الصفحة الرئيسية المقالات Садақа ҳафтод балоро дур мекунад

Садақа ҳафтод балоро дур мекунад

Садақа ҳафтод балоро дур мекунад
2020-04-03
231

     Калимаи садақа дар забони форсӣ аз 4 ҳарф иборат аст. Ҳарфи «сод» соҳиби худро аз тамоми мушкилоти дунё ва охират нигоҳ дорад, «дол» бошад соҳибашро ба раҳмати Ҳаҷ таъоло далолат ва роҳнамоӣ кунад, «қоф» соҳиби худро ба раҳмати Худо қариб ва наздик гардонад, «ҳо» соҳиби худро ба корҳои нек ҳидоят ва роҳнамун менамояд. 

          Дар ривояте чунин омадааст, ки шахсе ба худ назр кард, ки субҳ нахустин касеро, ки мебинад, ба ӯ садақа хоҳад дод. Чун субҳ шуд, бо зане рӯ ба рӯ шуду ба ӯ маблағе ато кард. Мардум гуфтанд, ки он зан фоҳиша аст. Баъдан ба марде рӯ ба рӯ шуда ба ӯ садақа дод. Чанд нафар гуфтанд, ки ин мард бадтарин шахс мебошад. Рӯзи сеюм низ он шахси хайрхоҳ бо аввалин касе, ки рӯ ба рӯ омад, садақа дод. Сипас маълум шуд, ки ин шахси садақагирифта бисёр сарватманд будааст. Садақадиҳанда хеле озурдахотир шуд. Пас дар хоб дид, ки Худованди Мутаъол ҳар се садақаашро қабул кардааст. Он зани фоҳиша ба сабаби нодорӣ ба амали зишти танфурӯшӣ даст зада буд. Вақте садақаро гирифт, ин кори бадро тарк намуд. Шахси дуюм дузд буду бо сабаби тангдастӣ дуздӣ мекард. Аз баракати садақаи он марди хайрхоҳ аз дуздӣ тавба намуд. Шахси сеюм сарватманд буду ҳеҷ гоҳ садақа намекард. Ӯ аз садақа додани он марди сахӣ ибрат гирифта эҳсон ва некўкориро пеша намуд. («Фазоили садақот»)

           Аз ин ҳадиси шарифе, ки Товус (р) нақл кардааст, маълум мешавад, ки Худованд амали некӯкоронро зоеъ намегардонад. Вазифаи инсон ин аст, ки нияти худашро холис гардонад. Ҳамчунин аз ин ҳадис бузургии шахси садақадиҳанда низ зоҳир мешавад. Бо вуҷуди кӯшиши худ вақте ки садақааш дар ҷои номуносиб масраф шуд, аз он ноумед нашуда, садақа доданро тарк накард. Балки барои бори дуюму сеюм ҳам кӯшиш кард, ки садақаи худро дар ҷои саҳеҳ масраф намояд. Ба ҷиҳати нияти нек ва ихлоси ӯ ҳар се садақааш қабул шуда, хабари хуши қабулияти онҳо дар хоб барояш зоҳир шуд. Муҳим он аст, ки садақа аз ваҷҳи ҳалол бошад, то соҳибашро ба ваъдаҳои омада дар аҳодис сазовор гардонад, зеро расули Худо (с) фармудаанд: «Худованд пок аст ва танҳо садақаеро, ки аз ваҷҳи ҳалол  ва пок бошад, қабул мекунад».

Дар ҳадисе омадааст, ки «Бо садақа додан беморони худро илоҷ кунед, зеро садақа аз обрӯрезӣ ҷилавгирӣ намуда, некиҳову умрро зиёд мекунад». Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре омадааст, ки садақа кардан ҳафтод балоро дур мекунад. Камтарин дараҷаи бало бемории ҷузом ва барас (песию махав) мебошад. Расули Худо (саллаллоху алайхи ва саллам) фармудаанд: «Ғамҳои худро бо садақа дафъ кунед, ки бо додани садақа Худованди Мутаъол зарарҳои шуморо дур карда, дар муқобили душманон шуморо нусрат медиҳад».

«Вақте як мусулмон мусулмонеро либосе диҳад, то замоне ки як тикка аз он либос бар баданаш бошад, пӯшонанда дар ҳифозати Худованди Мутаъол қарор мегирад» - омадааст дар ҳадиси дигаре. Ибни Абилҷаъд (р) мефармояд: «Садақа дарвозаи ҳафтод бадиро мебандад». Дар ҳадиси дигаре омадааст: «Аввали субҳ садақа намоед, зеро бало аз садақа пеш намеравад».

Ҳамчунин он Ҳазрат (саллаллоху алайҳи ва саалам) иршод фармудаанд: «Садақа ғазаби Худовандро дур мекунад ва аз марги зиллатбор (ба хорӣ мурдан) наҷот медиҳад».

         Садақот фазилати зиёд дорад. Дар Саҳеҳайн омадааст, ки ҳатто нафақае, ки мусулмон бар аҳли худ мекунад ва нияти савоб кунад, Худованд савоби садақа бар ў нависад. Фарди муъмин дар додани садақа кўтоҳӣ накунад, зеро Худованд садақадиҳандагонро дўст медорад ва мефармояд, ки садақаро қабул мекунам, то дар вақти дармондагӣ ва тангдастӣ ба ў баргардонам. Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Аз Ҷабраил (а) дар бораи савоби садақа савол кардам, гуфт: Садақае ҳаст, ки онро даҳ иваз ҳаст, садақае ҳаст, ки онро ҳафтод иваз аст ва садақае ҳаст, ки онро ҳафтсад иваз ҳаст ва садақае ҳаст, ки онро ҳафт ҳазор иваз ва садақае ҳаст, ки аҷру подоши он бешумор ва беҳудуд аст» Он садақае, ки даҳ аҷр дорад, амалест, ки ба дарвеши тандуруст диҳад, аммо он ки ҳафтод аҷр аст, амалест, ки дарвеши ранҷурро даво диҳад. Аммо он садақае, ки ҳафтсад аҷр дорад, амалест, ки ба толибилм диҳад. Аммо он садақае, ки ҳафт ҳазор аҷр дорад, онест, ки ба олим диҳад. Аммо он ки подоши он бешумору беҳисоб аст, он аст, ки фавтидагони худ аз қабили падару модар, фарзанд ва ақрабои худро пеши рў оварда, ба нияти эшон садақа кунад.

      Набояд фаромўш кард, ки садақа кардан фақат таъом додан нест, балки сохтани роҳ, пул, обёрӣ кардани заминҳои беоб, кашидани симҳои барқ барои деҳа, харидани либос барои ниёзмандон, сохтани хонаи истиқоматӣ барои маъюбону ятимон, беморхона, сартарошхона, масҷид ва ғайра аз ҷумлаи садақаҳо мебошанд. 

Хомушов Ҷамолиддин

وقت الصلاة في طاجيكستان

05.06.2020

أكثر
الفجر03:22
الظهر12:40
العصر17:44
المغرب19:55
العشاء21:25
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

أكثر