الصفحة الرئيسية المقالات МАСЪАЛАИ ТАҲКИМИ МАЪРИФАТНОКИИ ҶОМЕА ДАР ПАЁМ

МАСЪАЛАИ ТАҲКИМИ МАЪРИФАТНОКИИ ҶОМЕА ДАР ПАЁМ

МАСЪАЛАИ ТАҲКИМИ МАЪРИФАТНОКИИ ҶОМЕА ДАР ПАЁМ
2020-01-25
2082

Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саршор аз муҳаббату самимият ба халқу Ватан мебошанд, барои мардуми кишвар солҳои сол ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз хизмат хоҳанд кард. Дар доираи сиёсати дарҳои боз, ки аз ҳамин сиёсати хирадмандона бармеояд, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ марҳила ба марҳила тавсеа меёбанд.

Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ соли 2019 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарназардошти дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ҳамчун як соли бобарор зикр шуд. Яке аз нуктаҳои калидии Паёми Пешвои миллат, дар баробари зикри ­дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, пешравиҳои бахши инфрасохтори соҳаи маориф, рушди имкониятҳои сайёҳӣ, тадбирҳо ҷиҳати пешгирии амалҳои террористиву экстремистӣ ва ҳифзи суботу оромии кишвар, масоили марбут ба таҳкими маърифатнокии аҳли ҷомеа — рушди соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг буд, ки атрофашон таъкидҳо, ­масъалагузориҳои мушаххас сурат гирифт.
Аз нуктаҳои Паём роҷеъ ба ташвиқ намудани наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо метавон натиҷагирӣ кард, ки масъалаи таҳким бахшидани маънавиёти аҳли ҷомеаи Тоҷикистон яке аз самтҳои сиёсати пайгиронаи Ҳукумати мамлакат, хусусан, Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иброз доштанд: «Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳар чӣ бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷус­туҷӯи илму донишро ҷой кунем». Дарвоқеъ, мутолиаи китоб барои ҳар як фард фаъолияти боарзише мебошад, ки боиси пешрафти ӯ ва дар натиҷа, пешрафти ҷомеа дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла, фанноварӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ мегардад. Барои ҷомеаи мо дар даврони Истиқлолият ва фазои сулҳу осоиштагии мамлакати азизамон фурсате падид омадааст, ки баҳри бозёбии ҳувияти фарҳангӣ ва эҳёи тамаддуни пуршукӯҳи миллӣ талошҳое аз ҷониби фарҳангиён ва аҳли қалам сурат гирад. Муҳимтарин ҳадафи Пешвои миллат низ ба ҳувияти воқеии миллӣ расонидани насли имрӯз ва эҷоди иртибот байни наслҳо, ба вижа, бо гузаштаи дурахшони сарзамини азизамон, мебошад, ки дар ин маврид дар Паём чунин зикр гардид: «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».
Аз рӯи масъалагузориҳои Пешвои миллат вазорату сохторҳои марбута вазифадор шуданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Дар ҳамин замина, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шаванд.
Хушбахтона, тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи маърифати китобхонӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Дар ин самт марҳила ба марҳила тадбирҳои судманд ва мантиқиву саривақтӣ андешида мешаванд. Бунёд ва фаъолияти бинои азиму муҳташами Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо шароити муосиру мусоид, таъмини сатҳи баланди хидмат­расонии касбӣ дар он нишони возеҳи ин гуфтаҳост. Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки бевосита таҳти сарпарастии Президенти кишвар ҷиҳати бедор намудани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар дар давоми соли 2019 баргузор шуду 11-14 декабри соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» дар сатҳи хубу хотирмон ҷамъбаст гардид, ба фазои мутолиаву маърифати китобхонии ҷомеаи кишвар таҳаввули ҷиддӣ бахшид. Самараи иқдоми озмун ин аст, ки завқи мутолиаи асарҳои назмиву насрӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус, мактаббачагону донишҷӯён, бамаротиб афзуд. Барои боз ҳам бештар ташвиқ намудани қобилияти эҷодӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти зеҳнии наврасону ҷавонон, баланд бардоштани маърифатнокии аҳли ҷомеа ва амалӣ гардидани «Консепсияи миллии тарбия» аз ҷониби Сарвари давлат дар Паём зикр гардид, ки «Ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳар чӣ васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомотҳои маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад». Ин ташаббуси Пешвои миллат моро ба он умедвор месозад, ки баргузории ҳарсолаи озмуни мазкур аз ҷониби сокинони кишвар хуш истиқбол ва суннати куҳани мутолиаи китоб ва ҳифзи асарҳои адибони гузаштаву муосир дар қалби хурду бузург эҳё мегардад.
Дар Паём Сарвари давлат, ҳамчунин, вазорату сох­торҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилотро вазифадор намуданд, ки ба хотири баланд бардош­тани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Аз таҷриба ва сафарҳои хизматӣ ҷиҳати бохабар гардидани вазъи китобхонаҳои шаҳру навоҳии дурдасти ҷумҳурӣ ба мо маълум аст, ки китобхонаҳо ва хонандагони деҳот ба асарҳои тозанашри адибони классик ва муосир ниёз доранд, зеро теъдоди ками асарҳои бадеие, ки дар рафи китобҳо нигаҳдорӣ мешаванд, хеле фарсуда гардидаанд. Хушбахтона, Сарвари давлат дар Паёмашон роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағи зарурӣ ҷудо намоянд. Иқдоми мазкур дар рушди соҳаи китобдорӣ, ҷалби бештари мардум ба китобхонаҳо ва тат­биқи барномаҳои марбут ба таҳкими маърифатнокии ҷомеа ниҳоят судманд арзёбӣ мешавад.
Дар замони муосир китобу китобхона ва фарҳанги мутолиа ҷиҳати ҳифзи асолати миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, ташаккули андешаи милливу эҳсоси ватандӯстии ҷомеа мақоми хоса дорад. Пешвои миллат дар ин бора низ дар Паём зикр намуданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои таҳкими маърифатнокии аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Як нуктаи асосие, ки дар Паём зикр гардид ва ба омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва таҳкими ҳувияти миллии ҳар як фарди ҷомеа нигаронида шуд, аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва ройгон даст­раси ҳар як оилаи тоҷик намудани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» мебошад. Ин ташаббус ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, хештаншиносии халқро беш аз пеш афзуда, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва истиқлолу озодӣ заминаҳои устувор фароҳам меоварад.
Дар Паёми Пешвои миллат, инчунин, иброз гардид, ки бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар соли 2020 қарор қабул кардааст. Дар робита ба ин, дар радифи дигар чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» низ як қатор тадбирҳо андешида шуда истодааст. Аз ҷумла, ҷиҳати дастрасии иттилоот ва маълумоти таърихиву илмӣ роҷеъ ба ин ҷашнҳо дар толори асосии хидматрасонии муассиса намоиши адабиёти марбут ба ин ҷашнҳо ташкил шудааст.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём чун ҳамеша ба қувваву ғайрат ва нангу номуси ватандории халқи азизи Тоҷикистон такя карда, изҳори итминон намуданд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои таърихӣ ва ба таври шоиста истиқбол хоҳем гирифт. Зеро, — гуфтанд Сарвари давлат: «Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон — Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».
Акнун ҳар яки моро зарур аст, ки муносиб ба боварию эътимоди Сарвари давлат кору фаъолият намоем.

Абдусалом МИРАЛИЗОДА, профессор,
директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر