الصفحة الرئيسية المقالات ТОҶИКИСТОН-ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ МАРБУТ БА ОБ

ТОҶИКИСТОН-ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ МАРБУТ БА ОБ

ТОҶИКИСТОН-ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ МАРБУТ БА ОБ
2018-03-07
3088

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ба соҳибкорон ва шахсони саховатманд муроҷиат менамоянд, ки садақа кардан ва гирифтани дасти ятимону ниёзмандон кори хайру савоб мебошад. Махсусан, ин амалҳо дар моҳи шарифи Рамазон, иди Қурбон ва ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллӣ яке аз беҳтарин корҳои мусулмонӣ ба шумор меравад.

Аз Абу Саъдӣ хидри ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармудаанд: «Ҳар мусулмоне ба бародари мусулмони худ, ки либоси пӯшиданӣ надорад, либос бипӯшонад, Худованд ӯро аз либосҳои сабзи биҳиштӣ мепӯшонад. Ва ҳар мусулмоне, ки ба бародари мусулмони гуруснаи худ таом бидиҳад, Худованд аз меваҳои биҳишт ба ӯ хоҳад дод. Ва ҳар мусулмоне, ба бародари мусулмони худ об бинӯшонад, Худованд ӯро аз шароби пок ва муҳршудаи биҳишт хоҳад нӯшонид» (ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ).

Тибқи таълимоти шариати исломӣ об додан яке аз беҳтарин навъи садақа маҳсуб мешавад. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ дар масъалаи ҳалли мушкилоти обии сайёра ба таври мушаххас мавқеи худро баён менамоянд ва имрӯз ҷаҳониён дар симои Пешвои миллат Тоҷикистони моро ҳамчун кишвари ташаббускори ҳалли буҳронҳо дар масоили об мешиносанд.

Ҳаёт аз оби нобу ҷовидон сарчашма мегирад,

Ва об аз қуллаи Боми Ҷаҳон сарчашма мегирад.

Ҳаёту об пайванданду андар созмони даҳр,

Зи фазли Пешвои тоҷикон сарчашма мегирад.

Аҳтам Раупов,

имомхатиб масҷиди ба номи Ҳазрати Усмон ибни Аффони

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2024

أكثر
الفجر03:57
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:53
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر