الصفحة الرئيسية المقالات ТАЪСИРИ РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ БА ФАРҲАНГУ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

ТАЪСИРИ РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ БА ФАРҲАНГУ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

ТАЪСИРИ РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ БА ФАРҲАНГУ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ
2018-02-17
2916

Ҳар миллату нажод сарфи назар аз дигаргун будани расму оин,  рафтор, гуфтор барои худ фарҳангҳои боарзише дорад. Масалан мо тоҷикон аз қадимулаём дорои фарҳангу тамаддуни бузург ҳастем. Аммо тавре ки ба мушоҳида мерасад, дар чанд соли охир раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари таъсирҳои мусбати худ инчунин бо махлутсозии фарҳангу тамаддунҳо то ҷое ба вазъи умумии фарҳангию иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ мегузорад. Яъне, ин ҷараён баъзан боис мешавад, ки мо аз асли худ дур гардем.

Мо агар ба назари ақли расо бингарем мебинем, ки баъди садсолаҳо мо соҳиби истиқлолияти миллӣ ва тамаддуни воло шудем. Бинобар ҳамин, мо бояд ин неъматро чун гавҳараки чашм нигоҳ кунем. Наслҳои ояндаи мо бояд ҳаёти осоишта, тинҷ, ором дошта ба сӯи қуллаҳои боло парвоз намоянд. Вале ин тинҷию оромӣ ҳамчун хор ба чашми душманон ва ҳарисони миллати мо мехалад. Онҳо ҳама роҳҳо ва воситаҳоро истифода бурда мехоҳанд, ки миллати мо, халқи мо дастнигари онҳо бошанд ва доим низоъу ҷанҷолу хархаша дар байни мо бошад. Мо бо якдигар даст ба дастбагиребон шавему онҳо моро дар саҳна тамошо кунанд.

Яке аз он омилҳое, ки дар баробари паҳлуҳои мухталифи мусбат аз ҷанбаҳои манфӣ низ холӣ нест, ин васоили шабакаҳои гуногуни интернетӣ мебошад. Мо фикр мекунем, ки гӯё бо шунидани ахбори ҷаҳонӣ ва тамошои телевизион ва тамос бо телефонҳои мобилӣ, интернет хеле маданияти волоеро сазовор шудаем. Агарчи кори мо аз як тараф осону роҳат бошад ҳам, аз ҷиҳати дигар метавонем таҳти таъсири милҳои манфии зер қарор гирем.

1. ТАҲОҶУМИ ФАРҲАНГӢ. Ин васоил метавонанд фарҳанги хосеро дар ҷомеа илқо кунанд. Унсурҳо ва пастиҳои фарҳанги бегона аз ҳамин роҳ вориди фарҳанги миллӣ гардида, ҳамоҳангӣ, ваҳдат ва якпорчагии фарҳанг аз байн биравад ва кам - кам парокандагии фарҳангӣ ба вуҷуд ояд.

Ақоид, арзишҳо ва стандартҳои наве таблиғ мешавад ва ба дунболи он шакли зиндагии моддӣ, яъне фарҳанги моддӣ низ иваз хоҳад шуд. Пас ин васоил метавонад фарҳангеро таҷзия ва хароб карда ва фарҳанги наверо ба вуҷуд оваранд. Амалан дар кишварҳои ҷаҳони савум ин васоил омили муҳими таҳоҷуми фарҳанги моддии Ғарб мебошанд. Ба унвони мисол:

Филмҳои синамоии сохти бузургтарин ширкати синамосозии Амрико Голливуд, ки аз шабакаҳои телевизионии тамоми кишварҳои ҷаҳони савум пахш мегарданд, тавонистаанд фарҳанги бебандуборӣ ва бебандубории фарҳангии ҷомеаи Ғарбро ончунон ҷиддӣ ва густурда дар миёни он мардумон таблиғ ва намоиш диҳанд, ки фаҳшову фасодро яке аз мазоҳири пешрафтагӣ ва саодати инсон мешуморанд. Ин танҳо дастоварди саноати филмсозии як ширкати ғарбӣ аст, ки дар бепоя сохтани арзишҳои фарҳангии миллатҳо ва ҷойгузин намудани стандартҳои зиндагии моддӣ ва лаззатҷӯии ҷинсии бештар ба сабки ғарбӣ чунин таҳаввул ва таъсиреро тавониста ба вуҷуд оварад. Дар фарҳанги зиндагиномаи мо тоҷикон чунин барномае вуҷуд дошт, ки бунёди оила бояд чунон мустаҳкам бошад, ки онро ё марг, ё дар баъзе ҳолатҳо бефарзандӣ метавонад ҷудо созад. Алҳол оилаҳои ҷавони мо аз якҷоя будан, ҷудоии онҳо бештар ба чашм мерасад. Ва дигар омили вайроншавии оилаҳо ин филмҳои бисёрсериалии дигар марказҳои синамоии Ғарбро, ки ба филмҳои марбут ба ҳаёти хонаводагӣ машҳуранд, чи ҳиндӣ бошад, чи туркӣ дар бар мегиранд.

2. ТАҲРИФ ВА ДИГАРГУН НИШОН ДОДАНИ ВОҚЕИЯТ.

Ин васоил ба хубӣ метавонанд воқеиятҳоро дигаргун ҷилва диҳанд ва онҳоро таҳриф намоянд, яъне воқеиятҳоро он тавре, ки дилхоҳи дастаест, ба мардум нишон диҳанд, на он тавре, ки вуҷуд доранд.

3. ҶУРМУ ҶИНОЯТ. Ҷинояткорӣ ва хушунат дар тӯли таърих вуҷуд доштааст, аммо ҳаргиз ба шакли ошкор ва сурати ҷамъие, ки имрӯз дар ҷаҳон дар ҷараён уфтодааст, набуда. Аввалин куштор аз тарафи Қобил, ки бародараш Ҳобил буд, рӯй дод. Ин ҳам бошад, ҳамон бухлу бахилӣ ва ҳасад, ки насибаи шайтон буд, сабаб шуд. Пахши барномаҳои таҳйиҷкунанда ва намоиши саҳнаҳои синамоии ҳаросу даҳшат ва қатлу куштор, ки манзараҳои ҷурму фаҳшо ва ҷиноятҳои фаҷеъи башариро нишон медиҳанд, ин падидаро ба шакли умумӣ дар ихтиёри ҳамагон қарор додааст.

Аз ин барномаҳо ва филмҳо, хусусан дар рӯҳи навҷавонон асароти амиқ ва ногуворе гузошта, авотиф ва эҳсосоти ҳассос ва поки онҳоро чиркин ва олуда месозанд ва сифатҳои олии ҳайвониро дар онҳо бедор менамоянд. Мо шоҳиди он гаштаем, ки наврасон ва ҷавонон баъди тамошои чунин филмҳо даст ба  ғорату куштор задаанд. Онҳо мехоҳанд бо чунин “дастовардҳо” мақсадҳои ғаразноки худро пиёда карда, фарҳанги миллатҳои дигарро расво карда, худи онҳоро муътоди чунин даргириҳо созанд. Онҳо мехоҳанд насле ба вуҷуд оваранд, ки ба ҳеҷ гуна ахлоқи ҳамида ва мактабе пойбанд набошанд ва ягон хурдсол сухани калонсолро гӯш накунад. Чунончи бузурге фармудааст:

Ҳаё гар дарси эмини адабкешӣ наёмӯзад,

Ба ғайр аз ҳарфи бешармӣ нахонад тифли ин мактаб.

Баҳриддин Нуриддинов, имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Эшони Саиднуриддини 

ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳияи Темурмалик

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.04.2024

أكثر
الفجر03:55
الظهر12:40
العصر17:24
المغرب19:23
العشاء20:54
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر