الصفحة الرئيسية المقالات Қатли СОЛЕҲ ва хушнудии КАБИРӢ

Қатли СОЛЕҲ ва хушнудии КАБИРӢ

Қатли СОЛЕҲ ва хушнудии КАБИРӢ
2017-12-13
2902

Президенти собиқи Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, ки аз соли 1994 то соли 2012 бар сарзамини Яман аз тариқи раъйпурсии мардумӣ сарварӣ мекард рӯзи 4 декабри соли равон аз ҷониби гурӯҳи исёнгари хуссиҳои дастпарвардаи эронӣ кушта шуд.

Ин шахсияти тавонманд дар сарзаминҳое, ки мардумони он то даҳаи 90 зери султаву истибдод ва тафаккури қабилавӣ ба сар мебурданд, сарватҳои табии он (нафт ва газ) ҳамеша аз ҷониби англисҳо, амрикоиҳо ва ирониҳову яҳудиён бо арзиши ночиз ва бар ивази маводи ғизоию силоҳу либос ба яғмо бурда мешуданд тавонист тафаккури қабилавии мардумро ба сӯи давлати воҳид, миллати ягона ва кишвари муқтадир моил намояд ва як давлати дорои нуфузи сиёсию иқтисодӣ дар минтақаро бунёд созад.
Ӯ соли 1994 аз ҷониби парлумони Яман ба ҳайси Президенти ин ҷумҳурии арабӣ интихоб гардид. Дар оғоз, 5 соли роҳбарияшро сипарӣ намуд, вале чун муассис ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятӣ – сиёсии «Ҳизби кунгураи мардумӣ»-и Яман буд, дар соли 1999 бори дуюм номзадияшро ин ҳизби умумимиллии Яман ба мақоми президентӣ пешбарӣ намуд ва аз тариқи раъйпурсии сартосарӣ ғолибият ба даст оварда, ҳамчун президенти ин кишвар бар миллати аъроби Яман роҳбарӣ намуд.
Дар давраи фаъолияти худ Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ тавонист дасти хориҷиёнро аз сарватҳои табии Яман кӯтоҳ намояд, гузаргоҳҳои сарҳадии Яманро пурра зери назорати комили давлат қарор бидиҳад, бозори сиёҳ ва қочоқу кантрабандаи нафту газро, ки бештари маврид аз ҷониби ҷаллобон ва қаллоби эронӣ роҳбарӣ мешуд, барҳам бидиҳад.
Дар давраи роҳбарии ӯ маҷмуи маҳсулоти миллии Яман 120 баробар афзоиш ёфт, низоми таҳсил ройгон, низоми тандурусти ройгон, таҳсил дар хориҷа аз суратҳисоби давлатӣ, нафақа баробар ба сабати истеъмолӣ, омӯзгор, табиб, муҳандис, олим аз шахсиятҳои муътабари миллӣ ва мардумӣ ва дар маҷмуъ, як сарзамини қабиланишини арабӣ ба як давлати пешрафтаву таъсиргузори минтақаи Ховари Миёна мубаддал гардид.
Абдуллоҳ Солеҳ дарвозаҳои Яманро ба рӯи қочоқбарон баст. Сиёсатмаобони хориҷӣ ва махсусан ирониҳои мазҳабгароро, ки то роҳбарии ӯ аз қаламрави Яман чун гузаргоҳи пинҳонӣ истифода менамуданд аз хоки Яман берун намуд. Ӯ эълон намуд, ки сарватҳои Яман бояд ба манфиати миллат истифода шаванд ва молики асосии он мардуми Яман аст. Ин раванд ва коргузории Абдулло ба манфиати шииёни иронӣ ва охундҳои сиғазода набуд ва аз ҳар тариқ талош намуданд, ки болои ин кишвар фишору табъиз равона намоянд. Борҳо талош намуданд, ки роҳбари давлати Яманро ба ҷонибдорӣ аз терроризми байналмиллалӣ муттаҳам намоянд, вале дар ин найранги худ муваффақ нашуданд.

 

Соли 2006, баъд аз даври дуюми роҳбарии худ, ки 7 солро дар бар мегирифт «Ҳизби кунгураи миллӣ»-и Яман номзадии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳро барои сеюм давра ба мақоми президентӣ пешбарӣ намуд ва бо овоздиҳии умумимиллӣ ӯ тавонист бори сеюм роҳбари ин кишвари арабӣ шавад. Барои сеюм бор ба мақом расидани Алӣ Абдуллоҳ, зарбае бар нақшаву ҳадафҳои Ирон буд.

 

Ирон ва хадамоти истихборотии ин кишвари мазҳабгаро баъд аз оне, ки дар даҳаи 90-и қарни 20 Алӣ Абдуллоҳ тамоми сиёсатҳои ирониро дар кишвараш маҳдуд намуд ва кули тиҷоратҳои қочоқӣ ва ғайриқонунии охундҳои шиаро барҳам зад, милиардҳо доллар сармояи муфтро аз даст доданд ва чун шағоли маҷруҳ, ҷароҳати худро лесида заминаи ташаннуҷи авзоъ дар ин кишвари сарватмандро тарҳрезӣ намуданд.
Тибқи шумориши аҳолии Яман, як қабилаи шиамазҳаби ин кишвар, ки аз онҳо шиаёни хуссӣ унвон мешавад дар соли 1990 ҳамаги 5 фисади ин кишварро ташкил менамуданд ва истихбороти Эрон барои низоъи сартосарӣ дар Яман ва сарнагунсозии Солеҳ ҳамасола ҳазорҳо шиаи хуссиро дар тамрингоҳҳои вилоятҳои Қум ва Машҳаду Гургон ба таълимоти мазҳабию ҳарбӣ фарогир шуда, дар соли 2012 баъд аз оне, ки Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аз мақоми расмии давлат канор рафт, вале чун қудрати асосӣ дар Яман эътироф ва шинохта мешуд эрон аз тариқи роҳҳои баҳрӣ силоҳу лавозимоти ҷангиро ба хуссиҳо тақсим намуд ва пойтахти ин кишвар шаҳри Санъоро зери тасарруфи худ дароварданд.
Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ чун як фарди миллӣ ҳеҷ гоҳ қабул надошт, ки бегонагон ва махсусан душманони мазҳабию ҷуғрофии кишвари ӯ бар Ватани ӯ тасаллут кунанд ва аз тарафдоронаш тақозо намуд, ки барои барқарории сулҳу суббот ва якпорчагии давлати Яман ба мубориза бархезанд. Танҳо як даъвати Солеҳ кофӣ буд ва хуссиҳои иронгаро ба бархурди шадид гирифтор шуданд ва назорати Санъоро аз даст доданд.
Солеҳ бо ҷонибдоронаш аз соли 2012 то рӯзи марг бар алайҳи ишғолгарони иронӣ мубориза бурд, сиёсатҳои мазҳабӣ ва ғосибии охундҳои ирониро бо бархӯрди шадид посух гуфт ва дар роҳи мубориза барои Ватан ва истиқлолияти кишвараш ба шаҳодат расид. Аммо ин шаҳодатро, ки барои Ватан ва дар хоки Ватани худ сурат гирифтааст, кишвари Ирон ва дастпарвардаҳои иронӣ чун аъзоёни ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидюнуси Истаравшанӣ “марги диктатура” унвон намудаанд. Аммо фаромӯш намудаанд, ки Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ содиқона бар Ватанаш хизмат намуда, шарафи миллат ва мазҳабашро пос доштааст ва дасти хориҷиёнро аз сарзаминаш бурида буд. То даме, ки ӯ Сарвари Яман буд, кишвар ором ва осуда буд, вале бо рафтани ӯ аз мақоми президентӣ Яман боз ба сиёсатгоҳи шииёни иронӣ ва қочоқбарони яҳудию инглис мубаддал гардид.
Наҳзатиҳо бо ин изҳори хурсандии хеш аз марги Абдулло Солеҳ ҳатто оддитарин арзишҳои исломиро поймол намуданд. Зеро дини ислом ва асолати исломӣ хушнудӣ бар марги як нафарро фаромушӣ аз марги хеш мешуморад. Чун наҳзатиҳои тоҷик пайравӣ аз афкори охундҳои иронӣ доранд марги Солеҳро муваффақияти хеш медонанд.

Пас имрӯз бояд ҳар як фарди тоҷик ва хосатан ҷавонони кишвар хуб дар хотир дошта бошанд, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИТ ва Саидюнусҳои дигар чун хуссиҳои Яман дар фикри сарнагунии давлати қонунӣ ва ба оташу хун кашонидани давлати орому осудаи Тоҷикистон мебошанд. Чун наҳзатиҳо низ дастпарварда ва таълимдидаи мактабҳои махсуси Эрон мебошанд.

Салмони Форс

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر