الصفحة الرئيسية المقالات ИСЛОМ ВАТАНДӮСТИРО ТАРҒИБ МЕКУНАД!

ИСЛОМ ВАТАНДӮСТИРО ТАРҒИБ МЕКУНАД!

ИСЛОМ ВАТАНДӮСТИРО ТАРҒИБ МЕКУНАД!
2018-03-07
3142

Дини мубини ислом инсониятро барои дӯст доштану обод гардонидани Ватан, хидмати холисона ба ҷомеа, аз байн бурдани душманию нифоқ ва густариши дӯстиву ҳамгироии одамон даъват мекунад. Худованд дар ояти 2-юми сураи «Моида» формудааст.

«Барои некбахтӣ ва тақвои Худованд ҳамкорӣ кунед ва дар роҳи гуноҳ ва душманӣ ҳамкорӣ накунед».

Дар роҳи некбахтӣ ва корҳои нек ҳамкорӣ кардан маънои барои тинҷиву амонӣ ва сулҳу субот, дастгирии ҳамдигар муттаҳид будани мардумро дорад. Тинҷиву амонӣ аз ҷумлаи бузургтарин неъматҳои Худованд буда, нигоҳ доштани он вазифаи бузург ва аввалиндараҷаи ҳар як инсони оқилу комил мебошад, зеро дини мубини ислом ба халку Ватан садоқат доштанро бисёр қадр мекунад. Ҳар як инсон, хусусан ҷавонон барои дӯст доштани Ватани азиз бояд корҳои неку аъмоли барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар мафҳуми шаҳрванд дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин уҳдадориҳо ва масъулятҳои бузурге дорад. Яке  аз ҳикматхои ибратомӯзи дини ислом чунин наст:  «Дуст доштани ватан аз гушаи имон аст».

 Инсони некбахт нафақат ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош ба харҷ медиҳад ва бо душманони он муборизаи беамон мебарад. ПаёмбариХудо (с) мефармоянд: «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дӯзах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи ҳифзи Ватан миҷа назада хизмат мекунад.

Дар ин сухани Расули Худо (с) хеҷ шакку шубҳае нест, пас ҳар касе барои ҳифзи Ватан ва ободии он камари ҳиммат бастааст, аз оташи дӯзах дар амон хоҳад буд. Ба ҳамин мазмуну маънӣ бузургон гуфтаанд, афодории инсон дар дӯст доштани Ватан, ва хизмат ба мардум зоҳир мешавад.

Пайғамбар (с) дар худбаи Хаччату-л-вадоъ ба тамоми мардум хитоб карда гуфтанд: «Эй мардум, Парвардигори шумо яктост, падари шумо яктост, ҳамаи шумо аз Одам (а) ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст». Дар ин ҳадиси муборак иттиҳоду ҳамбастагии мардум ва аз як сарчашма будани башарият таъкид шудааст. Модом ки чунин аст, пас ягона роҳи пешрафт хидмати содиқона ба Ватан ва сокинони  Ватан ва ҳамчунин дӯстиву мадоро  бо мардумони дигар кишварҳост.

Абдусаттор Кеҷаев,

имоми масҷиди панҷвақтаи н. Исмоили Сомонии ш. Душанбе

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر