الصفحة الرئيسية المقالات ИСЛОМ СИЛАИ РАҲМ ВА ОИНИ МУҲАББАТ АСТ

ИСЛОМ СИЛАИ РАҲМ ВА ОИНИ МУҲАББАТ АСТ

ИСЛОМ СИЛАИ РАҲМ ВА ОИНИ МУҲАББАТ АСТ
2020-10-06
1777

Дилхоҳ кирдор ва ё фаъолияти террористӣ, новобаста аз он ки аз ҷониби кӣ содир шудааст, зарбаву таъсири аслӣ ва манфури худро пеш аз ҳама, ба олами башарият ва амну осоиштагии он мерасонад. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус миллатҳои соҳибтамаддун, ҳеч кадом аз аъмоли террористӣ, новобаста аз омилу аҳдофашон, ба таври қотеъ наметавонад қобили пазириш бошад. Террор ҳеч гоҳ наметавонад ба ҳайси яке аз навъҳои ҷангҳои озодихоҳӣ эътироф гардад, зеро натиҷаи ҳалокатбори он аксар мардуми бегуноҳ қарор мегиранд. Ин навъи фаъолияти ғайриинсонӣ, ки дар чанд қарни охир бар саҳафоти таърихи инсонӣ нақши манфӣ гузошт, пеш аз ҳама, ба худи андаркоронаш зиёнбор омад, бо вуҷуди он ки афроди бегуноҳ низ аз ҳаёт маҳрум гардиданд. Аз ин нуқтаи назар, амалҳои террористие, ки дар Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷониби ҳафт нафар узви толибон дар яке аз макотиби таҳсилоти миёна, дар Ҷумҳурии Ироқу Сурия, Афғонистону Сомалӣ ва амсоли ин кишварҳо  рух дод ва қариб ки ҳар рӯз инсоният шоҳиди содиршавии онҳост, як кирдори манфур ва ғайриинсонӣ маҳсуб шуда, боиси қатли зиёда аз 121 тифли маъсум, 7 корманду омӯзгор ва зиёда аз 100 маҷрӯҳ, анқариб 100-150 духтарону занон ва садҳо мардуми бегуноҳ гардид. Ба чунин кирдори номатлубу зишт танҳо афроди бедиёнату ноасл ва бадгуҳару нопокзодае, ки дар вуҷуди нопокашон заррае раҳму шафқат нест, даст зада метавонанду бас.

Агар кас ба таърихи дини мубини Ислом ва корномаҳои Паёмбари акраму ёрони ӯ назар афканад, мунсифона эътироф мекунад, ки пайравони воқеии ин дини илоҳӣ саропо силаи раҳм буда, ба ҳеч махлуқе дар асоси фармудаҳои Худованди раҳмон расонидани зарару зиёнро раво намедоштанд ва имрӯз низ ин шиъор барои мусалмони воқеӣ яке аз муҳимтарин дастуруламали зиндагӣ қарор дорад. Чунончи Худованди меҳрубон дар каломи муқаддасаш Қуръони карим дар ин маврид фармудааст:

  1. “Худо заррае  ҳам (ба касе) зулм намекунад. Агар некие бошад, онро ду баробар мекунад ва аз ҷониби худ (ба шахси некӯкор) музде бузург медиҳад” (Сураи “Нисо”, ояти 40).
  2. “Ва ҳар кӣ мӯъминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гираду лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!”.
  3. “(Мо) Рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас ситам намешавад. Агар амале ба сангинии як хардал ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем (ва сазову ҷазои онро медиҳем), ки мо ҳисоб карданро басандаем!” (Сураи “Анбиё”, ояти 47).
  4. “Бигӯ: (эй Расул)«Парвардгори ман, зишткориҳоро чӣ ошкор бошанд ва чӣ пинҳон ва низ гуноҳону афзунӣ ҷустан ба ноҳақро ҳаром кардааст ва низ ҳаром аст, чизеро шарики Худо созед, ки ҳеҷ далеле бар вуҷуди он нозил нашудааст ё дар бораи Худо чизҳое бигӯед, ки намедонед”.
  5. «Аммо онон, ки имон оварданд ва корҳои нек карданд, Худо муздашонро ба тамомӣ хоҳад дод. Худо ситамкоронро дӯст надорад!” (Сураи “Оли Имрон”, ояти 57).
  6. “Мо барои ситамкорон оташеро, ки лаҳиби (шӯълаи) он ҳамаро дар бар мегирад, омода кардаем ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд, аз обе чун миси гудохта, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, бихӯронандашон, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳе бад!”
  7. Рӯзе, ки золим дастони худро ба дандон газад ва гӯяд: «Эй кош, роҳеро, ки Расул дар пеш гирифта буд, дар пеш гирифта будам. Вой бар ман, кош фалонро дӯст намегирифтам бо он ки Қуръон барои ман нозил шуда буд, маро аз пайравиаш бозмедошт...” (Сураи “Фурқон”, оёти 27-29).

      Ин оятҳои Қуръон ва садҳо оёти дигар гувоҳи онанд, ки Худованд зулму ситамро дӯст намедорад ва мусулмони воқеӣ аз қатли ба ғайри ҳақ ва террор мутанаффир аст, террорист мусалмон ва мусалмон ҳеч гоҳ террорист буда наметавонад, балки мӯъмини асил ҳамонест, ки ҳама вақт ва ҳамзамон рамзи сулҳу салоҳ ва муҳаббату бародарӣ бошад.

       Аллома Муҳаммад Иқбол, ки аз зумраи бузургон ва машҳуртарин суханварони форсизабону мутафаккирони исломии нимаи аввали қарни ХХ маҳсуб шуда, бо осори  ғановатманду пурмазмун ва саршори ғояҳои олии инсондӯстии худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ машҳур аст, чи хуб фармуда:

Фитрати муслим саропо шафқат аст,

Дар ҷаҳон дасту забонаш раҳмат аст.

Он ки маҳтоб аз сарангушташ дуним,

Раҳмати Ӯ ому ахлоқаш азим.

Аз мақоми ӯ агар дур истӣ,

Аз миёни маъшари мо нестӣ...

Тинати поки мусалмон гавҳар аст,

Обу тобаш аз ями Пайғамбар аст...

Войи қавме, куштаи тадбири ғайр,

Кори ӯ тахриби худ, таъмири ғайр.

Мешавад дар илму фан соҳибназар,

Аз вуҷуди худ нагардад бохабар.  (Куллиёт, саҳ.140, 141, 600).  

Аз ду санади бузург ва эътирофшудаи фарҳанги исломӣ – Қуръони карим, аҳодиси саҳеҳи Паёмбар (с.) ва мероси арзишманди орифону шоирон ва мутафаккирону ҳакимони тоҷику форс чунин бармеояд, ки ин оини муқаддас ба ҳаёти инсон назару эътибори хос дошта, онро дахолатнопазир мешуморад. Дар он ҳуқуқ ба зиндагӣ ва дахолатнопазирии шахсият як арзиши оливу муқаддас эътироф гардидааст.

Афроди нохудогоҳу шарир мубталои нафси аммора ва ҳавову ҳавасанд ва бад-ин васила, бозичаи дасти дигарон мешаванд. Дар ин бора низ Аллома Иқбол мегӯяд:

Нафси ту мисли шутур худпарвар аст, 

Худпарасту худсавору худсар аст. 

Мард шав, овар зимоми ӯ ба каф, 

То шавӣ гавҳар, агар бошӣ хазаф. 

Ҳар кӣ бар худ нест фармонаш равон, 

Мешавад фармонпазир аз дигароп. 

Тарҳи таъмири ту аз гил рехтанд, 

Бо муҳаббат хавфро омехтанд. 

Хавфи дунё, хавфи уқбо, хавфи ҷон, 

Хавфи оломи замину осмон. 

Ҳубби молу давлату ҳубби ватан, 

Ҳубби хешу ақрабову ҳубби зан.

Имтизоҷи мову тин танпарвар аст, 

Куштаи фаҳшо ҳалоки мункар аст (Куллиёт, саҳ. 56). 

Пас аз амали террористие, ки 11-уми сентябри соли 2011 дар ИМА рӯй дод, мардумони ноогоҳ ва фарсахҳо дур аз маърифати исломӣ бинобар сабаби кирдори номатлуби ҳамон афроди ба ном “мусалмон”-и террористу худкуш, ба муҳокимаи робитаи байни Ислом ва терроризм  пардохтанд, ки гӯё ин гуна амалҳо дар иртибот бо дастуроти исломӣ сурат мегирифта бошад. Албатта, ин ғалати маҳз аст, зеро дар ягон адёну кутуби илоҳие, ки аз даври Одам (а) то ҳазрати Муҳаммад (с.) вуҷуд доранд, тавсия ба аъмоли зиддиинсониву террористӣ дода нашудааст, зеро барои Худованд (ҷ) ҳаёти инсон аз ҳама чиз афзал аст ва аз ин ҷост, ки фарзандони Одамро боикром гуфтааст: “Мо фарзандони Одамро каромат бахшидем ва бар дарёву хушкӣ савор кардем ва аз чизҳои хушу покиза рӯзӣ додаем ва бар бисёре аз махлуқоти худ беҳтариашон додем” (Сураи “Исро”, ояти 70).

Аз ин лиҳоз, Худованд (ҷ) ҳаётро ҳамоҳангсози тамоми махлуқот қарор додааст ва бахусус ҳаёти инсонро, ки он бе робита ва муҳаббату самимияти байниҳамдигарии фарзандони Одам (а.) ба зулумот табдил хоҳад гашт.

Оини муқаддаси Ислом динест барои осудагиву амнияти башар ва ҳар як амале, ки дар аснои ибодат сурат мегирад, қалби инсонро ба шафқату муҳаббат ва силаи раҳм доштан водор месозад. Масалан, чун инсони мӯъмин дар рӯ ба рӯи Маъбудаш қарор мегирад, бо паси сар кардани тамоми чиз, аз Парвардгораш кӯмаку истиъонат мехоҳад ва ин иртиботи байни инсону Холиқи барҳақ қалби ӯро салиму раҳим ва нуронӣ мегардонад. Пас аз фориғ шудан аз ибодат, ҳикмати салом додани инсон ба самти росту чап саломативу амну осоиштагӣ ва саъодат хостан ба дигарон (хам малаку ҳам башар) мебошад. Ин ҳолатеро мемонад, ки инсон аз ҳузури Холиқаш боз ба ҳаёти дунявӣ бозмегардад ва аз файзи илоҳӣ ба инсонҳо башорати саъодату саломатӣ медиҳад.

Саломативу осудагӣ хостан ба дигарон шиори Ислом аст, пас чӣ гуна метавон терроризмро дар баробари ин оини пок гузошт? Вақте аз Расули Худо (с.) пурсиданд, ки кадоме аз амалҳо дар назди Худованд мақбултар аст? Фармуд: “Таъом додан ба дигарон ва салом додан ба касоне, ки хоҳ мешиносӣ ва хоҳ не” (Сунани Абӯдовуд, китоби “Адаб”, ҳадиси 142).

Аз ҷониби афроди муғриз нисбат додани аъмоли террористӣ ба дини муқаддаси Ислом як иштибоҳи ҷиддии таърихист ва далелҳои овардашуда аз Қуръону садҳо оёти дигар ва ҳамчунин аҳодиси гуҳарбори Расули акрам(с.) дар мавриди мазаммати зулму ситам, ташвиқу тарғиби меҳру муҳаббат, силаи раҳм ва ғайра бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки рӯҳи Ислом то ҳанӯз қобили дарку фаҳм нашудааст. Ин Қуръони шариф мо инсонҳоро ба аъмоли шоиста ва некиву накӯкорӣ тавсия ва раҳнамуд месозад. Чунончи: “Ин Қуръон ба дурусттарин динҳо роҳ менамояд ва мӯъминонеро, ки корҳои шоиста ба ҷой меоваранд, хушхабар медиҳад, ки аз музде некӯ баҳраманд хоҳанд шуд. Ва барои касоне, ки ба охират имон надоранд, азобе дардовар муҳайё кардаем” (Сураи “Исроъ”, оёти 9-10).

Агар инсоният чеҳраи воқеии оини поки Исломро аз сарчашмаҳои мӯътамаду воқеии он, таърих ва афроди шинохтаву асили он ҷустуҷӯву дастрас намояд, эҳсос мекунад, ки дар он дуруштиву ситам, таҷовузу ифрот ва дигар аъмоли зиддиинсонӣ вуҷуд надорад. 

Дар баробари омӯзиши Қуръону аҳодиси Паёмбар (с.), мероси арзишманди ахлоқии мутафаккирони мо низ дар шароити кунунӣ баҳри тарбияи насли ҷавон аз манфиат холӣ нест, зеро ҳанӯз ҳашт қарн пеш Мавлоно дар “Маснавии маънавӣ”-и хеш дар робита ба маҳкум намудани чунин бадгуҳарону ситамгорон ва девонагон фармуда буд:

Воситон аз дасти девона силоҳ,

То зи ту розӣ шавад адлу салоҳ.

Чун силоҳаш ҳасту ақлаш на, бибанд

Дасти ӯро в-ар на, орад сад газанд.

Бадгуҳарро илму фан омӯхтан,

Додани теғ аст дасти роҳзан.

Теғ додан дар кафи зангии маст,

Беҳ, ки ояд илм нокасро ба даст.

Илму молу мансабу ҷоҳу қирон,

Фитна омад дар кафи бадгавҳарон.

Пас, ғазо з-ин фарз шуд бар мӯъминон,

То ситонанд аз кафи Маҷнун синон.

Ҷони ӯ Маҷнун, танаш шамшери ӯ,

Воситон шамшерро з-он зиштхӯ.

Он чӣ мансаб мекунад бо ҷохилон,

Аз фазиҳат кай кунад сад Арслон?

Айби ӯ махфист, чун олат биёфт,

Мораш аз сӯрох бар саҳро шитофт.

Ҷумла саҳро мору каждум пур шавад,

Чунки ҷоҳил шоҳи ҳукми мур шавад.

Молу мансаб нокасе, к-орад ба даст,

Толиби расвоии хеш ӯ шудаст...

Ҳукм чун дар дасти гумроҳе фитод,

Ҷоҳ пиндоред дар чоҳе фитод.

Раҳ намедонад, қаловузӣ кунад,

Ҷони зишти ӯ ҷаҳонсӯзӣ кунад.

Саидолимов Комилҷон, номзади илмҳои филологӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.04.2024

أكثر
الفجر04:09
الظهر12:40
العصر17:18
المغرب19:16
العشاء20:47
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر