الصفحة الرئيسية المقالات ЗАНОН САЗОВОРИ ЭҲТИРОМАНД

ЗАНОН САЗОВОРИ ЭҲТИРОМАНД

ЗАНОН САЗОВОРИ ЭҲТИРОМАНД
2018-03-13
3050

Пас аз зуҳури дини мубини ислом ҷойгоҳ, эҳтиром ва ҳуқуқи зан муайян ва муҳтарам гардонида шудааст. Пайғамбари ислом бо қавлу амалашон собит кардаанд, ки бояд уммати эшон дар муносибат бо занон боэҳтиром бошанд. Дар ҳадиси муборак аз Расулуллоҳ чунин ривоят шудааст: «Дар хонае, ки дар он зан вуҷуд надорад, дар он хона хушӣ ва рӯшноӣ ҳам вуҷуд надорад». Дар ривояти дигари Расулуллоҳ (с) чунин омадааст: «Худои таоло занонро ҷинси латиф ва ниҳоят нармдилу ҳассос халқ кардааст ва аз ин ҷиҳат эҳтиром ва риояти вай бар мардон воҷиб аст».

Бо модари хеш меҳрубон бош,

Омодаи хизматаш ба ҷон бош.

Ҳамаи дину ойинҳои олам модарро мадҳу ситоиш кардаанд, вале гумон меравад, ки ҳеҷ яке аз онҳо  ба Зан-Модар чун Пайғамбари ислом баҳои арзишманд надодааст.

Дар ҳадиси саҳеҳ чунин омадааст: «Ал-ҷаннату таҳта ақдоми-л- уммаҳот», яъне «Биҳишт зери қудуми модарон аст».

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Дар ин ҳадиси саҳеҳ зеботарин, арзандатарин ва гуворотарин сано нисбат ба қадру манзалати Модар садо додааст.

Дар ҳадиси дигарашон Пайғамбари Худо (с) чунин овардаанд: «Фотима пораи тан, нури чашмон, меваи дил ва рӯҳи ман аст. Ва ӯ ҳури инсонсифат дар рӯи замин аст». Маънии ҳадиси саҳеҳи мазкур шаҳодат аз он медиҳад, ки зан-Модар арзандатарин олиҳа барои банӣ башар мебошад.  Ҳурсифат васф кардани зан худ изҳори эҳтироми олӣ нисбат ба занон аст.

Калимаи зан дар китоби муқаддаси самовӣ Қуръони азимушшаън 84 маротиба зикр гардидааст, ки ин баёнгари ҷойгоҳи волои зан дар ислом буда метавонад.

Аввалин касе, ки ба муқобили диктатори азим Фиръавн далерона бархост, аввалин касе, ки аз муборактарин оби рӯи дунё – зам-зам нӯшид, аввалин касе, ки ба Муҳаммад (с) имон овард, аввалин касе, ки хунаш барои ислом рехта шуд, аввалин касе, ки молашро барои ислом сарф кард, аввалин касе, ки дар Қуръон Худованд аз болои ҳафт осмон ба ҳарфаш гӯш дод, аввалин касе, ки саъйи Сафо ва Марваро анҷом дод, зан буд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои муаззами миллатамон Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз суханрониашон чунин иброз намудаанд: «Зан оинаи поку беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар халқу миллат ва давлат аст. Модари тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ дар ҳақиқат  азизтарин нигини тоҷи миллати мо мебошад».

Ҳоҳӣ, ки Худой аз ту хушнуд шавад,

Сармояи умри ту ҳама суд шавад.

Дар банди ризои падару модар бош,

То ҷумла гуноҳи буда нобуд шавад.

Пешвои муаззами миллатамон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба бонувони арҷманди миллат баҳои арзанда дода чунин гуфта буданд: «Шумо - бонувони азизу арҷманд, гулҳои зебои ин сарзамини ҳамешабаҳор ҳастед, ки бо зебоию малоҳат, ҳунари волою маърифат ва меҳру шавқати худ рӯзгори моро таровати хоса мебахшед».

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд ва барои ҳифзи ҳуқуқи занон як зумра қонунҳо: аз ҷумла Қонуни ҶТ  «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»,  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд».  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии ҶТ тибқи квотаи Президенти ҶТ», «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҶТ аз ҳисоби занонону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 - 2016», «Дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҶТ барои солҳои 2011-2020»  ва дигар дастуру супоришҳои ғамхоронаю судмандро ба тасвиб расонидааст.

Зимни суханроние Пешвои муаззами миллатамон ҳамчунин иброз намуда буданд:

«Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем».

Мард бошӣ, байрақи болои сар кун номи зан,

Сабт дар боби зафар бо хатти зар кун номи зан.

Номи зан то осмон бардор дар болои каф,

Машъали тобанда чун шамсу қамар кун номи зан.

Лозим ба зикр аст, ки   бо ибтикори Сарвари хирадмандонаи давлат шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола дар кишварамон санаи 8-уми март чун Рӯзи Иди Модар ҷашн гирифта мешавад, ки ин эҳтироми хосса доштани Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар аст.

Эшони Ҷамолиддин Неъматзода,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи Мавлоно Яъқуби Чархии н. Рӯдакӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.03.2024

أكثر
الفجر04:44
الظهر12:40
العصر16:55
المغرب18:54
العشاء20:24
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر