الصفحة الرئيسية المقالات МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН

МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН

МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН
2018-03-13
3083

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар солҳои охир як амали маъмул ва тақозои замон гардидааст. На танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти ҷои кори муваққатӣ ба хориҷи кишвар сафар менамоянд, балки шаҳрвандони аксари давлатҳои дунё, ҷиҳати дарёфти ҷои кори мувофиқ ба давлатҳои дигар сафар менамоянд, то ин ки дар муқобили кори кардаашон музди арзанда ба даст оранд. Муҳоҷирини кории давлатҳои саноатию пешрафта, шаҳрвандони дорои маълумоти олии касбӣ, мутобиқан ба сатҳи маҳорату кордониашон маоши сазовор мегиранд ва дар ҷойҳои кории муносиб фаъолият мекунанд. Дар баробари маоши хуб гирифтан онҳо маҳорати кориашонро сайқал дода, ба ҳайси як корманди соҳибтаҷриба ба ватанашон- ба ҷои истиқомати доимиашон бармегарданд. Эҳтимол дорад, як қисми хурдашон бо дарназардошти маоши хуб доштан, фароҳам будани шароити зиндагии шоиста ва муҳайё будани муҳити созгор, сокини муқимии ҳамон давлат шаванд. Дар байни муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон ин гуна ашхос кам андар кам ба назар мерасанд.

Мусаллам аст, ки аксари мутлақи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, зеро нисбат ба забонҳои дигари хориҷӣ аз забони русӣ каму беш огоҳӣ доранд. Ҳамон давлати ягонаи даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, мардумро барои сафар ба Федератсияи Русия дилгарм намудааст. Асосан шаҳрвандони мо барномаҳои телевизионии Русия ва интернетро бо забони русӣ гӯш мекунанд. Падару модарашон дар даврони иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил карда, забони русиро медонанд ва барои сафар ба Федератсияи Русия ба фарзандонашон монеъ намешаванд. Вале ин сафарҳои муҳоҷирини меҳнатӣ пайомадҳои нохуш низ доранд:

  1. Як зумраи онҳо ба доми фиреби авбошон гирифтор шуда, туъмаи онҳо мешаванд. Онҳоро ба корҳои бад ҳидоят мекунанд, ки оқибаташ пушаймонӣ меорад.
  2. Як зумраи дигарашонро эмисарҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, созмонҳои террористӣ ба доми худашон кашида ба амалҳои ифротию террористӣ ҳидоят менамоянд, ки  оқибат онҳо дар зиндагӣ нокому залил мешаванд.
  3. Як зумраи дигарашон бо мушкилот  ҷои кори муваққатӣ дарёфт намуда, як маблағи муайянро пайдо карда, барои рӯзгузаронии аҳли оилаю волидайнашон ба ҷои зисти доимиашон интиқол медиҳанд.

Тавре, ки коршиносон муайян намудаанд, ба иллати буҳрони иқтисодии байналмилалӣ маблағи интиқоли муҳоҷирини меҳнатӣ ба Тоҷикистон хеле кам шудааст.

Ба хориҷи кишвар сафар намудани муҳоҷирини меҳнатӣ аз чанд ҷиҳат аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ низ дорад:

  1. Маблағи бадастовардаашон ба кишвар ворид мешавад ва барои таъмини зиндагии аҳли оилаи муҳоҷирини меҳнатӣ сабаб мегардад.
  2. Муҳоҷири меҳнатӣ ягон касберо аз худ мекунад ва мутахассиси ин ё он соҳа мешаванд (хиштчин, дуредгар, челонгар ва ғайра).
  3. Забони он кишварро меомӯзад (ҳадди аққал дар сатҳи муошират).
  4. Ҷаҳонбиниаш васеъ мешавад (аз деҳааш баромада оламу одамони гуногунро мебинад).

Вале, дар баробари манфиатҳо зарарҳои иҷтимоии зеринро низ аз эҳтимол дур донистан нашояд:

  1. Ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд.
  2. Бо гурӯҳҳои авбошон ё ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ омезиш ёфта, оқибатуламр вориди зиндон мешаванд.
  3. Онҳо аз одоту тақолид, фарҳанги миллӣ ва забони модарӣ дур мешаванд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло пешниҳод менамоям:

Барои аз таҳаввулоту пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бехабар намондани муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар семоҳа гурӯҳҳои кории расмии Тоҷикистон ба ҷойҳои кории муҳоҷирини меҳнатӣ сафари хизматӣ анҷом дода, бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад кунанд. Ба ҳайатҳои гурӯҳҳои корӣ бояд аз кормандони маҳоратноки Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шавад. Зеро аксари мутлақи муҳоҷирини меҳнатӣ ҷавонон буда, заминаи дониши динию дунявӣ надоранд. Дини мубини ислом ва мазҳаби аҷдодӣ- мазҳаби ҳанафиро онҳо хуб намедонанд. Бинобар ин, онҳоро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил кардан осон аст. Воқеъият ин аст, ки як зумраи онҳо ҳанӯз мазмуни ҷиҳодро дарк накарда, ба ДИИШ шомил гардида, ҷони худро қурбони дасисаи манфиатҳоҳон, карданд. Амал ва фаъолияти ин тоифаи одамон, ки ба ваъдаи шаҳидшавию ҷаннатишавӣ зуд бовар мекунанд, гузаронидани таҳлилҳои амиқро тақозо менамоянд.

Карим Таваров,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Абубакри Сиддиқи ш. Ваҳдат

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.04.2024

أكثر
الفجر03:55
الظهر12:40
العصر17:24
المغرب19:23
العشاء20:54
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر