الصفحة الرئيسية المقالات Фазилати хайру садақот дар моҳи мубораки рамазон

Фазилати хайру садақот дар моҳи мубораки рамазон

Фазилати хайру садақот дар моҳи мубораки рамазон
2018-06-12
3393

Моҳи мубораки рамазон фаризаест, аз фаризаҳои илоҳӣ, ки барои умматони Муҳаммад (с) фарз гардонида шудааст. Агар мо дар фалсафаи фарзияти ин моҳ амиқтар назар андозем, мебинем, ки Худованд барои уммати Муҳаммад (с) имтиёзот ва фазилатҳое додааст, ки агар ин уммат аз он имтиёзот истифода кунад, Худованд баракатҳои зиёде дар зиндагии дунё ва охирати онҳо мерезонад. Ва агар уммати Муҳаммад (с) аз фазилатҳо моҳи мубораки рамазон ба хушӣ истиқбол намояд, ҳам дунё ва ҳам охирати хешро нуронӣ мегардонад. Пайғомбари гиромии ислом (с) фармудаанд: «Ҳар касе моҳи мубораки рамазонро имонан ва иҳтисобан рӯза бидорад, Худованд гуноҳони гузаштаашро мағфират мекунад». Яъне инсон тавре рӯза гирифта бошад, ки Расули Худо (с)  ишора фармудааст. Дасту забон ва чашму гӯши ӯ ҳама рӯзадор бошад. На бо дасту забонаш касеро озор бидиҳад ва на бо чашмаш думболи дидани ҳаром биравад ва на ба шунидани чизҳои номашрӯъ майлу рағбате дошта бошад. Ин амалҳое ҳастанд, ки агар инсон дар моҳи мубораки рамазон анҷом бидиҳад Худованди меҳрубон гуноҳони яксолаи ӯро мебахшад. Ман яқин дорам, ки  ин яке аз  орзуҳои калидии шахси мусалмон аст, ки Худованд гуноҳони ӯро мағфират кунад. Фазилат ва ё имтиёзи дигаре, ки Худованд дар ин моҳ барои уммати Муҳаммад (с) арзонӣ доштааст, ин аст, ки инсони рӯзадор агар як амали фарзро дар ин моҳ анҷом бидиҳад, баробари савоби ҳафтод фарзе ҳаст, ки дар ғайри моҳи мубораки рамазон анҷом медод ва агар амали мустаҳаберо дар ин моҳ анҷом диҳад, савобаш баробари савоби амали фарзест, ки дар ғайри ин моҳ анҷом медод. Пас, эй умматони Муҳаммад (с) бикӯшед, дар ин моҳ амалҳои хайратон бештар бошад, зеро ин моҳ яке аз лаҳзаҳои пурфайзи ҳаёти мову шумо асту фурсати андаке дар даст дорем. Абдуллоҳ ибни Аббос  (рз) мегӯяд: «Агар моҳи мубораки Рамазон фаро мерасид, хайру ҷавонмардии  Расули Худо (с) ончунон зиёд мешуд, ки аз боди сарсар дида бештар буд». Ин ҷавонмардии Расули Худо (с) хосса дар моҳи мубораки Рамазон моро ҳушдор медиҳад, ки фурсатро ғанимат бидонем ва хайру саховат ва ҷавонмардиамонро дар ин моҳ бештар гардонем. Шайх Аттори Валӣ (р) мегӯяд:

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Мусулмонон бояд аз ин фазилат бештар истифода кунанд ва ба ятимону бечорагон дасти ёрӣ дароз кунанд, ки ин ҳам аз суннату роҳу равиши Расули Худо (с) мебошад. Пайғомбари гиромии ислом (с) фармудаанд: «Рӯза барои инсон сипарест, ки шахси рӯзадорро аз оташи дӯзах ҳимоят мекунад ва садақа додан дар ин моҳ ғазаби Парвардигорро фурӯ менишонад ҳамчуноне, ки об оташро фурӯ менишонад».

Мусалмонон бояд бидонанд, ки ин адои садақаи фитр танҳо як амри динӣ нест, балки воҷибест, дар худ фалсафаи иҷтимоӣ низ дорад. Худо ва Расулаш ин садақаро бар дорандагон воҷиб гардонидааст, то ки дар ин рӯзи ид камбағалон ва ятимону бенавоён низ бо ҳамроҳии бародарони мусалмонашон битавонанд либоси наве бипӯшанду хушҳол бошанд.

Мусалмонони садри ислом дар адои садақа бисёр ҷавонмард будаанд ва ин ҷавонмардиҳоро аз Расули Худо (с) омӯхта буданд. Чунончӣ дар ояти 245 сураи «Бақара» фармудааст: «Кист он кас, ки молашро ба Худованд қарзи ҳасана медиҳад. Худованд ин молро даҳчанд ва аз ин ҳам бешар карда барояш бармегардонад». Набии карим (с) дар маънии ин оят мегӯяд: «Кист ба он нафаре қарз бидиҳад, ки на муҳтоҷ аст ва на ситамгару золим».

Имрӯз фурсат дорем, то номи неке аз худ боқӣ гузорем ва илло ҳамаи ин дороиву давлату савлат аз дастамон меравад, танҳо ҳамон хубиҳоямон ва садақаҳову ҷавонмардиҳоямон дар рӯзи қиёмат ба дардамон мехӯранд.

Мирзоҳомид  Саидаҳмадов,

Устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2024

أكثر
الفجر03:57
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:53
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر