الصفحة الرئيسية المقالات ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ОИЛАВӢ АЗ НИГОҲИ ДИНӢ

ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ОИЛАВӢ АЗ НИГОҲИ ДИНӢ

ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ ОИЛАВӢ АЗ НИГОҲИ ДИНӢ
2021-08-27
1205

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд нахустин инсон, яъне ҳазрати Одам алайҳиссаломро офарид, барои сукуни қалбаш ҳамсари ӯ Ҳавворо низ офарид ва аз он ду занону мардони зиёдеро интишор дод. Чунон ки дар Қуръони азимушшаън мефармояд: “Эй мардум! Битарсед аз Парвардигоратон, Он, ки шуморо аз як тан офарид ва аз ӯ ҳамсарашро офарид ва аз он ду мардони бисёр ва заноне интишор дод”. (Сураи “Нисо”, ояти 1)

Пас ҳар инсони соҳибдил бо фаросат дархоҳад ёфт, ки модоме Худои таъоло аввалин инсонро ба оиладорӣ тарғиб намуд, бояд дар ҳифзи он кӯшид. Инчунин Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар хитоби худ ба ҷавонон фармуданд:“Эй гурӯҳи ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавони издивоҷ дошта бошад, пас издивоҷ намояд” (Сунани Абӯдовуд, боби ташвиқ ба никоҳ, ҳадиси 2046)

Аз нигоҳи дини мубини Ислом, оила на фақат асоси зиндагии иҷтимоӣ, балки воситаи муҳими пок нигоҳ доштани ахлоқу маънавият низ ҳаст. Дар ин хусус ҳадиси Расули Худост, ки аз он ин масъала хеле фаҳмо дарк мешавад:

«Касе, ки қудрати ташкили оила дорад, бигузор хонадор шавад, зеро оиладорӣ чашмро аз чизҳои мамнуъ ва одамро аз гуноҳ эмин нигоҳ медорад ва касе, ки имконияти хонадоршавӣ надорад, бояд рӯза дорад, зеро рӯзадорӣ шаҳватро суст мекунад» (ривояти Бухорӣ).

Аз назари меъёрҳои исломӣ, ҳар як узви оила ҳуқуқ ва вазифаҳои муайян дорад ва оила ҳамон вақт метавонад мустаҳкам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро дуруст иҷро намояд. Бинобар ин, натанҳо вазифаҳои худро хуб донистан, балки онҳоро хуб иҷро намудан лозим аст.

Дар масъалаи бунёди оила ва тарбияи фарзандон низ аз нигоҳи динӣ меъёрҳо ва принсипҳое коркард шудаанд, ки ба талаботи ҷомеаи имрӯза хеле мувофиқ ва мутобиқ мебошанд. Оилае ки тибқи ин принсипҳо зиндагӣ мекунад, оилаи мустаҳкам ва солим мебошад. Чунин оила имконият дорад, ки ба муқобили ҳама гуна мушкилот истодагарӣ намояд. Дар оилае, ки тибқи принсипҳои исломӣ асос ёфтааст, ҳамеша меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигарӣ, хушбахтӣ ва хурсандӣ  ҳукмрон аст. Оилае, ки аъзоёни он дар ҷудоӣ зиндагӣ мекунанд, дар бораи фарзандон ва калонсолон ғамхорӣ зоҳир наменамоянд, натанҳо худро маҳв месозанд, балки тамоми ҷомеаро ба нокомӣ мебарад.

Ҳамин тавр, омили динӣ дар таҳкими оилаҳо хеле муҳим аст ва ба эътибор гирифтани он дар рушди ҷомеаи кунунии Тоҷикистон, ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳамчун як ҷузъи фарҳанги миллӣ танҳо ба нафъи пешрафти кишвар хоҳад буд. Комёбии ҳар кишвар аз комёбии оилаҳо сарчашма мегирад, ҳар инсоне, ки дар тарбияи фарзандону аҳли оила комёб бошад, метавонад кишвари орому обод дошта бошад. Барои он ки оилаи хушбахту мустаҳкам, ки бо риштаҳои меҳру муҳаббат ва тафоҳуми байни якдигарӣ пайвастанд, ташкил карда шавад, ҳар як узви оилаи ояндадорро зарур аст, ки ба таври хеле хуб ҳамаи қонун ва нозукиҳои исломиро аз худ намояд.

Дини мубини Ислом ба ҳар як узви оила вазифаҳои зиёдеро вогузор кардааст. Оила ҳамон вақт метавонад мустаҳкам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро иҷро намояд. Бинобар ин, натанҳо вазифаҳои  худро хуб донистан зарур аст, балки онҳоро хуб иҷро намудан мебояд.

  Оила такягоҳи аслии низоми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ҷамъияти инсонӣ ва исломӣ аст. Оила ҷойгоҳи оромиши тану рўҳи инсонҳо, махсусан зану шавҳар ва фарзандони онҳост. Бинои оила, асоси бунёди ҳалқаҳо ва силсилаҳои ба ҳамдигар васлшавии ҷомеъаи инсонӣ барои башарияти будааст. Дар тўли таърих мақоми оила ба сифати пайванди ногусастании идомаи наслҳо барои ҳамаи дину мазҳабҳо чун падидаи ғайри тағйирёбанда ба шумор мерафтааст. Аз дидгоҳи шариати исломӣ, охирин дини тавҳид ва яккахудоӣ бошад, оила дар таҳқиқу рушд ва инкишофу тараққии ҷомеаи инсонӣ нақши муҳим дошта, ислоҳи оила дар ислоҳи ҷомеа ва фасоди оила дар фасоди ҷомеа муассир ба ҳисоб меравад. Чун оила нахустин ҳалқаи силсилаи ҷомеаи башарист, бунёди ин ҳалқаи муҳими ҷомеаи башарӣ аз назари ҳикмати илоҳӣ, шариъати исломӣ ва мазҳаби роиҷи ҳанафӣ, ки мардуми тоҷик ба он пайрав ҳастанд, мебояд бо назардошти камоли масъулият дар бақодории он сурат гирад.

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.03.2024

أكثر
الفجر04:43
الظهر12:40
العصر16:56
المغرب18:55
العشاء20:25
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر