الصفحة الرئيسية المقالات ДУРӮҒГӮ СИТАМГОРТАР АЗ ҲАМА ЗОЛИМОН АСТ...!

ДУРӮҒГӮ СИТАМГОРТАР АЗ ҲАМА ЗОЛИМОН АСТ...!

ДУРӮҒГӮ СИТАМГОРТАР АЗ ҲАМА ЗОЛИМОН АСТ...!
2020-02-17
1787

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Дурӯғ гуфтан хислатест зишту бад ва амалест қабеҳу разилона. Бо таассуфи шадид, ин падидаи расвои иҷтимоӣ дар миёни мардум то андозае шойеъ шудааст. Қариб дар ҷомеа дурӯғ гуфтан ба таври бесобиқа роиҷ гардида, дар нишастҳо, дар бозор, дар муомилот, дар ҳар коре дигар роҳ ёфтааст. Дар байни хурдсолу бузургсолон, дар миёни мардону занон, дар ҳар ҷойе ки одамӣ бошад, гоҳо дурӯғ гуфтан дигар монанд ба молу коло шудааст. Онро барои манофеи шахсӣба кор мебаранд. Дурӯғ мегӯянд, ки бозорашон гарм бошад. Таърифи кизб, яъне "дурӯғ гуфтан" дар шариати исломӣ иборат аз ҳар суханест, ки мухолифи ҳақиқат бошад, новобаста ба шухӣ, ҷиддият ва дар ҳоли хашм гуфтани он. Каззоб ё дурӯғгӯ гунаҳкор асту пайомади дурӯғгӯӣ барои фарди ҷомеа хатарзо. Дурӯғ гуфтан далели сустии нафсу бешарафӣ ва парҳезгор набудан аст. Каззоб ҳақиқатро намегӯяд, дурро наздику наздикро дур мебарад, некро баду бадро нек нишон медиҳад.

        Паёмбари гиромӣ Ҳазрати Муҳаммад (с) аз дурӯғ гуфтану пайомади нохуби он ҳушдор дода, мегӯяд: "Аз дурӯғ бипарҳезед! Дурӯғ гуфтан ба фуҷур мебарад, фуҷур ба оташ мекашад. Инсон дурӯғ мегӯяд ва назди Худои таоло ӯро дурӯғгӯ менависанд". Басо дурӯғҳое будаанд, ки боиси душманӣ ва нобоварӣ миёни мардум шудаанд. Дурўѓгў ситамгортар аз золимон аст. Дурӯғ анвои гуногун дорад ва бадтарин кизб дурӯғ бастан ба Худо аст. Яъне чизеро, ки Худо ҳалол гуфтааст, онро ҳаром гуфтану ҳаромкардаи Худоро ҳалол гуфтан. Инро Худованд дар Қуръони карим ба таъкид гуфтаву тавассути фаришта Ҷабраилу паёмбараш Муҳаммади Мустафо (с) ба мардум расондааст.

Худованд дурӯғгӯеро, ки бар Худо дурӯғ мебандад ё оёти ӯро ба дурӯғ нисбат медиҳад, аз ҳама золимон ситамгортар мегӯяд. Ва дурӯғгӯи ситамгар ҳаргиз наҷот намеёбаду растагор намешавад. Дар сураи "Анъом", ояти 22-юм омадааст: "Ва кист ситамгортар аз касе, ки барбаст бар Худо дурӯғро, ё ба дурӯғ нисбат кард оёти ӯро. Ҳаройина, растагор намешаванд ситамгорон". Сахттару шадидтарин дурӯғе, ки гӯяндаи он растагор намешавад, он аст, ки ҳалолро ҳаром ё баръакс гуфта шавад. Барои мисол касе бигӯяд, ки асал ҳаром аст ё гӯшти хук ҳалол, ба Худо дурӯғе баста аст, ки ҳаргиз дигар растагор намешавад. Яъне, бар хилофи ончи, ки Худованд дар Қуръони карим фармудааст. Ояти 116-уми сураи "Наҳл" аз Қуръон ба ин маъно ҳаст: "Ва магӯед чизеро, ки баён мекунад ҳукми ӯ забони шумо ба дурӯғ, ки он ҳалол аст ва ин ҳаром аст то ифтиро кунед бар Худо дурӯғро. Ҳаройина онон ки ифтиро мекунанд бар Худо дурӯғро растагор намешаванд". Дурўѓгўён аслан заифимонанд.

         Дар ҷойи дигар аз Қуръон омадааст, ки дурӯғгӯён аслан имон надоранд. Инсони мӯъмин аслан ба дурӯғгӯӣ одат надорад ва дурӯғ гуфтан ба табиати поки ӯ рост намеояд. Дар китоби Худо мехонем: "Ҷуз ин нест, ки ифтиро мекунанд дурӯғро онон ки имон надоранд ба оятҳои Худо ва эшонанд дурӯғгӯён" (сураи «Наҳл», ояти 105). Ҳамчунин аст дурӯғ бастан бар суннати Паёмбар (с). Зиёд ба назар мерасад, ки бархе гурӯҳу фирқаҳо аҳодисе мебофанд, ки саҳеҳу рост нестанд ва дурӯғҳое бофта боис шуда, ки то кунун маншаъи ҷадалу ихтилоф миёни фирқаву гурӯҳҳо ҳастанд. Дар ҳадисе ҳам ба ин мазмун омада, ки ҳар касе бар ман дурӯғе бубандад, нишастгоҳашро дар оташ фароҳам сохтааст. Ва барои ҳамин ҳам бидуни огоҳӣ ва донистани аҳодису ҷузъиёти суннат аз номи Паёмбар (с) чизе гуфтан сазовор нест. Ҳатто барои хандондани мардум дурӯғ гуфтан шоиста нест. Зеро дар сарчашмаҳои мӯътамади исломӣ ворид шудааст, ки "Бо ҷиддият ва бо шӯхӣҳам дурӯғ гуфтан раво нест".

         Интишори дурўѓгўӣ ва рафтани сидқу ростӣ. Дар ин замона аз интишори дурӯғгӯӣ дида, кам шудану коҳиш ёфтани ростгӯӣ бештар боиси таассуф мебошад. Дар ҷомеаи имрӯзӣ ағлабият аз ин қазия шикоят мекунад. Худованд касонеро, ки рост мегӯянд, парҳезгорон мегӯяд. Ва ба яқин парҳезгорон мӯъмин ба Худоянд. Рост гуфтан бар хилофи дурӯғгӯӣ нуру рӯшноӣ, растагорӣ ва боварист. Кизбу каззобӣ хислати бади мунофиқон аст ва ростгӯӣ аз амороти растагории мӯъмин дар дунёву охират аст. Дар ҳадисе омада, ки сидқу ростгӯӣ ба некӯӣ мебарад, некӣ ба биҳишт ва агар касе рост мегӯяд, ӯро наздики Худованд содиқ, ростгӯ менависанд. Модом, ки сидқу ростиро чунин мақом аст, чаро инсон бояд дурӯғ бигӯяд? Мегӯянд, ки умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва ростӣ безавол аст…

Ростиро набувад ҳеч заволе баҷаҳон,

Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад…

          Чаро одамон дурўѓ мегўянд? Суоли матраҳ ин аст, ки чаро одамон дурӯғ мегӯянд. Пажӯҳишгари англис Ҷон Шемел, ки муддате мадид ба пажӯҳиши мавзӯи дурӯғу дурӯғгӯӣ ва усулу сабабҳои он саргарм будааст, менависад, ки "агар дурӯғ гуфтан сифати фарқкунандаи башар аз дигар махлуқот шуда бошад ва онро дар ҳама арсаҳои зиндагӣ ва алоқаҳои ому хоссашон ба кор баранд, ҳамаи далелҳо баёнгари онанд, ки зан аз мард бештар дурӯғро истифода мебарад". Дар Қуръони маҷид мехонем, ки: "Оё дидӣ, ки чӣ мешуд агар дурӯғ шумурду рӯгардон гашт (13). Оё надонист ин рӯгардонанда, ки Худо мебинад (14). Не, не, агар бознахоҳад истод хоҳем кашид ӯро ба пешонӣ (15) Ба он пешонии дурӯғзани хатокор (16)".

         Мағзи сари инсон аз миллиардҳо молекула иборат аст. Он аслан аз чаҳор қисмати асосӣ ташкил ёфтааст. Ҳар як қисмати он нақшҳои муайянеро дар зиндагии инсон адо мекунад. Қисмати пеши мағзи сар, ки дар варои устухони пешонӣҷой дорад, нақши таквини шахсияти фардро иҷро мекунад ва масъули ахлоқу рафтори инсон мебошад. Ҳамчунин ин қисмати мағзи сар дар муайян кардани ташаббускорӣ ва тамйизи корҳо нақш дорад. Донишмандони ҷарроҳӣ пурсида шудаанд, ки агар қабати пеши пешонӣ маҷрӯҳ шавад ё иллат бинад, пайомади он чист? Посухи донишмандони соҳа ин буда, ки дар сурати зарар дидани ин қабати пешонӣ дар фард қобилияти ташаббус ва муайянкунӣ гум мешавад. Пажӯҳишҳои электронии мағзи сар дар нимаи дуюми қарни бист нишон доданд, ғолибан касоне, ки ин қисмати мағзи сарашон лат хӯрдааст, аз нуқсони неруи фикрӣ ранҷ мебаранд ва меъёрҳои ахлоқии онҳо паст мешавад. Табибон ба ин натиҷа расиданд, ки ҳалқаҳои қабати пеши пешонӣ масъули тасарруфоти хато ва маркази таваҷҷӯҳу забт буда, ба ҷузъҳои дигари мағз, мисли маркази афкору эҳсосоту ҳиссиёт таъсир мегузорад. Маҳз ҳамин қисмати мағзи сар "маркази ибтикороти дурӯғ" мебошад, ки олимони соҳа инро ба исбот расондаанд. Ин исботи илмӣ дар нимаи дувуми асри ХХ анҷом гирифтааст. Аммо беш аз 1400 сол пештар ба ин ҳақиқати илмӣ Қуръони карим ишора намуда буд. Дар он замон, ки ҳеч пажӯҳишгоҳи илмие набуд, Қуръон пешонии нобоваронро бо сифати манфии дурӯғзану хатокор ёд кард. Модом, ки ин ҳақиқат бо гузашти 14 қарн ба исбот расидааст, чӣ чиз монеъ мешавад, ки инсоне дар осмонӣ будани китоби муқаддаси Қуръон шакку шубҳа дошта бошад? Дар Қуръон пешонӣ бо сифати "дурӯғзану хатокор" омадааст. Ин ки чаро пешонӣ ингуна сифат дода шудааст, муддатҳо муфассирони китоби муқаддаси мусулмононро баҳайрат меовард.

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.04.2024

أكثر
الفجر04:09
الظهر12:40
العصر17:18
المغرب19:16
العشاء20:47
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر