الصفحة الرئيسية المقالات ЗАНГӢ БА ШУСТАН НАГАРДАД САФЕД!!! Ё ОЗОДИИ МУВАҚҚАТИИ ТЕРРОРИСТ КУЗОВ...

ЗАНГӢ БА ШУСТАН НАГАРДАД САФЕД!!! Ё ОЗОДИИ МУВАҚҚАТИИ ТЕРРОРИСТ КУЗОВ...

ЗАНГӢ БА ШУСТАН НАГАРДАД САФЕД!!! Ё ОЗОДИИ МУВАҚҚАТИИ ТЕРРОРИСТ КУЗОВ...
2017-12-07
3213

Шоҳнаими Карим (Кузов Мирзораҳим Каримович), ки бо дархости Интерпол дар шаҳри Афинаи Юнон боздошт шуда буд, зери дойираи манфиатҳои сиёсии мақомоти ҳуқуқии Ғарб муваққатан озод карда шуд. Аслан, инро чашмдор шудан мумкин буд, зеро ин ҳодисаи боздошт ба шабу рӯзе мувофиқ омад, ки яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати Иттиҳоди Шӯравӣ Сайидиброҳими Назар ба Ватан баргашт. Ӯ, ки дар табадуллоти Абдуҳалим Назарзода даст надошт, орому осуда ба назди кӯдаконаш баргашт ва аз такягоҳе чун ӯ маҳрум шуданро журналист Додоҷони Атовулло «оғози шикасти Кабирӣ» номид. Табиист, дар ин ҳол ТЭТ ҲНИТ зӯр мезад то ин шикастро бо амале пӯшонад. Ин ки «раиси дороиҳои ТЭТ ҲНИТ» озод гардид, аммо на он шаш нафари дигаре, ки бо дархости Интерпол боздошт шуда, ба Тоҷикистон оварда шуданд, ҳатто барои кӯдаки мактабхон ҳоҷат ба шарҳ надорад. Яъне, ришваю дороӣ дар Ғарб, минҷумла Юнон ҳам дороӣ ва ришва аст.

«Бозиҳои ғарбӣ» бошад, барои касе пӯшида нест. 
- Ғарбе, ки дар қалби он - Лондон ҳизби террористӣ «Ҳизб – ут - таҳрир» қароргоҳи доимӣ дорад, аммо дар кишварҳое, ки аз ваҳшонияти ин ҳизб доғ бар сина доранд, мушт ба сина аз мубориза бо терроризм мезанад.
Ғарбе, ки аввал Толибонро зойид ва баъде ки ин «фарзанди нохалаф» ҳамдинонашро ба хоку хун кашид, бо баҳонаи ҷазо додан ба ӯ кишвари Афғонистонро ба баҳри хун бадал кард.

Ғарбе, ки барои манфиатҳои худ, тавсеаи ҳудудҳои ҷуғрофии зери нуфузаш, даҳшатноктарин ҳаракати террористӣ – ДОИШ-ро ба миён оварду сокинони осоиштаи ду кишвар, Ироқу Сурияро муҷиби бадбахтиҳои зиёд, марги ваҳшатбор ва дарбадариҳо кард. 
Ғарбе, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ хоини Ватан Виктор Беленкоро қаҳрамон эълон кард. Ин лётчик 6 сентябри соли 1976 самолёти МИГ-25–и Шӯравиро, ки дар ин ҷабҳа навтарин ҳисоб меёфт, дуздида ба шаҳри Хокодати Ҷопон бурда буд. Ва ӯ натанҳо хоин танҳо дар Руссия, балки дар тамоми СССР буд, ки Тоҷикистон узви ин кишвари абарқудрат буд. 
Имрӯз Руссия шарики боэътимоди стратегии мо буд, ҳаст ва мемонаду доирабозию морбозиҳои ғарбӣ дар масъалаи боздошту интиқоли террористон дар ин кишвар боре дида нашудааст.
Аҷаб аст таърих! Гоҳо хойинони миллату давлате дар гӯшаи дигари дунё қаҳрамон номида мешаванд!!! 

Вале, ба касе пӯшида нест, ки озодии Кузов «муваққатӣ» аст, зеро мавсуф ҳанӯз ҳам дар ҷустуҷӯйи Интерпол асту дер ё зуд боз ба даст хоҳад афтид. Ба қавли мақоли тоҷикӣ «Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дастӣ, МАЛАХАК!».

          Дар ҳамин ҳол, солҳои охир симои аслии баъзе ватандӯстон фош мешавад. Аслан ватандӯстон се гурӯҳанд. Якум онҳое, ки дар дохили кишвар хизмати Ватану миллати худро бар ҷой меоваранду дар ивазаш ҳеҷ тамаъе надоранд. Дар ҳамин гурӯҳ иддае низ ҳастанд, ки хизмат ба меҳану миллатро армони ҷонии хеш меҳисобанд ва аз тоҷик будани хеш дар ҳама гӯшаи дунё ифтихор мекунанд. Ба мисли Додоҷони Атовулло, ки мегӯяд: 

"Ман тоҷикам!" Худовандо, ҳазорон сипос ки ба ин ифтихор маро сазовор кардаӣ ва вақте мепурсанд, миллати шумо кадом аст, ман бо сари баланд мегӯям: Ман тоҷикам!!!».

Ватандӯстони дигаре гурӯҳи дуввуманд, ки дар мавқеи хеш мекалаванд: Гоҳҳо аз меҳанпарастӣ ҷор мезананд, гоҳҳо аз Тоҷику тоҷикистонӣ будан ор мекунанд, ба миллати тоҷик, қаҳрамонони миллат вобаста ба маҳаллу вазъият баҳо медиҳанд, манофеи шиками носерами хешро аз ҳама боло мегузоранд. Вале боз гурӯҳи сеюм вуҷуд дорад, ки худро ватандӯст меномаду кору амалашон хиёнату фурӯши Ватану миллат аст. Мисли Кабириҳо, Кузовҳо (агар ин эҳтироме ба забони тоҷикӣ медошт, дар фикри дороиҳои ҲНИТ нашуда, ақаллан насабашро дигар мекард). Ин гунаҳо доди ватанхоҳӣ мезананд, вале дар фурсати лозима ба як тини сиёҳ ҳама муқаддасотро мефурӯшанд ва аз бузургтарин дастоварди миллати хеш ҳаргиз хурсанд намешаванд, балки мекӯшанд, то доғе дар пираҳани поку орӣ аз ҳама касифиҳое, ки худу хоҷагонашон доранд, ёбанд. Тавре дар як масали халқие мегӯянд:

«Шоҳинро пеш аз шикор се шабонарӯз аз гуруснагӣ азият медиҳанд. Нафаре, ки даъвои Ҳукумат дорад, мисли ин шоҳин чашмонаш аз гуруснагӣ медурахшанд».

Муроди ТЭТ ҲНИТ ва «ватандӯстон»-и хиёнаткораш ба хоку хун кашидани кулбаи модару хоҳараш, бадном кардани миллати тоҷику Тоҷикистон, ҳамтақдири сокинони бадбахту ҷафокашидаи Ироқ, Сурия ва Афғонистон гардонидан асту бас! Ҳамон тавре боз ҳам ҳамон Додоҷони рӯзноманигор гуфтааст: 

«Ҳолиё Тоҷикистону тоҷикро мехоҳанд аз сари мо бардоранд. Мо дар ҳар сангаре набошем, ҳукуматием ё оппозитсия, мувофиқем ё мухолиф бояд ин тоҷро бо нархи ҷон, бо тамоми ҳастӣ азиз дорем ва посбонӣ бинамоем. Нагузорем, ки бадхоҳони мо ба сари мо кулоҳ гузоранд». Ин аст рӯҳияи тоҷик, рӯҳияи тоҷикӣ, гарчанде, ки ӯ аз мухолифин аст! Аҳсан тоҷик, аҳсан Додоҷон! Ин аст мавқеи шаҳрвандии як тоҷике, ки бо обу нони Тоҷикистон ба воя расидааст!
Вале имрӯз бо истифода аз номи ислом зери морбозиҳои Ғарб Кузову Кузҳо, Кабирию лагандбардоронаш оё ҷуз ноором кардани кишвар, тамға задан ба тоҷику Тоҷикистон ҳадафи дигаре доранд?
Оё панди Додоҷон ба онҳо мерасад ё фақат мақсад «ҳалол» кардани пули хоҷагон аст? Ҳайфо ки не, чунки тавре Фирдавсии бузургвор мегӯяд:

                          Зи нопокзода мадоред умед, 
                          Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед!

Аҳкоми Раҳим

Манбаъ: “ФЕЙСБУК”

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر