирдор ва гуфтори худ онро татбиқ намоем, то ки ба ин васила ба ҷойгоҳи волои инсонӣ ва ахлоқи неку ва ҳамида ноил шавем. Худованд дар қуръони муқаддас мефармояд:

«Эй мардум, аз Парвардигоратон барои шумо панде ва барои он чи дар синаҳо аст, шифое ва барои мўъминон роҳ намудане ва бахшоише омадааст!». (Сураи «Юнус», ояти 57).

қуръони муқаддас на аз ҷиҳати вақт ва на аз ҷиҳати муҳит ҳудуд надорад ва инсониятро ба некӣ ва фақат ба некӣ даъват менамояд. Зеро боварӣ ва корнамоӣ ба ҳақиқат ва парҳезгорӣ меорад, эҳсосот ва тафаккури дурустро меомўзад. ҳамешагии ахлоқу зиндагии оилавиро раҳнамоӣ менамояд. Ростқавлиро дар фаъолияти идоравӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ меомўзад. Ва ин ягона роҳе мебошад, ки ба сўи хушбахтӣ ва рушду камол, муҳаббат ва якдигарфаҳмӣ мебарад.

қуръони карим сухани возеҳ ва равшан аст, ҷудокунанда миёни ҳақ ва ботил аст ва он сухани беҳуда ва ҳазл нест. Касе ба он чанг занад, ҳидоят ёфтааст ва ҳар он ки ҳидоятро дар ғайри он меҷўяд, гумроҳ мешавад, ҳар касе, ки онро дастуруламали зиндагии худ қарор медиҳад, Худованд қадри чунин шахсро баланд карда ўро ёрӣ мекунад ва саодати дорайнро насибаш месозад.

Дар замони Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) арабҳо дар фанни балоғати калом ва фасоҳат ба авҷи аъло расида буданд ва нисбат ба дигар қавмҳо дар ин замина маҳорати хоссе доштанд. Аз ҳамин буд, ки худро араб ва дигаронро аҷам, яъне лолу гунг меномиданд. Баъзе аз суханварони араб пеш аз замони Паёмбар (с) дар баробари шеъри хуб гуфтан дар балоғат ва фасоҳат беҳамто буданд. Бинобар ин Аллоҳ таборака ва таъоло ба Паёмбари гиромии хеш аз ҳамин навъи ҳунар, ки дар ҳамон аср дар миёни мардум маъмул буд ва зеҳнҳоро ба худ ҷалб мекард, ато фармуд. қуръони карим бар Паёмбар (с) бо чунон балоғат ва фасоҳате ато намуд, ки бузургтарин суханварон ва адибони он вақт то ин замон ва то рўзи қиёмат дар баробари он сари таслим фуруд овардаанд ва меоваранд.

Чун қуръон муъҷизаи илмӣ, фарҳангӣ буд ба ҳар андозае, ки улум пешрафт намуд ва фарҳанг рушд кард, маданият низ ба авҷи худ расид. Як ҷаҳони тозае аз эъҷози қуръони карим боз шуд ва шуълаҳои тобноки он ба тавое дурахшидан гирифт, ки касе андаке аз ақли солим ва дили саҳеҳ бархурдор бошад, наметавонад, эъҷози ўро инкор намояд ва ё нодида гирад.

қуръони Карим барои пажўҳишгарон ва муҳаққиқон дар тўли асрҳо дурҳои тозае аз муъҷизотро овард, ки тамоми аҳли башариятро дар ҳайрат гузошт ва ба ҳақиқати ў гаравонид. Худованди бузург чи хуш дар ин атои бузургу бебаҳояш барои мо фармудааст:

«Зуд бошад, ки бинамоем эшонро нишонаҳои қудрати худ, ки муъҷизоти Паёмбар аст дар офоқ ва дар нафсҳои эшон, то равшан шавад ононро, ки Паёмбар ҳақ аст. Оё басанда нест, ки Парвардигори ту бар ҳама чиз гувоҳ аст? (Яъне, агар куффор инкори муъҷизоти ту кунанд, ҳазрати офаридгор гувоҳи ту асту бас)» (Сураи Фуссилат, ояти 53).

Ин аст эъҷози қуръони карим, ки то кунун инсонҳо дар баробари фармудаҳои ў дар тайи чаҳордаҳ қарн ҳар тадқиқоте, ки намудаанд, сари таслим ва таъзим фуруд овардаанд.

ҳомидов А.

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.04.2024

أكثر
الفجر03:59
الظهر12:40
العصر17:22
المغرب19:21
العشاء20:52
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر