الصفحة الرئيسية المقالات Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...
2020-08-21
2175

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Оре, ҳақ бар ҷониби муаллифи ин мисраҳост, саодатмандии мардум ва ободию пешравии ҳар  як мамлакат аз муносибати мутақобилаи кишварҳои ҳамсоя вобастагии калон дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳамсояги қарор доранд, вале имрӯзҳо ба назар мерасад, ки аз ҷониби бародарони ба мо дӯсту ҳамсоя амалҳои нанговари рух дода истодааст, ки сабаби  ба ҳалокат расидани шаҳрвандони Тоҷикистон гашта истодааст. Ҳукумати Ҷумҳурӣ тамоми қувваи худро сарф карда истодааст, то ин муноқиша домани худро паҳн накунад ва сулҳу дӯстиву бародарии ду миллат боқӣ бимонад. Дар тӯли таърихи дунё миллати тоҷик ҳамеша миллатм сулҳҷӯ, бофарҳанг ва дустдорандаи бародариву дӯстӣ буд ва ҳамеша боқӣ мемонад. Чунончи шоири бузурги тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ сурудааст.

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Чунончи бузургон гуфтаанд: 

Дӯстиву бародарӣ аст, ки инсонҳо дар ҳаёт хотирҷамъ, дилгарм, хонаободанд. Дӯстонанд, ки  беморон дардро, ғамдорон ғамро, ва хушбахтон дилхуширо бо ҳам дида, аз дардҳову хушбахтиҳои ҳамдигар огоҳ мегарданд.

Аз назари ислом яке аз сабабҳое, ки   имон ба он ислоҳ мешавад таҳаққуқи комилу ухуввату бародарист, ки аз барномаҳои асили имон аст.  Худованд муъмунонро бар асоси имонашон бародарони ҳамдигар муаррифӣ кардааст. Худованд мефармояд, муъминон бародари якдигар ҳастанд. Ин бародариву ухват хеле маъно дорад  агар инсон воқеан бародари имониашро бародари худаш бидонад ҳеҷ гоҳ теша бар решаи бародари худаш намезанад. Маънои  воқеии калимаи бародарро дарк карда битавонем, нафақат бо шиор ё бо як эҳсос бигӯем, ки фалон бародарони мо ҳастанд.  Лек дар баробари  иддаои худ  мунтаҳо дар амал хилофи он рафтор бикунем,   мутаасифона имрузҳо мебинем, ки дар байни ду миллатӣ ҳамсарҳади тоҷику-қирғиз,  ки мусалмон ҳастанд ба ғайри он бобову бибиён ва бузургоне, ки пеш аз ин гузаштаанд бо сулҳу суботу якдигарфаҳмиву бародарӣ зиндагӣ мекарданд, имрӯз аз байн рафта истодааст, ки як бонги хатар барои ду миллат аст. Дар ҳоле, ки дар як дин ва як мазҳаб мебошанд. Дини  Ислом  дини хайрхоҳӣ, дини сулҳ Ваҳдат, дини насиҳат мебошад. Расули Худо мефармоян муъмини комил нест ҳар яке аз шумо то замоне, ки он чизеро, ки дар нафси худаш дуст медорад барои бародараш дуст бидорад.

Умедвор  ҳастем мардуми  ба мо дӯсту ҳамҷавору бародар инро дарк мекунанд.

Нозимҷон Тошпулотов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Қорӣ Абдулмаҷиди ҷ/д Заргар деҳаи М.Турсунзодаи ноҳияи Кӯшониён 

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.04.2024

أكثر
الفجر03:59
الظهر12:40
العصر17:22
المغرب19:21
العشاء20:52
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر