الصفحة الرئيسية المقالات ЗАН ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР ИСЛОМ

ЗАН ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР ИСЛОМ

ЗАН ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР ИСЛОМ
2018-03-15
3135

Дини мубини ислом бо зуҳури худ занро аз ҳама ситаму ҷабр раҳоӣ бахшид ва ба ӯ ҷойгоҳи хосси инсониро таъйин кард ва ӯро њуқуқе дод, ки фитратан ва табиатан сазовори ӯ буд. Ҳуқуқе, ки дар ҷомеа ва тамаддунҳои қабл аз ислом ба хобу хаёли занон намеомад.

   Дар ин ҷо ба зикри намунаҳои чанд аз он иктифо мешавад.

1.       Баробарӣ ва мусовоти комил.

   Дини мубини ислом марду занро дар инсоният баробар қарор дода, меъёри арзиш ва фазилату кароматро дар парҳезгорӣ мунҳасир сохт. Чунон, ки Худованд (а) фармудааст:

    “Эй мардум, ба дурустӣ, ки мо шуморо аз як мард ва як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо ҳамдигар шиносоӣ ҳосил кунед. Ба дурустӣ, ки гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумост. Ба дурустӣ, ки Худованд донову хабардор аст”. (Сураи “Ҳуҷурот”, ояти 13)    

   Дар ояти мазкур умум ба калимаи “нос” мавриди нидо қарор гирифта, эълом шудааст, ки ҳамагӣ аз як падару як модар офарида шудаанд. Зеро вожаи “нос” дар луғат ба маънои мардум омадааст, ки марду занро шомил мешавад. Пас зукурату унусат ва насабу қабила сабаби бартарии баъзе инсонҳо аз баъзеи дигар шуда наметавонад, балки асоси бартарии баъзе инсонҳо аз баъзеи дигар танҳо метавонад, ки тақво ва парҳезгорӣ бошад.

1.       Аҳлияти ибодат ва худопарастӣ.

   Дини мубини ислом имтиёзи аҳлияти ибодат ва худопарастиро аз миёни марду зан решакан намуда, ҳеҷ навъ тафовутеро қоил намешавад. Чунонки Худованд фармудааст:

  “Ҳар ки аз марду зан корҳои шоистае анҷом диҳад ва ӯ мусалмон бошад, пас он касон вориди Биҳишт мешаванд ва ба қадри нақире мавриди ситам қарор намегиранд”. (Сураи “Нисо”, ояти 126)

1.       Аҳлияти моликият ва дахолат дар умури иқтисодӣ.

   Дини мубини ислом барои зан ҳуқуқи молӣ ва иқтисодиро дода, барои ӯ озодии комилро дар моликият ва тасарруф додааст. Аз дидгоҳи ислом зан метавонад, ки ҳар навъ молро аз қабили замин, хона, дӯкон, асбобу олот дар моликияти худ дароварад ва дар онҳо тасарруф намояд. Ҳатто тасарруфоти ӯ ба иҷозаи ҳеҷ кас мавқуф нест. Танҳо шарт ин аст, ки оқилу болиғ бошад. Зан ҳақ дорад, ки тиҷорат кунад, сармоягузорӣ кунад, туҳфа диҳад, садақа кунад, васият намояд ва ғайра. Чунонки Худованд фармудааст:

   “Мардонро баҳра аст аз он чи ҳосил кардаанд ва занонро баҳра аст аз он чи ҳосил кардаанд” (Сураи “Нисо”, ояти 32).

1.       Ҳаққи мерос бурдан аз наздикон.

  Дини мубини ислом барои зан дар мероси хешовандон саҳм муайян кардааст, ки аз он дар тамаддунҳои қабл аз ислом хабаре набуд. Чунонки Худованд фармудааст:

   “Барои занон низ саҳм аз тарикаи падару модар ва хешон аст, чӣ моли андак бошад, ё бисёр, насиби ҳар кас аз онон муайян гардидааст”. (Сураи “Нисо”, ояти 7).

1.       Ҳаққи моликияти маҳрия.

   Дини мубини ислом занро дар маҳрияи худ озодии корбурд ва тасарруфи мустақилона додааст, ки ҳеҷ кас аз шавҳару падар ва хешовандон ӯро музоҳамат карда наметавонанд. Чунонки Худованд (а) фармудааст: 

   “Маҳри занонро бо камоли рағбат бипардозед, пас агар чизе аз маҳри худро аз рӯи ризо ва хушнудӣ ба шумо бахшиданд, пас онро ҳалолу гуворо бихӯред” (Сураи “Нисо”).

1.       Истиқлол дар корҳои шахсӣ ва дахолат дар умури иҷтимоӣ

   Дини мубини ислом барои зан дар умури шахсӣ истиқлоли комил арзонӣ намудааст. Чунончи, вақте духтар ба синни рушд расида, болиғ шавад, вилояти валӣ аз ӯ дур мешавад. Бинобар ин, агар валӣ ӯро бе ҳузураш ба никоҳи касе диҳад, пас аз расидани хабари ӯ ихтиёри комил дорад, ки ин амали валиро рад кунад ё таъйид намояд. Ба ҳеҷ ваҷҳ валӣ наметавонад, ки духтарро ба касе, ки ӯ ризоият надорад, маҷбур созад. Аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ зан ҳам метавонад, ки худ издивоҷ кунад, аммо шарт он аст, ки шахсеро ба ҳамсарӣ интихоб намояд, ки бо ӯ куфв ва ҳамто бошад, вагарна ҷиҳати дафъи зарар аз ӯ валӣ ҳақ дорад, ки дахолат кунад.

    Аз ҷумлаи ҳуррият ва истиқлоли зан ин аст, ки ӯ метавонад, ки гувоҳӣ диҳад, доварӣ намояд, вакил шавад, вакил интихоб кунад, кафил шавад ва кафолати касеро ба уҳда гирад, амон диҳад ва ғайра...

1.       Аҳлияти омӯзиш ва парвариш.

   Дини мубини ислом таълиму тарбияро барои ҳамаи мусалмонон, чи мард ва чи зан лозим ва зарурӣ намудааст. Чунонки Паёмбари Худо (с) фармуданд

   “Илм омӯзед ва онро ба мардум омӯзонед”         

Бинобар ин, Оиша (р) тайи нуҳ соле, ки бо Паёмбари Худо (с) зиндагӣ намуданд, аз ӯ (с) гаронтарин хазинаи илму донишро мерос бурданд. Аксари занони мусалмон ба ӯ муроҷаъа менамуданд ва мушкилоти илмиву динии худро ҳал месохтанд. Ӯ баъд аз реҳлати Паёмбари Худо (с) нақши муҳиммеро дар нашр ва густариши улуми нубувват адо намуд ва муваффақ ҳам гардид.

Ӯ то муддати чиҳилу ҳашт сол пайваста машғули илм омӯзондан буд. Ёрони Паёмбари Худо (с) ва пайравони онҳо теъдоди дусад ҷилд китобро аз таълимоти Оиша (р) имло ва таҳрир намуданд. Теъдоди аҳодисе, ки ӯ аз Паёмбари Худо (с) ривоят кардааст, ба ду ҳазору дусаду даҳ мерасад.

Хулоса ин аст, ки зан аз дидгоҳи дини мубини ислом ҳамчун мард инсоне аст, ки аз ҳама ҳуқуқи аввалияи инсонӣ бархӯрдор аст ва ислом ба ӯ арзиш ва ҳуқуқеро арзонӣ намудааст, ки дар ҳеҷ тамаддун, ҷомеа ва маданиятҳои куҳан ба он ноил нагардидааст ва ҷойгоҳи баландеро барояш таъйин намуд, ки дар ҳеҷ низоми ғайри исломӣ дида намешавад.

Беҳрӯзи Сатторӣ, имомхатиби масчиди чомеи марказии шахри Душанбе 

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.03.2024

أكثر
الفجر04:44
الظهر12:40
العصر16:55
المغرب18:54
العشاء20:24
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر