الصفحة الرئيسية المقالات Ислом раҳмати беканорест...

Ислом раҳмати беканорест...

Ислом раҳмати беканорест...
2023-05-17
437

Ба номи Худованди бахшояндаву мењрубон

Ислом дини раҳмат аст. Паёмбари бузургвор (с) пайравони худро ҳамеша ба муомилаи нек даъват мекарданд ва доир ба фазилати ҳусни хулқ ва хушгуфторию хушрафторӣ мефармуданд: “Аҷру савоби касе, ки хушгуфтор асту ширинсухан, ба аҷру савоби обиди рӯзадори шабзиндадор баробар аст”. Ҳамчунин мефармоянд: ”Сухани ширин ва нек навъе садақа аст”. (Бухорӣ). Ва мефармоянд: “Ба ҳам ҳасад наварзед, аз ҳам рӯгардон нашавед ва ба ҳам кина надошта бошед, бо ҳам ба унвони бандагони Худо ва бародарони динӣ рафтор кунед”. (Муслим)

Мутаассифона, иддае аз афроди ифротгаро аз номи ин дин аъмоли норавое ба мисли қатлу зӯроварӣ анҷом медиҳанд. Аз ин сабаб, душманони Ислом бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин динро барои мардуми олам ҳамчун дини хунхору ҷангҷӯ ва мусалмононро афроди беодобу бадахлоқ муаррифӣ кунанд. Бехабар аз он ки дини Ислом ҳама гуна хислатҳои нописандида ҳамчун дуруштию бадзабонӣ, ҳасаду бадгумонӣ ва аз ҳам рӯгардон шуданро манъ карда ва анҷомдиҳандаи онро сахт гунаҳкор меҳисобад. Паёмбари гиромиқадр (с) мефармоянд: Инсони мӯъмин на таъназананда аст ва на бадгӯ ва на фаҳшгӯянда ва бадзабон”. (Тирмизӣ)

Мақом ва шаъни мӯъмин ин аст, ки аз забонаш нафрину таъна ва дашному бадгӯӣ набояд шунида шавад. Аз ҳазрати Оишаи Сиддиқа (рз) ривоят аст, ки иддае аз яҳуд ба назди он Ҳазрат омада, дар асари палидии нафс ва бадӣ ба ҷои “Ассалому алайкум” гуфтанд: “Ассому алайкум” (дар асл ин каломи бад ва ба маънои марг бар ту бод аст). Ҳазрати Оишаи Сиддиқа (рз) ин суханро фаҳмиданд ва дарк карданд ва дар посух изҳор доштанд: “Бар шумо бод ва ғазаб ва лаънати Худо низ бар шумо бод”. Он Ҳазрат (с) фармуданд: “Эй Оиша! Ин гуна дуруштӣ раво нест! Забон нигаҳ дор ва равиши нармиро пеша кун ва аз дуруштӣ ва каломи бад дурӣ кун”. (Бухорӣ)

Аз назари Ислом зулм кардани мусалмон ба бародари диниаш ва қатъи робита кардан ва рӯ гардонидан аз ӯ ҳаром аст. Ҳалол нест, ки як мусалмон аз мусалмони дигар дурӣ кунад ва бо ӯ қаҳрӣ бошад. Агар ду нафар бо ҳам ихтилоф намуданд, барои фурӯ нишондани асабонияташон иҷоза доранд то се рӯз бо ҳам ҳарф назананд, вале ҳақ надоранд беш аз се рӯз бо ҳам қатъи робита кунанд. Баъд аз се рӯз бар онҳо лозим аст, ки барои эҷоди сулҳу сафо талош кунанд ва ба эҳсосоту кибру худхоҳӣ ва адоват дода нашаванд. Чунончи Паёмбари бузургвор (с) мефармоянд: ”Барои ҳеҷ мусалмоне ҳалол нест, ки беш аз се рӯз аз бародари диниаш дурӣ намояд, агар се рӯз гузашт, бояд назди бародари мусалмонаш биравад ва бар ӯ салом кунад, агар ба ӯ ҷавоб дод, ҳар ду соҳиби аҷру савоб мешаванд, аммо агар саломашро беҷавоб гузошт, танҳо ӯ гунаҳкор аст ва барои саломкунанда гуноҳ нахоҳад буд”. (Абудовуд)

Паёмбари меҳрубон (с) дар ҳаққи ду мусалмоне, ки бо ҳам қаҳрӣ мешаванд, он чунон суханоне гуфтаанд, ки дили ҳар инсонро меларзонад. Аммо имрӯзҳо аҳли олам шоҳид ҳастанд, ки чӣ қадар мусалмонон муқобили ҳам баромада, даст ба қатлу куштор мезананд ва боз даъвои мусалмони комил буданро мекунанд. Аҷабо, чӣ қадар дили сангин доранду аз ислом хеле дур рафта ва чашмонашон ҳақиқатро намебинад, афсӯс ва хеле афсӯс. Паёмбари гиромӣ (с) мефармоянд:

 “Қатъкунандаи риштаи хешу таборӣ дохили биҳишт намешавад”. (Тирмизӣ)

“Хешовандӣ ба Арш овезон шуда ва мегӯяд: Касе, ки маро риоят намояд (ва силаи раҳмро ба ҷо оварад) Худованд ӯро ба лутфи худ мавриди иноят қарор медиҳад ва касе маро қатъ кунад, Худованд бо ӯ қатъи робита менамояд”. (Бухорӣ ва Муслим)

“Рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе дарҳои биҳишт боз мешаванд, Худованди мутаъол аз ҳар бандае, ки барои Худо ҳеҷ чизеро шарик қарор надодааст, гузашт менамояд (гуноҳонашро мағфират мекунад), магар аз марде, ки байни ӯ ва бародараш ихтилофе бошад. Худованд мефармояд: Инҳоро нигаҳ доред то бо ҳам оштӣ кунанд, инҳоро нигаҳ доред то бо ҳам оштӣ кунанд, инҳоро нигаҳ доред то бо ҳам оштӣ кунанд”. (Муслим)

Касе, ки соҳиби ҳақ бошад, кофӣ аст, ки бародараш пеши ӯ биёяд ва аз ӯ маъзарат бихоҳад, ӯ низ бояд узрашро бипазирад, то ба ихтилоф поён дода шавад. Бар ӯ ҳаром аст, ки маъзарати дӯсташро қабул накунад ва онро рад намояд. Паёмбари гиромиқадр (с) чунин шахсонро таҳдид мекунанд ва мефармоянд: ”Чунин ашхос дар рӯзи қиёмат бар сари ҳавзи Кавсар бо ман ҷамъ намешаванд”. (Табаронӣ)

Ин суханони тобноки Паёмбари гиромӣ (с) бояд  ҳушдор ва панде барои касоне бошад, ки даъвои мусалмонӣ доранд ва боз ба ин гуна аъмоли хилофи шаръ даст мезананд. Пас касе, ки барои ислоҳи худ кӯшиш мекунад, Худованди меҳрубон низ раҳмату нусраташро шомили ҳоли ӯ хоҳад кард.

Ҳидоятов Н.

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2024

أكثر
الفجر03:57
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:53
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر