الصفحة الرئيسية المقالات ХИЗМАТГУЗОРОНИ МУСУЛМОНКУШ

ХИЗМАТГУЗОРОНИ МУСУЛМОНКУШ

ХИЗМАТГУЗОРОНИ МУСУЛМОНКУШ
2017-12-09
3208

     Додгоҳи олии Юнон Мирзораҳим Кузовро озод намуд. Ин озодсозиро ҳарчанд аъзоёни ТЭТ ҲНИТ ғолибият донистаанд, вале ин раҳоӣ барои аксар аз аҳли фаросат ва таҳлилгарони арсаи сиёсат чизи нав ва ҷолиб набуд. Аксаран ва махсусан банда ҳам интизор доштам, ки Кузовро озод хоҳанд кард. Чаро? Чунки Юнон ва дар маҷмуъ Аврупо – лонаи асосӣ ва паноҳгоҳи абадии террористони байналмилалӣ ва махсусан пинҳонгоҳи аъзоёни ТЭТ ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон муртакиби ҳазорҳо ҷурми нобахшиданӣ шудаанд мебошад. 

Кишварҳои Аврупо бо раҳо сохтани Кузов бори дигар нишон доданд, ки ҷонибдори суботи сартосарӣ дар ҷаҳон нестанд ва ҳамеша хоҳони онанд, ки дар минтақаҳои гуногуни олам нооромӣ ҳукмрон бошад. Агар барномаҳои пасипардагии Аврупо набошад, бояд Аврупо дарк намояд, ки ТЭТ ҲНИТ, фарзанди хадамоти истихбороти Эрони исломӣ ва пайравони мактаби Алқоидаву Толибон мебошад, ки аз соли 1992 то имрӯз ҳазорҳо размандаву пайравони худро дар таълимгоҳҳои ин гуруҳҳо ба омӯзиш фаро гирифтааст ва дар Тоҷикистон, ки 1400 километр марз бо Афғонистон дорад бесуботию нооромиро ҳукмфармо намудаанд ва ниҳоятан хостори сарнагунсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва қонунии интихобнамудаи миллати шарифи тоҷик буданд. Вале чун Аврупо ҳамеша дар талоши роҳандозии ҳадафҳои геопалитикии худ аст, умуман ба сарнавишти миллати тоҷик ва оромию суботи Тоҷикистон таваҷҷуҳ намекунад. Барои онҳо танҳо дастпарвардаҳои худашон ва аҳдофи пасипардагияшон муҳиманду халос. Вагарна хадамоти иттилоот ва истихборотии Аврупо оё огаҳӣ надоранд, ки ҳатто наҳзатиҳо дар китобу рӯзномаҳои худ аз робитаҳояшон бо Толибон менигоштанд, ки сарвари онҳо Абдуллои Нурӣ, борҳо дар Кобул бо Мулло Умар мулоқотҳои пинҳонӣ доштааст. Озодии Кузов бори дигар собит намуд, ки Аврупо худ сарчашмаи таркишҳову даҳшатафканиҳо мебошад ва ҳадафи он бадномсозии дини мубини ислом асту халос. 


Озодии Кузовро, ки яке аз масъулони бахши молиявӣ ва сармояғундори ТЭТ ҲНИТ мебошад, пайравони ин гурӯҳи миллаткуш авомфиребона ғолибият ва худи Кузовро «муборизи роҳи эътиқод ва боварӣ бар Ислом» гуфтаанд. Вале дар асл Кузов ва кули Наҳзатиҳо на мусулмони воқеӣ, балки мусулмонкушҳои воқеӣ мебошанд, ки барои бадномии ислом уҳдадор шудаанд. Агар мусулмони воқеӣ бошанд, чаро қиблаи дуюми мусулмонон – шаҳри Байтулмуқаддас дар зери хатар асту давлати Яҳуд онро ишғол намуда, пойтахти худ эълон мекунад ва Амрико низ аз соли 1995 қонуни вижа қабул намуда, қиблаи мусулмононро пойтахти давлати Исроил эътироф мекунад, вале як наҳзатӣ ва роҳбарону пешвоёни «мубориз»-и ӯ алайҳи ин иқдомот садо баланд намекунад? Чунки садои шуморо дигарон баланд мекунанд ва шумо фурухташудаед, ки барои чанд евро на танҳо арзишҳои мазҳабию исломӣ, балки арзишҳои умумиинсониро ба боди нестӣ додаед.
Имрӯз пайравони ТЭТ ҲНИТ бояд донанд, ки озод шудани Кузов аз боздоштгоҳ, маънои комилан озод шудани ӯ нест ва дар хотир бояд дошт, ки ӯ дар ду рӯйхати Интерпол сабт шудааст. Фардо ё пас фардо, ҳатман боздошт хоҳад шуд. Дар урфият низ гуфтаанд, ки «давидани гӯсола то каҳдон». Ҷаҳони имрӯз низ танҳо Аврупо нест ва ин террористон ҳатман рӯзҳои наздик боздошт ва ба аъмоли хиёнаткоронаи худ дар пешгоҳи миллат ва мазҳаб ҷавоб хоҳанд гуфт.

Азами Давлатиён

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.04.2024

أكثر
الفجر04:09
الظهر12:40
العصر17:18
المغرب19:16
العشاء20:47
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر