الصفحة الرئيسية المقالات Туҳматҳои навбатии хоинони миллат

Туҳматҳои навбатии хоинони миллат

Туҳматҳои навбатии хоинони миллат
2018-07-13
2757

Ахиран шоҳид мешавем, ки баъзан шахсияту гурӯҳҳои алоҳидае бо истифода аз шабакаи интернет ба туҳмату дасисакорӣ даст мезананд. Аз ҷумла, пайравони ташкилоти экстемистию террористии ҳизби наҳзат гӯё ҳар як пешрафти давлату миллат мисли хоре дар чашмашон мехалад, ки ҳамеша туҳмату буҳтонро самти муҳими фаъолиятҳои идеологии худ қарор додаанд. Ин гурӯз ҳарчанд лофи пойбанд будан ба таълимоти шариатро мезананд, аммо дар асл кайҳо исбот гардидааст, ки ҳатто фармудаҳои шариат барояшон арзиши худро гум кардааст. Агар ин тавр намебуд, онҳо ҳатто дурӯғу туҳматҳои худро барои ҷаззобу зебо шуданаш ба масҷиду ходими дин рабт намедоданд. Ахиран ҳизби ифротии наҳзат дар саҳифаҳои интернетии худ маводе нашр карда, зимни он рӯҳонияти Тоҷикистон ба тиҷорат тавъам арзёбӣ мекунад.    

Шукри  Аллоҳи  меҳрубон,  мудати  се  сол  мешавад,  ки  ман  ҳамчун  хатиби  масҷиди  ҷомеъ кор мекунам ва инчунин  масъулияти имомии панҷвақтаро бар дӯш дорам. Дар ин муддат Худо шоҳид аст, ки ягон маблағ  ба  касе  надодаам  ва  касе   аз  ман  чизе   талаб  накардааст  ва  дар  ҳамаи   намозҳои   панҷвақта  ба  қадри  дониш  амри  маъруф   ва  наҳи  мункар   карда  истодам.  Касе инро манъ накардааст.

Умуман матлуби мазкури саҳифаи интернетии наҳзатиёни хоин комилан муғризона аст, ки хонандаи закӣ бо хондани он зуд найрангҳои навбатии наҳзатиёнро пайхас мекунад.

Хушбахтона   мардуми  шарифи   Тоҷикистон  аз  ҳадафҳои  аслии  ин   хоинони  миллат  ва  Ватан   огоҳ  шуданд ва Худо хоҳад ин  хоинони  миллат ҳаргиз  ба  мақсадҳои  шуми  худ   нахоҳанд  расид.

Нуриддин Файзуллоев,

имоматиби  масҷиди  ҷомеи ҷамоати  деҳоти  Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.04.2024

أكثر
الفجر04:09
الظهر12:40
العصر17:18
المغرب19:16
العشاء20:47
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر