الصفحة الرئيسية المقالات Хиёнати муллоҳо ба шариати Худованд.

Хиёнати муллоҳо ба шариати Худованд.

Хиёнати муллоҳо ба шариати Худованд.
2018-06-20
3156

Ҳаводиси рӯзгор бо гузашти худ инсонро ҳушдор  медиҳад, ки дар ҳамаи ҳолат бояд дур бин бошад дар дил ғаразе надошта бошад, ҳар фаъолияти муғризонаи вай то кадом андозае  махфи набошад рӯзе ошкор мешавад.

Ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта, ки ба сари миллати мо мушкилиҳои зиёд овард, бо гузашти  зиёда аз бисту  панҷ сол  ҳақикати он ошкор мешавад, асосгузорони ин ҳодисаҳо киҳо ва ба дасти кадом гуруҳҳо ва бо чи ғаразу мақсад  ҷангро ташкил карданд имрӯз  ба чашми мардуми олам бараъло аён шуд.

Бегоҳи 18 июни соли ҷори филми мустанади "Решаҳои ноаён" аз тариқи   шабакаи  телевизиони "Тоҷикистон "намоиш дода шуд. Дар ин филм яке аз чеҳраҳои  манфури  солҳои ҷанги шаҳрванди ва гирдиҳамоиҳои бе маъне дар майдони "Шаҳидон" Қиёмиддини Ғози буд.

Вақто, ки Қиёмиддин  сухан мекард инсонро дар ҳайрат мемонд, ки  ин гуруҳи муллоҳо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муғризонаашон  чи корҳоро  накарданд, дар байни мардум ошубу  фитна хезонданд, як гуруҳ мардумро гумроҳ карда ба дасти онҳо силоҳ  доданд, занҳоу  кӯдаконро ба қатл  расонида бар ивази  хуни ноҳақ аз Эрону баъзе давлатҳои араб маблағҳои ҳаром ба даст оварда дар хонаҳои  бо ҳашамати  шаҳри Теҳрон  зиндагонии шоҳона  доштанд ва боз аз номи мардуми гурезае, ки дар Афғонистон  бе сарпаноҳ гурусна буданд аз давлатҳои араб маблағ ҷамъ мекарданду силоҳ мехариданд, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркуши бардавом бошад низоми давлатдории демократи тағйир ёбад мардум аз мазҳаби худ рӯй гардонида мазҳаби Шиаро қабул кунад.

Далили ин суханҳо бо боварии комил дар ин филм сухан кардани Қиёмиддини  Ғози, ки мегуфт, ки ӯ бо намояндаи ташкилоти  "Сипоҳи  посдорон" - Эрон Хотами  чи корҳои  махфиёнаро маслиҳат  мекарданду  дар умури ҷамъоварии  маълумот мунофиқона ҳамкори мекарданд. Пояҳои ҳизби хиёнаткори Наҳзатро мустахкам  мекарданд  ҷавонону кӯдакони  Тоҷикистонро  дар Донишгоҳи Алмустафо Ал-олами ҳар чӣ мехостанд дарс медоданд.

Дар давоми суханаш Қиёмиддини Ғози аҳдшикании Саид Абдуллоҳи Нуриро бо тариқи возеҳ ошкор намуд, ки баъди қариб даҳ соли "Мусолаҳаи  миллӣ" соли 2006 дар хонаи  истиқоматиаш ҳаммаслакони худро ҷамъ карда барнома ва нақши  харобкории даҳсоларо кашида соли 2016-ро соли ба сари қудрат  омадани  ҳизби манфур  ва хиёнаткори Наҳзат махфиёна  эълон карда аст. Аз ин хулоса бар меояд, ки шахсиятҳои муътамади Нури дар симои Муҳиддин Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода нуҳ сол бо ҳамкории  ҳоҷагони  хориҷиашон  тайёри дида соли 2015 ба табаддулоти  давлати даст зада шикаст хурданд. Бо ин хиёнати худ мехостанд мардумро гумроҳ кунанд ақидаи хоҷагони худро ба сари мо бор кунанд.

Қиёмиддин  Ғози эътироф мекард, ки ҳамаи наҳзатиён  дар давоми солҳои зиёд хилофи  шариат кор карданд, ба ватану миллат ва мазҳаби худ хиёнат карданд, имрӯз худи ӯ пушаймон аст. Қиёмиддини бо ин эътироф худ садҳо  пардаро аз руи муллоҳои хиёнаткор, ҳаммаслакони наҳзати ва хоҷагони хориҷиашон дар назди мардум  бардошт ва чеҳраи манфури онҳо аз зери ниқоби ислом дур шуд, макру ҳилаи онҳо имрӯз дигар таъсире  надорад. Хоинон ба ваҳдати миллат хиёнат карданд.

Мардуми Тоҷикистон шукри Худо хонааш обод мамлакат орому осоишта, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба қадри  айёми "Ваҳдати миллӣ"-расида онро қадр карда бо руҳияи баланд бо иштироки тамоми мардуми Тоҷикистон  пешвоз мегиранд ва таҷлил мекунанд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода 

Ҷонишини Раиси Шӯрои уламо

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر