الصفحة الرئيسية المقالات СИМОИ ҲАЗРАТИ ИСОИ МАСЕҲ (А) ДАР ҚУРЪОН

СИМОИ ҲАЗРАТИ ИСОИ МАСЕҲ (А) ДАР ҚУРЪОН

СИМОИ ҲАЗРАТИ ИСОИ МАСЕҲ (А) ДАР ҚУРЪОН
2020-12-30
1936

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Парвардгори оламиёнро ва дуруду саломи бисёри Худованд бар Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.

Ҳазрати Исо (а) яке аз пайғамбарони мурсал ва соҳиби китоб буда, Худованд ўро «оят», яъне нишона ва ҳуҷҷат қарор додааст. Ин паёмбари илоҳӣ дорои муъҷизоти аҷибе мебошад, ки тавассути онҳо одамони зиёд дар замони худ ба Худо имон овардаанд. Мо ба ҳамаи паёмбарони Худо имон меоварем ва ба муъҷизоти онҳо бовар дорем.

Дар ин навишта мо баъзе аз далелҳои қуръониро ба хонанда пешкаш мекунем, ки дар онҳо банда ва махлуқ будани  Ҳазрати Исо (а) баён гардидааст.

Худованд мефармояд: «Масеҳ Исо писари Марям фақат фиристодаи Худо ва калима (ва махлуқ)-и Ўст, ки ӯро ба Марям илқо намуд ва рӯҳи (шоиста) аз тарафи ӯ буд...» (Сураи «Нисо», ояти 171).

Равиши офариниш ва хилқати ҳазрати Исо (а) тавассути неруи қудратманди илоҳӣ ба унвони як муъҷизаи Худованд матраҳ аст ва ҳамин масъала, қудрат ва манзалати он ҳазратро дар пешгоҳи илоҳӣ ба хубӣ бозгӯ мекунад. Дар ҷои дигар дар бораи шахсияти илоҳии ҳазрати Исо (а) матлаберо бозгӯ мекунад, ки нишон медиҳад, он ҳазрат қабл аз ба дунё омадан мавриди таваҷҷуҳу инояти хоссаи илоҳӣ ва мавриди таъйиди Худованд ва дорои мақоми рафеъ  будааст. Як маврид замоне аст, ки фариштаи илоҳӣ бар модари ҳазрати Исо (а) нозил мешавад ва ҳазрати Марям (а)-ро башорат дода, мефармояд: «(Ба ёд оваред) ҳангомеро ки фариштагон гуфтанд: эй Марям Худованд туро ба калимае (вуҷуди боазамате) аз тарафи худаш башорат медиҳад, ки номаш Масеҳ Исо писари Марям аст, дар ҳоле ки дар ин ҷаҳон ва ҷаҳони дигар соҳиби шахсият хоҳад буд ва аз муқаррабон (-и илоҳӣ) аст». (Сураи «Оли Имрон», ояти 45)

Боре Марями пок, ки саргарми тоату ибодати Парвардигораш буд, Ҷабраил (а) бо фармони Худо ба наздаш омад ва ӯро ба фарзанде, яъне Масеҳ мужда дод. Худованди мутаъол дар ин маврид мефармояд:

«Марям гуфт: «Аз ту ба Худои Раҳмон паноҳ мебарам, агар парҳезгор бошӣ». Гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори  ту  ҳастам,  то  туро писаре покиза бибахшам».  Гуфт: «Аз куҷо маро фарзанде бошад, ҳол он ки ҳеҷ инсоне ба ман даст назадааст ва ман бадкора ҳам набудаам». Гуфт: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст: «Ин барои Ман осон  аст. Мо  он  писарро барои мардум  оятеву бахшоише кунем ва ин корест ҳатмӣ ва поёнёфта». (Сураи «Марям», ояти 18-21)

Дар Қуръони карим муъҷизоте ба ҳазрати Исо (а) нисбат дода шудааст, аммо масъалаи муҳим, дар арзаи ин муъҷизот, ба изни илоҳӣ будани онҳост ва зикри ин нукта аз ин ҷиҳат муҳим аст, ки касе тасаввур накунад ҳазрати Исо (а) мустақиллан ин гуна корҳоро анҷом медода, балки дар паси ин муъҷизот, иҷозат ва хости Худованд будааст.

Қуръони карим дар ин бора мефармояд: «(Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Худованд ба Исо писари Марям гуфт: Ёд кун неъматеро, ки ба ту ва модарат бахшидам. Замоне ки туро бо Рӯҳулқудус тақвият кардам, ки дар гаҳвора ва ба ҳангоми бузургӣ бо мардум сухан мегуфтӣ ва ҳангоме, ки китоб ва ҳикмат ва Таврот ва Инҷилро ба ту омӯхтам ва ҳангоме ки ба фармони ман аз гил чизе ба сурати паранда месохтӣ ва дар он медамидӣ ва ба фармони ман парандае мешуд ва кури модарзод ва мубтало ба бемории песиро ба фармони ман шифо медодӣ ва мурдагонро (низ) ба фармони ман зинда мекардӣ ва ҳангоме ки Бани Исроилро аз осеб расондан ба ту боз доштам дар он мавқеъ, ки далоили равшан барои онҳо овардӣ, вале ҷамъе аз кофирони онҳо гуфтанд: Инҳо ҷуз сеҳри ошкор нест». (Сураи «Моида», ояти 110)

Худованди Мутаол дар ин ояти муборака неъматҳои худро, ба Ҳазрат ёдоварӣ мекунад ва мутазаккир мешавад, ки бояд ин неъматҳои илоҳӣро ҳамеша ба ёд дошта бошӣ.

Муъҷизоти ҳазрати Масеҳ (а)

Метавон ин неъматҳоро ин гуна баён дошт:

  1. Таъйид ба василаи Рӯҳулқудус.
  2. Таълими китоб, ҳикмат, Тавроту Инҷил.
  3. Сохтани паранда аз хок ва дамидан дар он ва зинда шудани он ба изни Худованд.
  4. Шифои кури модарзод ва шифои марази песии афрод, ба изни Худо.
  5. Зинда кардани мурдагон ба изни Худованд.
  6. Боздоштани Банӣ Исроил аз озори ҳазрат.

Вожаи «изн» чаҳор бор дар ин оят такрор шуда ва нуктаи муҳим ин аст, ки ҳазрати Исо (а), тамоми ин муъҷизотро ба изну иҷозат ва қудрати лоязоли Худованди Қодир, анҷом додааст.

Ҳазрати Масеҳ (а) - бандаи Худо

Яке аз вижагиҳои ҳазрати Исо (а) бандаи маҳзи Худои таборак ва таъоло будан аст, ки худи он ҳазрат ба ин мақом ифтихор мекунад. Қуръони карим хотирнишон сохта, ки Исо (а) бандаи Худо ва фиристодаи ӯст ва он чи ба вай нисбат медоданд, худи ӯ иддиояшро накарда ва бо мардум, ҷуз ба рисолати худ, сухан нагуфтааст. Қуръони карим ба ҳамин матлаб ишора дорад: «Ман ҷуз он чи маро ба он фармон додӣ, чизе ба онҳо нагуфтам, (ба онҳо гуфтам) Худовандеро бипарастед, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост ва то замоне ки дар миёни онҳо будам, муроқиб ва гувоҳ барояшон будам, вале ҳангоме ки маро аз миёнашон баргирифтӣ, Ту худ муроқиби онҳо буда ва ту бар ҳар чизе гувоҳӣ». (Сураи «Моида», ояти 117)

Ин оят ба хубӣ нишон медиҳад, ки ҳазрати Масеҳ дар иблоғи рисолати илоҳӣ, он чи ки амри Худо бударо ба уммати худ расонда ва он парастиши Худованди ягона будааст.

Ҳазрати Масеҳ дар робита бо банда будани худ ҳечгуна ибое надошта, ва ба хотири ҳамин вижагӣ ба мақоми қурби илоҳӣ расидааст.

«Ҳаргиз Масеҳ аз ин ибо надошт, ки бандаи Худо бошад ва на фариштагони муқарраб ӯ ...» (Сураи «Нисо», ояти 172)

Худованди Мутаол сифотеро барои ҳазрати Масеҳ (а) баён мекунад, ки ҳар кадом аз онҳо дорои ҳикмат аст.

Зикри ин сифот роҳро барои дурўғгуёну ғулувкунандагон ва туҳматзанон бастааст. Афроде аз Банӣ Исроил бар асари ҷаҳл, ба Марями Азро (а) туҳмати нопокӣ заданд ва афроди дигар ҳазратро фарзанди Худо донистанд ва дар маҷмуъ, суханони нораво ба Ҳазрат ва модари покизааш нисбат доданд. Оёти муборакаи сураи «Марям» ин суханони нораворо посух медиҳад: «(Ногаҳон Исо забон ба сухан кушуд) гуфт: Ман бандаи Худоям Ў китоб (-и осмонӣ) ба ман дод. Ва маро паёмбар қарор дод ва маро ҳарҷо, ки бошам вуҷуди пурбаракат қарор дод ва то замоне, ки зиндаам маро ба намоз ва закот тавсия кард ва маро нисбат ба модарам неку қарор дод ва ҷаббору шақӣ қарор надод ва саломи (Худо) бар ман дар он рӯз, ки мутаваллид шудам, ва дар он рӯз, ки мемирам ва он руз, ки зинда барангехта хоҳам шуд. Ин аст Исо писари Марям гуфтори ҳақ, ки дар он тардид мекунданд.» (Сураи «Марям», ояти 30-34)

Асли такаллум дар гаҳвора ва ин гуфтор, ки фармуд: «Иннӣ абдуллоҳ» боиси рафъи ин туҳмат ва рафъи ин ғулув шуд, зеро фарзанди нопок, тавони сухан гуфтан надорад. Илова бар ин, иборати «Абдуллоҳ» худ гувоҳ бар ин муддаӣ аст, ки ҳазрати Исо (а) фарзанди Худо нест, балки бандае аз бандагони Худованд аст.

Тибқи ояти 31-уми сураи «Марям» «Ва маро – ҳар ҷо, ки бошам – бобаракат сохтааст ва маро – модом ки зинда бошам – ба намозу закот ҳукм фармудааст». Дар ин оят Худованд вуҷуди ҳазратро муборак ва бобаракат қарор додааст ба тавре ки ҳам баракатҳои зоҳирӣ ва ҳам баракатҳои ботинӣ дорад. Ин баракат дар зинда кардани мурдагон ба изни илоҳӣ ва соири муъҷизоти Ҳазрати Масеҳ ва низ дар эҳёи маънавии инсонҳо ба василаи илму ҳикмат, намуд меёбад.

Қуръони карим дар ду оят (Оли Имрон: 45, Нисо: 171) ба калима (махлуқ) будани ҳазрати Исо (а) ишора дорад, яке дар ҳангоми башорат ба ҳазрати Марям (а) ва дигаре ҳангоме ки аҳли китобро мухотаб қарор медиҳад:

(Ба ёд оваред) ҳангомеро, ки фариштагон гуфтанд: «Эй Марям! Худованд туро ба калимае (вуҷуди бо азамате) аз тарафи худаш башорат медиҳад, ки номаш Масеҳ, Исо писари Марям аст; дар ҳоле, ки дар ин ҷаҳон ва ҷаҳони дигар соҳиби шахсият хоҳад буд ва аз муқаррабони (илоҳӣ) аст». (Сураи «Оли Имрон», ояти 45)

«Эй аҳли китоб, дар дини худ ғулув (зиёдаравӣ) накунед ва дар бораи Худо ғайр аз ҳақ нагӯед, Масеҳ писари Марям фақат фиристодаи Худо ва калима (ва махлуқи) ӯст, ки ўро бар Марям илқо намуд ва рўҳи (шоиста) аз тарафи ӯ буд» (Сураи «Нисо», ояти 171)

Ин матлабе мухтасар буд дар бораи шахсият ва паёмбарии ҳазрати Исо (а) ва модари сиддиқааш Марям, ки Худои Мутаол дар Қуръони азимушшаън ба бандагонаш муаррифӣ намудааст.

 

Ҳомидов Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати фатво

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر