الصفحة الرئيسية المقالات ЭҲСОНУ НАКЎКОРӢ АЗ СИФАТҲОИ ҲАМИДАИ МУЪМИНОН

ЭҲСОНУ НАКЎКОРӢ АЗ СИФАТҲОИ ҲАМИДАИ МУЪМИНОН

ЭҲСОНУ НАКЎКОРӢ АЗ СИФАТҲОИ ҲАМИДАИ МУЪМИНОН
2021-07-10
1647

Ба номи худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худованди якторо, дуруду салом ва баракоти бепоён ба Паёмбари акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.

Эҳсон ба маънои бахшиш ва атои неъмат ба дигарон аст. Ҳар амале, ки боиси тараққӣ ва боло рафтани мақому шаъни инсон бошаду нафси инсонро тазкия кунад ва ўро ба Парвардигораш наздик намояд, эҳсон аст. Қуръони карим, ки китоби руҳӣ ва ахлоқӣ мебошад, хусусияти некўкоронро шарҳ медиҳад ва гуруҳоеро, ки ба эҳсон кардан таваҷҷуҳи бештар доранд, мушаххас менамояд ва онҳоро намунаи комили инсонӣ дар ҷомеа медонад. Қуръони карим эълом медорад, ки эҳсон ва некўкорӣ бояд ба сурати як воҷиби фитрӣ ва табии инсон дарояд. Чи тавре, ки Худованд неъмати худро ба инсон арзонӣ мебахшад, ба инсони низ лозим аст аз неъмати худододӣ ба дигарон некӣ ва эҳсон намояд.

Дар сураи «Қасас» ояти 77 омадааст:

 «…Ва некўӣ кун – чунон ки Худо бар ту некўӣ кардааст ва дар замин фасод маҷў: ба дурустӣ ки Худо фасодкунандагонро дўст намедорад».

     Дар сураи «Исро» ояти 7 низ омадааст:

     «..Агар некўкорӣ кунед, барои ҷони хеш некўкорӣ карда бошед ва агар бадкорӣ кунед, пас (он бадӣ) ба ҷони шумо аст». Хулоса суду фоидаи некўкорӣ ба шахси некўкор бармегардад.

       Дини мубини Ислом мақому манзилати эҳсонро бисёр бардошта ва онро бо ихлоси Худованд ҳамроҳ сохтааст ва фармуда, ки ихлосу эҳсон беҳтарин зеваре аст, ки бандаи муъмин худро бо он ороста менамояд. Худованд осору натоиҷи ҳосилгашта аз некўкорӣ ва эҳсонро дар ояти 22–уми сураи «Луқмон»  баён мекунад ва мефармояд:

    «Ва ҳар ки рўи худро ба суӣ Худо бигардонад ва вай некўкор бошад, пас, ҳамоно ба дастовезе устувор даст задааст. Ва бозгашти корҳо ба сўи Худо аст». Худованди бузург мардумро ба эҳсону накўкорӣ ташвиқу тарғиб карда, дар ояти 160 сураи «Анъом» мефармояд:

            «Ҳар ки некие оварад, ўро даҳчанд подош аст». Касе ки кори хубу некеро холисан анҷом диҳад, Парвардигор ба ивази ҳамон кори некаш ўро даҳчанд яъне даҳ баробар зиёдтар подош медиҳад, ки ин ҳама аз рўи меҳрубонӣ ва ғамхории Ў нисбати бандагони хайрхоҳу некаш мебошад.

       Ва касоне, ки бештар аз ҳама сазовор ва мустаҳиқи эҳсон ҳастанд, Худованд онҳоро ба мо муаррифӣ намудааст. Аввалини онҳо волидайн яъне падару модар мебошанд, зеро онҳо дорои ҳаққи зиёд ва бузург бар фарзандонашон мебошанд. Ҳатто Қуръони карим танҳо ба эҳсону некўӣ ба падару модар иктифо накарда, балки тарз ва чигунагии рафтору муоширати фарзандон ба волидайнро бо беҳтарин ва волотарин шеваи ахлоқӣ мушаххас карда, дар оятҳои 23-24  сураи «Исро» мефармояд:

            «Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз Ўро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед, ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳардуи онҳо пир шуданд, камтарин иҳонате (аз нороҳатӣ оҳи сар кашидан) бар онҳо макун ва бар онҳо фарёд мазан ва меҳрубононаю санҷида ва бузургворона бо онҳо сухан гўй (23). Аз сари лутфу меҳрубонӣ ба онҳо фурутанӣ кун ва бигўй: Парвардигоро! ҳамон гуна, ки онҳо маро дар хурдӣ тарбият карданд, ту ҳам ба онҳо раҳм кун.(24)»

       Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки муҳаббат ва эҳсону накўӣ кардан ба падару модар нафақат дар даврони пирии онҳо бошад, балки оятҳои ёдшуда бар муҳаббат ва эҳсону накўӣ кардан дар ҳамаи замонҳо ба хусус дар даврони пиронсолагӣ таъкид ва супориш мекунад. Ҳаққи падару модар он қадар зиёд аст, ки дар ояти 151 сураи “Анъом” некӣ ба падару модар дар канори масъалаи муҳими парастиши Худо баён шудааст. Дар ин оят чунин омада аст:

 ... “Чизеро шарики Худо қарор надиҳед ва ба падару модари худ некӣ кунед”.

Дар ояти 14 сураи “Луқмон” низ, Худованд шукри худро дар канори ташаккуру қадрдонӣ аз падару модар оварда, чунин мефармояд :

  “Шукри маро ба ҷой овар ва аз падару модарат сипосгузорӣ кун”.

            Мо ҳамагон медонем, ки яке аз дигар навъҳои эҳсон ва кори  нек анҷом додан, ин дастгирӣ намудани ятимон, бенавоён, фақирон ва бечорагон мебошад, ки онро дини мубини Ислом тарғибу ташвиқ менамоянд ва фоъили онро дар ин дунё ва дар охират аз ҷумлаи растагорон меҳисобанд. Паёмбар (с) дар ин бора гуфтаанд: «Ман ва он касе, ки ятимеро ба кафолат мегирад, фардо рўзи қиёмат ҳамроҳии ман якҷоя мебошад», дар ҳоле ки бо ду ангушташ ишора менамуданд.

    Мусаллам аст, ки ҳама намуд ибодатҳо барои дарёфтани розигии Худованд буда, бо умеди бандагӣ, аҷр ва савоб иҷро мешаванд. Дини мубини Ислом ҳеҷ гоҳ барои инсон амреро фарз ва ё воҷиб намегардонад, ки ў аз уҳдаи иҷрои он набарояд.

Чи тавре ки Худованд дар сураи “Бақара”, ояти 286 мефармояд:

            «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш воҷиб намекунад; он чи амал кард, аз они ў аст ва он чи гуноҳ кард, бар вай аст».

     Пешвои муаззами миллати мо низ ҳамеша ғамхори ятимону бечорагон ва камбизоатону бенавоён  буда, пайваста дар паёмҳои худ ба мардуми эҳсонкор ва саховатпешае, ки пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон дасти кўмак дароз мекунанд, арзи сипос карда, таъкид менамоянд, ки “ин гуна табақаҳои аҳолӣ бояд таҳти ғамхории доимии сохторҳои масъули давлатӣ ва мардуми сарватманду саховатпеша қарор дошта бошанд”. Мо бояд шукронаи чунин роҳбарро намуда, ҳамеша барояш дуъои хайр намоем ва кўшиш намоем, ки ба монанди ў ғамхори ятимон ва нодорону бечорагон ва камбизоатон бошем.

       Парвардигор мулку мамлакати моро аз офатҳо нигаҳбон бошад ва раҳмату баракати худро аз ин сарзамин дареғ мадорад. Худовандо, мардуми ин диёрро зиндагонии орому саодатмандона дар дунё ва сарбаландию наҷоти рўзи қиёматро насибу рўзӣ бигардон! Худоё, беморонро шифо, фақирону камбағалонро ризқу рўзию наво, гирифторону корафтодагонро ҳоҷат раво бигардон! Омин, ё Раббал-оламин.

وقت الصلاة في طاجيكستان

18.04.2024

أكثر
الفجر04:10
الظهر12:40
العصر17:17
المغرب19:15
العشاء20:46
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر