الصفحة الرئيسية المقالات ТАРКОНИДАНИ МАСҶИД ИН ЭЪЛОНИ ОШКОРОИ ҶАНГ БО ХУДО ВА ПАЙҒАМБАР АСТ

ТАРКОНИДАНИ МАСҶИД ИН ЭЪЛОНИ ОШКОРОИ ҶАНГ БО ХУДО ВА ПАЙҒАМБАР АСТ

ТАРКОНИДАНИ МАСҶИД ИН ЭЪЛОНИ ОШКОРОИ ҶАНГ БО ХУДО ВА ПАЙҒАМБАР АСТ
2017-12-07
2985

Маҳбубтарин нуқтаи рӯи дунё дар назди Худованди меҳрубон ин масҷид ба ҳисоб меравад. Масҷид хонаи Худо аст, он ҷое, ки Аллоҳи бузургро ибодат карда мешавад ва он ҷо банда бо Худованди хеш роз мегӯяд, сар ба саҷда мегузорад ва ба зикру ёди Худо машғул мешавад, пас тарконидани хонаи Худо аз тарафи мусалмон имкон дорад ва ё чунин инсонро мусалмон гуфта мешавад? Паёмбари гиромиқадр (дуруду салом ба руҳи покашон) мефармоянд: Шумо ҳар касеро дидед, ки бо масҷид иртибот дорад ва хидмат ва ҳифозати онро мекунад, пас барои ӯ ба имон гувоҳӣ диҳед, зеро Худованди мутаъол мефармояд:”Касоне, ки бар Аллоҳ ва рӯзи охират имон доранд, масоҷидро обод мекунанд”. (Тирмизӣ, Ибни Моҷа).

Рӯзи ҷумъа ҳангоми баргузории намоз дар масҷиди ҷомеи минтақаи шарқии Мисри Араб аз ҷониби тундгароёни исломӣ таркише ба ҷо оварда шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 300 нафар кушта шуда ва зиёда аз 150 нафар захмӣ гардиданд. Пас дар ҳаққи он нафароне, ки масҷидро метарконанд ва мусалмононро ба қатл мерасонанд шариъат чӣ ҳукм дорад! Худованди қаҳҳору ҷаббор мефармояд:”Ва кист золимтар? (яъне, касе золимтар нест) Аз он касе, ки нагузорад дар масҷидҳои Худо зикри Ӯ таъоло карда шавад (ва касонеро, ки барои адои намоз, зикр ва тиловат ва таълими Қуръон ба масҷидҳо меоянд аз он боз дорад) ва дар вайронсозии бинои масҷидҳо бикӯшад....дар ин дунё барояшон хорӣ аст, яъне: Барои ин гурӯҳ, ки масҷидҳои Худоро вайрон карда ва аз зикри Худои бузург мардумро дур мекунанд, дар дунё аз ҷониби Худованди мутаъол хорӣ ва зиллати сахте аст ва барояшон дар охират азоби  бузург аст дар оташи ҷонгудозӣ ҷаҳаннам”. Сураи Бақара, ояти 114. Масҷид аз муқаддасоти дини мубини Ислом буда, тарконидани он, вайрон ва хароб кардани масҷид, ин ранҷонидани Худову Паёмбар аст ва эълони ошкорои ҷанг аст бо Худову Паёмбараш ва Худованди қањњору ҷаббор зуд интиқомгиранда ва ҳисоббаробаркунанда аст ва чунин нафаронро дар ин дунёву охират азоби сахт ва лаънати Худо ва дарди ҷонгудоз интизор аст, чунончӣ: ”Бегумон касоне, ки Худо ва Паёмбарашро меранҷонанд, Худо ононро дар дунё ва охират лаънат карда ва барояшон азоби хоркунанда омода кардааст”, сураи Аҳзоб, ояти 57.

         Мардуми мусулмони Тоҷикистони азизамон шукрона мекунанд, ки имрӯз бо шарофати истиқлолият шумораи масоҷиди кишвар зиёд ва кишварамон ободу зебо гашта истодааст.

         Аз ин хотир, бо шукргузорї аз тинҷиву оромӣ ва пешрафти кишвари азизамон кӯшиш кунем, ки дар байни мо – мусулмонон ақидаҳои ифротиву иртиҷоӣ ва ихтилофи ақидаҳои аҷнабӣ ворид нашавад.

Нурулло Ҳидоятов,

Имомхатиби масҷиди ҷомеи Тезгузари шаҳри Конибодом

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.04.2024

أكثر
الفجر04:09
الظهر12:40
العصر17:18
المغرب19:16
العشاء20:47
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر