الصفحة الرئيسية المقالات ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАР ОСОНТАР АСТ

ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАР ОСОНТАР АСТ

ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАР ОСОНТАР АСТ
2018-03-16
2888

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро пешравии илму техника фаро гирифта, рӯзгори инсони ин асрро бе он тасаввур карда намешавад. Аз ҷумла, илми тибби муосир имкони саривақт муайян ва пешгирӣ намудани бемориҳои сироятиро дорад.

        Пӯшида нест, ки вируси норасоии масунияти одам дар асоси алоқаи ҷинсии номашруъ, ки онро зино меноманд, сар мезанад. Ҳамон тавре ки  Худованд дар ояи 32-и сураи Исро мефармояд:

                                          » وَلاَ تَقْرَبُواْ ٱلزّنَىٰ إِنَّهُ كَانَ فَاحِشَةً وَسَاء سَبِيلاً«

        Яъне: «Ва ба зино наздик машавед, ба дурустӣ ки вай беҳаёӣ ва бад роҳест!»

        Мутассифона, дар Тоҷикистон дар зарфи қариб 20 сол мубталоёни ин беморӣ ба маротиб рӯ ба афзоиш ёфтааст, ки оқибати номатлуб дар сиҳҳатии генофонди миллат дорад.

        Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ баъзан боиси алоқаи номашруъи ҷинсӣ гардида, омили гирифтории бемории норасоии масунияти одам мегардад. Албатта гирифторӣ ба ин беморӣ ниҳояти кор нест. Бадтар аз ҳама оқибати номатлуби он дар аз байн рафтани солимии ҷомеа мебошад. Бо назардошти ин, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар ҷавононро зарур аст, ки аз ташхиси тиббӣ гузашта, кафили саломатии худ ва оилаи хеш бошанд.

Дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба солимии ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Зеро солими ҷомеа аз солимии фардҳои он вобаста аст. Дар ин росто Пешвои миллат хеле хуб қайд намуданд, ки «Миллати солим асоси ҷомеаи солим мебошад». Бо дастгирии Сарвари давлат муассисаҳои тиббии кишвар бо технологияи муосири тибби ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

 Албатта, табобати ҳама гуна бемориҳо воҷиб аст.  Барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои норасоии масунияти одам аз ташхиси тиббӣ гузаштан зарур аст. Зеро пешгирӣ аз табобат осонтар аст. Агар кас ба давомнокии умри худу наздикони худ бетафовут набошад, бояд ҳатман аз санҷиши тиббӣ ба норасоии масунияти одам гузарад.

Ҳамчунин, бо мақсади пешгирии ҳама гуна бемориҳо, оқибатҳои номатлуби никоҳи хешутаборӣ ва идомаи насли солими ҷомеа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхиси тиббии навҷавонон қабл аз издивоҷ ҳатмӣ гардид. Ин тадбир барои барпо намудани оилаи солим ва насли солим роҳандозӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкур дар кишварҳои зиёди дунё солиёни зиёд аст, ки мавриди амал қарор дорад. Аз ҷумла, дар ИМА аз соли 1950-юм, дар Миср аз соли 1994, давлати Урдун аз соли 2004, Амороти Муттаҳидаи Араб аз соли 2005, давлати Қатар аз соли 2006, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз соли 2008 муоинаи тиббии пеш аз издивоҷ ба тариқи ҳатмӣ ҷорӣ гардида, натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст.

Шояд баъзе нафарон андеша дошта бошанд, ки онҳо сиҳату саломатанд ва ин мушкилот ба онҳо дахл надорад. Аммо ин гуна нест. Балки хатари мубталошавӣ ба ин беморӣ барои тамоми ҷомеа як хел мебошад ва ҳама афроди ҷомеа дар назди ҳамдигар масъулият доранд. Бинобар ин, ҳамагонро зарур аст, ки дар бунёди ҷомеаи солим бо дарки масъулият саҳмгузор бошем, худ ва дигаронро аз гирифтории ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ҳифз намоем.

Тадаббур дар пешгирии ҳама гуна бадбахтиҳо бо истифода аз неъмати илоҳӣ, яъне ақл зарур аст. 

 Ҳар амале, ки онҳо мекунанд, албатта самараи онро дар ҳаёт хоҳанд дид.

        Дар сураи «Исро» ояти 7 омадааст: «..агар некӯкорӣ кунед, барои ҷони хеш некӯкорӣ карда бошед ва агар бадкорӣ кунед, пас (он бадӣ) ба ҷони шумо аст».

        Яъне, суду фоидаи некӯкорӣ ба шахси некӯкор бармегардад. Агар дар зиндагӣ ҳама аъзои оила вазифаҳои худро ба таври шоиста адо намоянд, оила аз ҳама гуна низоъ ва нокомӣ эмин хоҳад монд. Аввал аз ҳама падару модар барои фарзандон бояд намунаи хуб бошанд. Талаботи моддӣ ва маънавии онҳоро ба қадри имкон таъмин намоянд. Нисбат ба онҳо адолатпеша бошанд, онҳоро аз ҳамроҳони бад ва номуносиб нигоҳ дошта, ба онҳо тарбияи хуб диҳанд.

        Вақте, ки мо Қуръонро мутолиа мекунем, вақте ки мо таърихи Паёмбарро (с) меомӯзем, бояд аз ин таърих чизеро касб кунем, ки ба мо барои дар рӯҳияи солим зиндагӣ кардан кӯмак кунад. Маълум аст, ки яке аз аҳдофи рисолати Ҳазрати Муҳаммад (с) ба унвони охирин паёмбар аз ҷониби Худованд, ислоҳ ва такмили ахлоқи башар буд. Таърих собит мекунад, ки Паёмбар (с) як зиндагии парҳезкорона ва беолоишро ба сар мебурд ва кӯшиш мекард, ки ба василаи рафтори худ як намунаи ахлоқӣ барои мардум бошад.

        Моро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафи аслӣ-зиндагии шоиста ва солим аз ҳар гуна бемориҳо ва бо умед ба фардои равшан ҷидду ҷаҳд намоем.

Мансур Назаров,

Сармутахассиси Кумита

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.04.2024

أكثر
الفجر04:09
الظهر12:40
العصر17:18
المغرب19:16
العشاء20:47
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر