الصفحة الرئيسية المقالات «Дини мубини ислом дини тафриқаандозӣ ва ҷангҷӯӣ нест…».

«Дини мубини ислом дини тафриқаандозӣ ва ҷангҷӯӣ нест…».

 «Дини мубини ислом дини тафриқаандозӣ ва ҷангҷӯӣ нест…».
2018-07-20
2650

ДУШАНБЕ, 19.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Дини мубини ислом ин дини тафриқаандозӣ ва ҷангҷӯӣ нестбалки ислом дини раҳмат астислом дини ваҳдат астислом дини сулҳу осоиштагӣ аст…» чунин навиштааст ноиби Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Искандаршо Умаровки имрӯз дар сомонаи Кумитаи оид ба корҳои динтанзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаастМатни пурраи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Дини мубини ислом ин дини тафриқаандозӣ ва ҷангҷӯӣ нест, балки ислом дини раҳмат аст, ислом дини ваҳдат аст, ислом дини сулҳу осоиштагӣ аст. Парчами ислом сиёҳ нест, парчами ислом сабзу хуррамӣ аст.

Мо мардуми мусалмони Тоҷикистон аз он шикоят дорем, ки миллати ҳамфарҳанг ва ҳамзабони мо Ҷумҳурии исломии Эрон макони сарпаноҳи хоинон ва душманони миллати тоҷик гардидааст.

Муҳтарам дипломатҳои ҷумҳурии ба мо бародар,

Шумо хуб аз таърихи сулҳи тоҷикон огаҳ ҳастед, ки бо чӣ гуна ҷонбозиҳо ба даст омад. Агар дастандаркорони ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом ҳадафашон сулҳи воқеӣ мебуд, пас чаро дар зери ливои сулҳ зиндагии осударо нахостанд?.

Ҳар хоҳише, ки ин ноҷавонмардон аз Ҳукумати Тоҷикистон намуданд, он амалӣ гардид. Аммо дар зери ниқоби ислом аз сари нав ба давлатхоҳӣ ва табаддулот даст заданд.

Халқи тоҷик дигар он мардуми солҳои 90-ум нест, ки дасисаи наҳзатиҳоро пайгирӣ намояд. Зеро дар рафти фаъолияти ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом мардуми тоҷик дарк намуд, ки инҳо на ҳомии дин, балки хоини дин мебошанд.

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар номаи хеш ба АМИТ «Ховар» аз ибтикору хизматҳои Эрон дар марзи Тоҷикистон ёдовар шудааст. Аммо аз «ибтикор»-у «хизматҳое» чун даъвати террористи ашаддӣ ва роҳбари ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ ба конфронси «Ваҳдати исломӣ», оид ба нодида гирифтани мавқеи расмии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи ҷараёнҳои ифротиву террористӣ чизе нагуфтааст, дар бораи маскун гардонидани террористон ва ифротгароён дар шаҳрҳои хеш чизе нагуфтааст! Чаро?

Искандаршо Умаров,
ноиби Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Бознашр аз сомонаи Ховар

وقت الصلاة في طاجيكستان

18.04.2024

أكثر
الفجر04:10
الظهر12:40
العصر17:17
المغرب19:15
العشاء20:46
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر