الصفحة الرئيسية المقالات ГУФТОРУ ПИНДОРИ САРОПО ПУЧУ БЕМАҒЗ

ГУФТОРУ ПИНДОРИ САРОПО ПУЧУ БЕМАҒЗ

ГУФТОРУ ПИНДОРИ САРОПО ПУЧУ БЕМАҒЗ
2018-07-09
3063

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сипоси бепоён Худованди якторо ва дуруду саломи бешумор бар Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.

Аз баракати демократия аст, ки имрўзҳо дар васоити ахбори умум рўзноманигорон ба ҳар масъалае, ки хоста бошанд, дахл мекунанд, афкори хешро ошкоро баён медоранд, ҳар падидаеро, ки ба назарашон нодуруст намояд, рўирост танқид мекунанд. Яъне озодии баён яке аз дастовардҳои бунёдии давлати демокративу ҳуқуқбунёд аст, ки шукри онро бояд ба ҷо овард. Аммо, таассуф, гоҳо ин озодии баён аз ҳадду андоза ва сарҳади адабу муошират мегузарад ва ба дараҷаи ифроту беҳаёӣ мерасад.

Намунаи чунин «ошкорбаёнӣ» мақолаи «Дар бораи муфтӣ ва шарти адаб» (ё одоби муошират) аст, ки он аз ҷониби Зебо Тоҷибоева – як рўзноманигори русзабони «Азия-плюс» ном нашрия ба чоп расидааст. Дар он бо лаҳни танзу тезутунд ва гоҳо масхарамонанд яке аз мавъизаҳои Раиси Маркази исломии Тоҷикистон оид ба шикояти як гурўҳ бонуҳои тоҷик роҷеъ ба бадахлоқии шавҳарҳояшон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин хусус мақолае ҳам чоп шуда, бо далелҳои шаръӣ ахлоқи паст ва ба шариати муҳаммадӣ ихтилоф доштани рафтори баъзе мардони беҳаё ҳини ҳамхобагӣ бо ҳамсарҳояшон мазаммат шуда буд. Дар он мақола ва инчунин дар мавъиза низ гуфта мешуд, ки «чанде аз бонувони мусалмон забон ба шикоят овардаанд, ки  шавҳарони мусалмонашон дар бистари ҳамхобагӣ нисбат ба онҳо рафторҳоеро тақозо мекунанд, ки дар шарҳи он рафторҳо шарми кас якҷо бо нафрат бармехезад. Таҳти шиори «зану мард моли ҳамдигаранд» бархе мардони бадахлоқ аз ҳамсарони никоҳӣ ва модарони фарзандҳояшон иҷрои корҳоеро талаб мекунанд, ки онҳо сирф хоси маданият ва равиши муомилоти ҷинсии ғарбиён аст».

Дар мақола ва мавъиза оид ба ин масъала, ки мухотабонашон мусалмононанд ва аксаран пайравони мазҳаби ҳанафианд, бо далелҳо собит карда мешуд, ки муомилаи ғайриахлоқӣ бо зани мусалмон – модари фарзандон ба ҳеҷ сурат дар чаҳорчўбаи дин нест, зеро ҳар чизе, ки аз ахлоқи бад аст, мансуб ба дин ҳам нест.

Нуктаҳои асосии мавъиза ва дар асоси он мақолаи Раиси Маркази исломӣ инҳоянд:

         «Дуруст аст, ки зану марди дар қайди никоҳи исломӣ моли ҳалоли ҳамдигаранд, аммо набояд фаромўш кард, ки дар ин ҳолат ҳам як зумра қоидаҳои ахлоқӣ ҳаст, ки онҳо бояд муроот шаванд, аз доираи қавонини ахлоқии исломӣ берун шудани ҳамсарон маънои берун шудан аз сарҳади исломи азизро дорад. Ҳоло дар фарҳанги бегонагон муносиботи ҳамсарӣ ба дараҷае фасод шудааст, ки дигар чизе аз шарму ҳаё намондааст: дар он фарҳанг ҳама чиз озод шудааст, аз бўсу канор сар карда, то муомилоти ҷинсӣ бо садҳо навъу вазъиятҳояш… Тарғиби ин гуна муомилаҳои ҷинсӣ барои фарҳанги шарқӣ, билхосса барои мардуми мусалмон ниҳоят қабеҳ ва умуман қабул нокарданист. Бедили бузургро ба ёд биёрем, ки мегўяд:

Аз ҳаё магзарки дар номусгоҳи эътибор,

Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст…

Бонувони мусалмон дар муроҷиаташон шикоят мекунанд, ки мардони беҳаё дар ҳолати ҳамбистарӣ аз онҳо тақозо мекунанд, ки олати онҳоро ба …даҳон бигиранд… ва боз чанд амали дигаре, ки нафратовар ва номатлуб аст. Ба гумони ғолиб, ин мардони сифлаву беадабу беҳаё аз тамошои намоишҳои бешармонаи интернетӣ ва филмҳои бадахлоқона як навъ «илҳом» гирифта, мехоҳанд, ки бо ҳамсарони мусалмони худ чунин таҷрибаҳоро ба роҳ монанд. Бо камоли масъулият гуфтанием, ки чунин мардҳо гуноҳи азиме мегиранд, зиёда аз ин, барои чунин рафторашон рўзе шарманда ҳам мешаванд.

Дини мубини Ислом дар ҳама ҳолатҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар муносиботи занушавҳарӣ низ адабро аз воситаҳои муҳимми танзими амалу рафтор мешуморад. Ягон рукни Ислом бидуни адабу ахлоқ зуҳур намекунад. Адаб дар ҳама ҷо ва дар ҳама навъи муошират унсури аз ҳама асосист. Маънии ҳама доду ситади исломӣ, муносибатҳои одамӣ, таҳсил, кор, ҳамсоягӣ, тарбия ва ҳама чизҳои дигар дар адабу ахлоқ муқаррар ва музайян мешавад. Ҳама чизе, ки аз ахлоқи инсонӣ берун аст, аз ислом низ нест. Аз одоби салом сар карда, то қабули ғизо, рафтан ба меҳмонӣ ва рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, тариқи ибодат ва ворид шудан ба хонаи худ – ҳама рафтору кирдорҳое, ки инсонҳо ҳамарўза аз сар мегузаронанд, дар доираи адабу ахлоқ танзим мешавад. Адаб мисли тоҷест, ки Худованд ба инсон насиб донистааст. Аз ин ҷиҳат, дар поён чанд қавоиди ахлоқиеро меорем, ки риояи онҳоро мардону занони мусалмон бояд ба инобат бигиранд, раҳнамои онҳое бошад, ки аз доираи муомилоти ахлоқии исломӣ пой берун ниҳодаанд. Сабақ барои онҳое бошад, ки аз фарҳанги оммавии зиёновари бегона таъсир гирифтаанд. Бошад, ки аз роҳи каҷ, аз фасоду инҳирофи ахлоқӣ бозгарданд…

…Вақте ки Худованд Одамро офарид, барои ў занро халқ кард, то ки Одам (а) аз вуҷуди ў оромиш ва сукунат ҳосил намуда, барои ба вуҷуд овардани насли башар аз ў баҳра гирад. Аммо барои баҳра гирифтан аз ҷисми зан ва аз макони хоси ў дар вақтҳои муайян ҳадду ҳудуд муқаррар кард, то ки инсоният дар ин зиндагии муштарак боиси роҳати якдигар бошанд, на боиси озору азияти якдигар.

Дар он ҳудуде, ки Худованд баён кардааст, дар чанд ҳолат ҳамбистариро бо занҳо ҳаром кардааст. Чунончи Худованд дар мавриди айёми моҳонаи занон мефармояд:

وَيَسْأَلُونَكَ عَنِ الْمَحِيضِ قُلْ هُوَ أَذًى فَاعْتَزِلُوا النِّسَاءَ فِي الْمَحِيضِ

«Ва аз ту дар бораи ҳайз суол мекунандбигў«Вай наҷосат астПасаз занон дар ҳоли ҳайз як сў шавед» (Сураи «Бақара», ояти 222). Инчунин шариати ислом ҳамбистарӣ бо занро дар ҳолати нифос низ ҳаром кардааст, чунонки Худованд мефармояд:

وَلَا تَقْرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطْهُرْنَ فَإِذَا تَطَهَّرْنَ فَأْتُوهُنَّ مِنْ حَيْثُ أَمَرَكُمُ اللَّهُ

«Ва ба онҳо наздикӣ макунедто он ки пок шавандва чун нек пок шавандпасба онҳо аз он роҳки Худо ба шумо амр кардаастназдикӣ кунед». (Сураи «Бақара», ояти 222). Инчунин ҳамбистарӣ дар пушти зан аз дидгоҳи шариат ҳаром шудааст, чунонки дар ҳадиси шариф омадааст:

عَنْ أَبِى هُرَيْرَةَ قَالَ قَالَ رَسُولُ اللَّهِ -صلى الله عليه وسلم- « مَلْعُونٌ مَنْ أَتَى امْرَأَتَهُ فِى دُبُرِهَا

«Малъун аст касе, ки бо ҳамсари  худ аз пушт ҳамхоба мешавад» (Ривояти Абўдовуд).

Пас, мусалмонеро, ки Парвардигор лаънат кунад, чӣ мусалмониаш мемонад? Дар ҳадиси дигаре чунин фармудаанд:

عَنْ أَبِى هُرَيْرَةَ عَنِ النَّبِىِّ -صلى الله عليه وسلم- قَالَ « لاَ يَنْظُرُ اللَّهُ إِلَى رَجُلٍ جَامَعَ امْرَأَتَهُ فِى دُبُرِهَا.

«Худованд ба марде, ки бо ҳамсараш аз роҳи пас ҳамхоба мешавадназар намекунад» (Ривояти Ибни Моҷа). Мазмуни ҳадис ин аст, ки чунин шахсе аз раҳмати Парвардигор маҳрум мегардад ва ин ваъиди шадиде аст барои касоне, ки муртакиби чунин корҳои қабеҳ ва ғайриахлоқӣ мешаванд.

Худованд барои бо шарофату камол зиндагӣ ба сар бурдани бандагонаш ҳам китоби комилу инсонсоз фиристоду ҳам муаллими комил, то ки ба инсонҳо одоби муошират ва ахлоқи волои инсониро биёмўзад, то дар тамоми паҳлуҳои зиндагияшон бо он амал кунанд.

Ба таври мисол, яке аз тавсияҳои судманди шариат ин аст, ки дасти ростро дар корҳои бошарофат ва покиза ихтисос додааст. Аз Умар ибни Абўсалама (р) ривоят аст, ки мегуфт: Пайғамбари Худо (с) ба ман фармуданд: «Эй писар! Ҳангоми хўрдани ғизо «бисмиллоҳ» бигў ва бо дасти рост бихўраз пеши худат ғизо бардор»Аз ин баъд ҳамеша одоб ва тарзи ғизо хўрдани ман ба ин дастури Пайғамбар (с) буд» (Ривояти Бухорӣ, Муслим).

Аз Ойиша (р) низ ривоят аст, ки Расули акрам (с) дар кафш пўшидан, шона кардан, вузў гирифтан ва ҳамаи корҳошон аз самти рост шуруъ карданро дўст медоштанд (Муттафақун алайҳи).

Аммо дар умур ва корҳое аз қабили дур кардани палидӣ ва олудагиҳо дасти чапро муқаррар кардааст. Масалан, Расули Худо (с) дар мавриди одоби халоҷо мефармоянд: «Ман барои шумо ба манзалаи падаре ҳастамки (тамоми чизроба шумо таълим медиҳамПасҳар касе аз шумо вақте барои қазои ҳоҷати худ мераваднабояд рўй ё пушти худро ба сўи қибла намояд (набояд рў ба қибла ё пушт ба қибла бинишинад) (ва пас аз қазои ҳоҷат ҳангоме худро бо чизе хушк менамояд), набояд он корро бо дасти росташ анҷом диҳад (Ривояти Абўдовуд).

Бояд ҳар фарди солимфикр сар ба ҷайби андеша фуруд орад, ки вақте истифодаи дасти рост дар корҳо ва мавзеъҳои нопок аз дидгоҳи шариат мамнуъ бошад, пас чигуна ақлу имони ў иҷозат медиҳад, ки поктарин ва шарифтарин узви инсонии худ, яъне даҳону забонашро, ки маҳалли зикри Худо ва ҷойгоҳи нутқи инсон аст, ба палидтарин мавзеъи бадан мерасонад ва бо ин амали ғайриахлоқӣ ва хилофи сиришти инсонӣ худро аз мартабаи чаҳорпоён ҳам поёнтару забунтар меандозад. Касоне, ки ба ин амали хилофи фитрати солими инсонӣ даст мезананд, дар дидаи ҳамсаронашон қадру қимат ва шарофату каромати худро аз даст медиҳанд, дар тарбияти фарзандону аҳли хонадон ноком мешаванд ва хайру баракат аз зиндагияшон дур мегардад. Ба ҳамин хотир аст, ки муаллими башарият дар ҳадиси муборакашон мефармоянд: «Худованд пок аст, ҳамеша покро мепазирад ва қабул мекунад». Мазмуни ҳадиси шариф ин аст, ки ҳар касе дар асоси покию назофат ва риояи дастуроти ахлоқии шариат зиндагӣ намекунад, комёбу муваффақ нахоҳад шуд.

Чи тавре ки аз иршодоти падаронаи Расули акрам (с) мебинем, дини мубини Ислом инсонро дар тамоми корҳояш ба покию назофат тавсия менамояд ва ўро ба риояи як силсила одобу тартиботи ахлоқӣ водор месозад. Аз ин рў, Худованд дар ояти зайл равиши баҳра гирифтан аз занро барои мард возеҳу равшан баён карда мефармояд:

نِسَاؤُكُمْ حَرْثٌ لَّكُمْ فَأْتُوا حَرْثَكُمْ أَنَّىٰ شِئْتُمْ وَقَدِّمُوا لِأَنفُسِكُمْ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّكُم مُّلَاقُوهُ وَبَشِّرِ الْمُؤْمِنِينَ

«Занонатон киштзори шумоанд, пас, ба киштзори хеш ба ҳар равишеки хоҳедбиёедВа барои худатон пеш фиристедва аз Худо битарсед ва бидонедки шумо бо Вай мулоқот хоҳед кардВа мўъминонро башорат деҳ». (Сураи «Нисо», ояти 223).

Аз далолату ишорати ин оят маълум мешавад, ки дар пушт ва даҳони зан ҳамбистарӣ кардан ҳаром мебошад, чунки Худованд мегўяд, бо ҳар роҳе, ки бо ҳамсаратон хоб меравед, иҷозат аст, аммо фақат дар киштзораш  ҳамхоба шавед, то ки фарзанд ба дунё биёваред, ҳаргиз аз даҳону пушти зан фарзанд таваллуд намешавад.

Дар ин оят ҳам барои мардон ишора шудааст, ки вақте ба киштзори ҳамсарашон ворид мешаванд, бо олати кишташон бираванд, на ба даҳонашон, чунки даҳон олати кишт нест, балки он барои хўрдану ошомидан ва зикру шукри Худо офарида шудааст. Мутаассифона, дар замони муосир аз сабаби истифодаи нодурусти шабакаҳои интернетӣ ва сатҳи пасти маърифати динии мардум ин масъала боиси ҷангу ҷидол дар оилаҳо шуда истодааст. Барои ҳалли ин муаммо ҳар як нафар метавонад, ки ба осонӣ аз тарҷумаи Қуръони карим, ки бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ба забони тоҷикӣ нашр гардида ба мардуми кишвар тақдим шуд, баҳра барад ва ҳақиқати ҳамаи ин масоилро дарк кунад. Ногуфта намонад, ки мову шумо амр шудаем, ки пайравӣ аз Расули Худо (с) кунем. Ҳамбистарии Паёмбари Худо (с) бо ҳамсаронаш чӣ гуна буд? Фақеҳи занони Паёмбар Ойиша (р) – модари муъминон мегўяд, ки мо ҳатто ба шармгоҳи якдигар назар намекардем, чунонки дар ҳадис омадааст:

عَنْ عَائِشَةَ قَالَتْ مَا نَظَرْتُ - أَوْ مَا رَأَيْتُ - فَرْجَ رَسُولِ اللَّهِ -صلى الله عليه وسلم- قَطُّ.

«Ман ҳаргиз ба шармгоҳи Расули Худо (сназар накардаам» (Ривояти Ибни Моҷа).

Ин аст одобу ахлоқи исломӣ ва ин ҳамон ақлу шарофату имоне ҳаст, ки бандаи муъмин аз дигарон фарқ мекунад. Албатта, мову Шумо бояд пайравӣ аз ин модар ва аз ин муаллими комил дошта бошем. Пайравӣ аз нафси саркаш ва аз ҳар гуна равияҳо ва фатвоҳои номатлуб накунем, чунки ин падида оқибати ногувор дорад ва ба мисли олами ғарб рўзе мешавад, ки мардон аз издивоҷ бо занон рў гардонида, бо мардон издивоҷ мекунанд, оташи шаҳвати палиди худро бо ҳамҷинсгароӣ хомўш месозанд. Чунки инсоният вақте пайравӣ аз нафсу шаҳват мекунад, аз ҳайвон ҳам пасттар мешавад. Саъдии ширинсухан дар ин маврид фармудаанд:

Мабар тоати нафси шаҳватпараст,

Ки ҳар лаҳза қиблааш дигар аст.

Ногуфта намонад, ки касоне, ки дар ин масъала дигаргуна фатво медиҳанд, ба маъхазҳои мазҳабҳои ботилу гумроҳ такя мекунанд, дар ҳоле ки уламои бузурги мазҳаби ҳанафӣ ин корро манъ кардаанд. Илова бар ин, уламои муосири араб мегўянд, ки ин амал тамоман аз ахлоқи инсоният берун буда, сабаби озору азияти занон мегардад ва аз нигоҳи тиб ҳам хатари ҷиддӣ дорад. Баъзе равияҳои гумроҳшуда ҳамхоба шудан дар пушти занро ҳам дар вазъиятҳои гуногун иҷозат медиҳанд, чунки аз дидгоҳи онҳо ҳамхоба шудан аз пушти зан як навъ кароҳат дораду бас. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар масоили худро бояд аз уламои бофазлу маърифат ва огоҳ аз мазҳаби ҳанафӣ пурсон шавад, зеро онҳо метавонанд аҳли ҷомеаро ба роҳи рост раҳнамоӣ кунанд ва дар ҳар ду ҷаҳон сарбаланду растагор бошанд.

Дар интиҳо бояд таъкид кунем, ки зебоӣ ва шарофату каромати як мусалмон дар баробари динаш дар адабу ахлоқаш таҷассум меёбад. Набояд фаромўш кард, ки ахлоқ сутуни дин, адаб перояи ҳар фарди мусалмон аст».

Ин буд нуктаҳои асосии мавъиза ва мақолае, ки аз ҷониби Раиси Маркази исломии Тоҷикистон гуфта ва навишта шуда буд.

Акнун Зебо Тоҷибоева ба ин масъала дахл карда, ба корҳои шахсии (ҷинсии) ҳамсарон дахолат доштани Раиси Маркази исломиро айни «беадабӣ» шумурдааст. Ин маъно аз сарлавҳаи мақола – «Оид ба Муфтӣ ва одоби муошират» бармеояд. Ў ба танз даъват кардааст, ки худи муомилаи ҷинсӣ манъ шавад, он гоҳ, ба қавли ў, ҳамаи проблемаҳои иҷтимоӣ ҳал мешаванд. Ў проблемаҳоро якояк ном мебарад -  аз афзоиши аҳолӣ сар карда то танзими ойинҳо, аз хариду фурўши инсонҳо то никоҳи хешӣ ва ғайраву ҳоказо. Баъдан боз ҳам танзомез бархе проблемаҳоеро рўйхат мекунад ва ба рўҳониёну давлатмардон тавсия медиҳад, ки аз ҷумлаи «неприличие» («беадабиҳо») ҳастанд, аз қабили фасоду порагирӣ, кам будани ҳаққи алимент, камбудиҳо дар тиб, муноқишаҳои оилавӣ, масъалаи маҷрўҳон ва ғайра… ҳадаф – ана масъалаҳои «беадабӣ», инҳоро ҳал кунед, чӣ кор доред ба масоили заношўӣ…

Дар ин мақола муҳимтарин чизе, ки намерасад, мантиқ аст. Дар кадом давлати ҷаҳон дидаед, ки ниҳоди диндорӣ, яъне мақоми ҷамъиятии масъул ба фазои дину диндорӣ ба корҳои марбут ба давлатдорӣ дахл карда бошад??? Он масъалаҳое, ки муаллифи мақолаи бемаънӣ ном мебарад, ба вазорату идораҳои давлатӣ дахл доранд, на ба Маркази исломӣ! Наход саводу ҷаҳонфаҳмӣ ба ин сатҳ поин бошад?

Мо ҳамеша мегўем, ки дин ахлоқ аст, дин ақл аст, дин тартибу низом аст. Масоили ахлоқи занушавҳарӣ ҳам масъалаи динист, дар бораи он сарчашмаҳои асосии дини мубини Ислом – Қуръони маҷид ва аҳодиси набавӣ ва мазҳаби ҳанафӣ иттилои фаровон медиҳанд. Бадахлоқӣ дар ин масъала аз ҷониби Худову Расул (с) ва бузургони дину мазҳаб мазаммат шудааст. Яъне Маркази исломӣ бар асоси муроҷиати якчанд занҳои мусалмон оид ба рафтори ғайриисломии шавҳаронашон мардумро огоҳ кардааст, ки бомаърифат бошанд. Ин чӣ ҷойи шакку шубҳа ва нодурустӣ дорад, ки ба ин журналисти русзабон маъқул наомадааст?  Дар урфи мардумӣ мақоле ҳаст, ки «гар шиновар нестӣ, по бар лаби дарё намон»…

Мо намедонем, ки ин бонуи рўзноманигор пайрави кадом дин аст ё нест, аслан ба ин мо кор ҳам надорем. Агар фаразан, намояндаи ягон дини дигар бошад ва дар он дин муомилоти садрангаи ҷинсӣ иҷозат бошад, пас, ихтиёр дар ўст. Аммо ўро чӣ кор бо таълимоти дини мубини Ислом? Маркази исломӣ тавассути муроҷиати мусалмонон ба даҳҳо масоили ақидатӣ ва ахлоқӣ посухҳо медиҳад, дар мавъизаҳо садҳо масъалаҳои динӣ ва иҷтимоӣ матраҳ мешавад, кор ҳамин аст, фаъолияти ин марказ аз фаҳмонда додани асосҳои дину мазҳаб иборат аст, пас, маълум нест, ки чаро ин кор ба ин рўзноманигори аз ислом бехабар хуш наомадааст?

Хулоса, даҳҳо суолҳо аз ин мақолаи подарҳаво ва навиштори пучу бемағзи Зебо Тоҷибоева бармеоянд. Гумони ғолиб ин аст, ки ҳадафи аслии муаллифи мақола дахолат ба корҳои динии як ниҳоди комилан динӣ буда, зери шиорҳои нодуруст маънидодкардаи озодӣ мардуми кишварро ба роҳи номашруъ ва фарҳанги бегона ташвиқ кардан аст, ки  ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул буда наметавонад.

Раиси Шўрои уламои Маркази

исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидмукаррам Абдуқодирзода  

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.03.2024

أكثر
الفجر04:44
الظهر12:40
العصر16:55
المغرب18:54
العشاء20:24
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر