الصفحة الرئيسية المقالات Салом калидест бозкунандаи қулфи дари дилҳо

Салом калидест бозкунандаи қулфи дари дилҳо

Салом калидест бозкунандаи қулфи дари дилҳо
2018-04-18
3109

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Худованд каломашро ҳамчун дастури ҳаёт ба ҳабибаш Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил кардааст, ки он саршор аз одобу ахлоқ аст ва шореҳи ин каломи илоҳӣ Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар тўли ҳаёташон бо рафтору гуфтори ҳамидаашон намунаи беҳтарини оламиён гаштаанд.

        Вақте ки сухан дар боби салом меравад, яке аз оятҳои Худовандро, ки дар сураи «Нисо» мавҷуд аст, ёдовар шудан лозим аст, ки чунин аст: «Ҳар вақте ки  салом дода шавед, ба беҳтари он (яъне ба калимаи беҳтарин) ҷавоб гардонед ё ин ки ба мислаш (ҷавоб гардонед). Ин ки Худованд ҳар як чизро меҳисобад». Дар ин ҷо Парвардигор ба салом ҷавоб гардониданро амр мекунад. Пас, маълум мегардад, ки салом додан суннат ва ҷавоби ӯ воҷиб мебошад.

        Одати неки Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд, ки ҳангоме саломаш медоданд, ӯ дар беҳтарин шакл ҷавоб мегардонданд. Ҳар ки «Ассалому алайкум, ё Расулаллоҳ!» мегуфт, «Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!» гӯён ҷавоб мегардонданд.

        Салом калидест, ки дари дилҳоро ба истиқболи якдигар мекушояду наздик месозад, муъминонро сарҷамъ менамояд, муҳаббати ҳамдигариро устувор мекунад. Салом дар ислом беҳтарин одобест, ки ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳамеша ба каси пеш омада аввал салом медоданд.

        Ин шахсияти шариф дар бораи салом чунин марҳамат карда буданд: «Қасам бар он зоте, ки ҷони ман дар дасти ӯст, бар ҷаннат дохил намешавед, то имон наоваред, имони шумо дуруст набошад, то якдигарро дӯст надоред. Оё ба роҳе далолат накунам, ки агар ҳамеша ба ҷо оред, муҳаббат пайдо мекунед?». Саҳобаҳо гуфтанд: «Оре, ё Расулуллоҳ» 
Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: 
«Саломро дар байнатон ифшо намоед, яъне ошкоро ва паҳн кунед». 
        Меоем сари маънии салом додану ҷавоби саломро гардондан. Вақте ки нафаре ба дигаре «салом» гуфта, дар ҷавоб низ «салом» шунавад, аз ин ягон маънӣ ҳосил намегардад. Вақте ки «Ассалому алайкум», мегӯем, «тинҷию саломатӣ аз ҷониби Худованд бар шумо бод!» гӯён бо як дуои нек ба рафиқамон мулоқӣ мешавем. Ва бар саломдиҳанда «ва алайкум ассалом» гӯён ҷавоб мегардонем, яъне ин дуо ва орзуи хайрро барои саломдиҳанда таманно мекунад. Ё ин ки дар ҷавоб «ва раҳматуллоҳ ва баракотуҳу»-ро илова намоем, яъне «раҳмат ва баракати Худованд бар шумо бод» гӯён одоби беҳтаринро нишон медиҳем.

         Пайғамбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар як ҳадисашон фармуданд: «Ба саломдиҳанда як савобу ба ҷавобдиҳанда даҳ савоб мерасад».

        Мувофиқи одобу ахлоқи исломӣ ба ҳамаи бандагони Худо, новобаста аз дину забонашон бояд ба салом бошем. Ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: «Касе аз бандагони Худо бар шумо салом диҳад, ба ӯ ҷавоб гардонед, агарчи вай бутпараст аст».

       Дар роҳу кӯча мушоҳида мешавад, ки фақат шинос бо шинос салом медиҳаду халос. Ҳол он ки Пайғамбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таъкид кардаанд: «Салом деҳ касеро шиносӣ ӯро ва ё нашиносӣ ҳам». Аз баъзеҳо дар ҷавоби «ассалому алайкум» танҳо «салом»-ро мешунавед. Ду дасти бародарона дароз мекунед, як дасти такаббурона бар шумо дароз мекунад. Аз тариқи телефон низ ҷавобҳои нопурраро мешунавед. Ислоҳи ин норасоиҳо одоби моро боз ғанитар мегардонад.

        Зимни мулоқот салом кардан яке аз асоситарин одоби исломист. Салом гуфтан паёми эминиву масаррат ва саломатиро ба якдигар расонидан мебошад. Аз ин рӯ, ба волидайн, фарзандон, хешовандон ва соири бародарони мусулмон салом гуфтан лозим аст, зеро салом гуфтан боиси афзоиши меҳру муҳаббат мегардад. Худованд дар Қуръони маҷид фармудааст: «Агар аҳли имон пеши ту биёянд, бар онон салом бигӯ. Ҳар касе аз шумоён ба нодонӣ гирифтори хато шуда, сипас тавба кунаду некиро пешаи худ созад, мавриди мағфирати Парвардигор қарор хоҳад гирифт. Зеро раҳмати Парвардигор фарогири ҳама ашё аст ва Худованд бахшандаю меҳрубон аст».

      Салом гуфтан ба бародари мусулмон зарурист, зеро салом кардан гувоҳи мусулмон будан аст. Худованд дар сураи «Нисо», ояти 86 мефармояд: «Вақте ба шумо салом гуфта шавад, посухи ӯро ба беҳтарин ваҷҳ ё ҳадди ақал бо ҳамон калимот бидиҳед». Манзур аз овардани ин оёт ин аст, ки муъминон бояд вақти мулоқот якдигарро дуои амну саломатӣ кунанд. Аз ин ҷост, ки суннати салом ривоҷ пайдо кардааст. Равиши суннат дар салом додан ин аст, ки зимни мулоқот «ассалому алайкум!» бигӯӣ ва шунаванда низ «ва алайкумуссалом» гӯяд. Ин одати ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи вассалам) буд. Маънию мафҳуми «ассалому алайкум» чунин аст: «Шумо дар амону ҳифозати Худованд ва дар паноҳи Ҳақ дохил шуда, аз ҳар гуна ранҷу ғам, андӯҳу парешонӣ дур бошед!» Лафзи «салом» яке аз номҳои Худованд аст. 

       Тавре аз гуфтаҳои боло бармеояд, салом гуфтан боиси бедор шудани эҳсоси бародарӣ, муҳаббат ва вафодорӣ мегардад. Дар марказҳои тиҷоратӣ ва шаҳрҳои бузург, ки таҷаммуъ ва издиҳом зиёд аст, ба ҳар касе салом гуфтан мушкил аст. Дар чунин мавридҳо танҳо ба касоне, ки тарафи муомила ҳастанд, яъне бо нафароне, ки додугирифт сурат мегирад, салом додан кифоя мебошад. Салом гуфтан ба ошнову ноошно суннат аст. Шахсе аз Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: «Кадом ислом беҳтар аст?» Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҷавоб гуфтанд: «Меҳмоннавозӣ кардан ва ба хешу бегона салом додан». Имом Тирмизӣ ривоят мекунад, ки марде ба ҳузури Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омаду гуфт: «Ассалому алайкум». Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саломи ӯро ҷавоб доданд ва он шахс нишаст. Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Даҳ некӣ дар номаи аъмоли ин мард навишта шуд. Баъд аз муддате нафари дигаре омада гуфт: «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ» Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) каломи ӯро ҷавоб гуфта фармуданд: «Бист некӣ дар номаи аъмоли ӯ навишта шуд». Пас аз фурсате шахси дигар омада гуфт: «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу». Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз ҷавоби саломи ӯ фармуданд: «Сӣ некӣ дар номаи аъмоли ӯ навишта шуд».

         Равиши салом гуфтан аз нуқтаи назари ахлоқ дар ислом чунин аст, ки хурд ба бузург, пиёда ба нишаста, савора ба пиёда, фарзандон ба волидайн, шогирдон ба устодон, муқтадӣ (иқтидокунанда) ба имом, роҳбари қавм ба зердастонаш салом гӯяд. Агар бачаҳои хурдсол дар мактабу боғча машғули омӯзиш бошанд, шахси бузургтаре, ки вориди синфи онҳо мешавад ба онҳо бояд салом гӯяд. Ҳамчунин агар бачаҳо дар хонаву манзил ҳастанд, падар, модар, бародар вақте ки вориди хона мешаванд, лозим аст ба онон салом гӯянд, то ба ин тартиб бачаҳо салом гуфтанро ёд бигиранд. 

     Бандагони хоси Худо саъю талош мекарданд, ки дар салом гуфтан пешдастӣ кунанд. Шайх Аттор дар ин бобат фармудааст:

Эй писар, гар пештар гӯӣ салом,

Оташи дӯзах шавад бар ту ҳаром.

      Дар як ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омадааст: «Барои ҳеҷ мусулмон раво нест, ки беш аз се рӯз бо бародарони мусулмони худ қатъи рафтуомад намуда, аз якдигар рӯгардонад. Аз ин ду нафар (қаҳришуда) беҳтарин назди Худованд касест, ки дар салом гуфтан пешдастӣ намояд».

      Пас барои ҳар як фарди мусалмон тавсия дода мешавад, ки дар салом гуфтан кўтоҳӣ накунад ва салом дода соҳиби савоб гардад. 

Хомўшов Ҷамолиддин

Сармутахассиси Раёсати

фатвои Маркази исломӣ

 
وقت الصلاة في طاجيكستان

19.04.2024

أكثر
الفجر04:09
الظهر12:40
العصر17:18
المغرب19:16
العشاء20:47
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر