الصفحة الرئيسية المقالات Ифротгароӣ-роҳи баду нафратангез!

Ифротгароӣ-роҳи баду нафратангез!

Ифротгароӣ-роҳи баду нафратангез!
2018-10-23
2209

Қарни нав агарчи инсониятро ба каҳкашони тараққиёти илму техникаи навин оварда расонид, ҳамоно дар баробари ин моро дар лобалои ҷараёну равандҳои манфиатхоҳу манфиатҷӯ қарор дод.

Ҳоло дар ҷомеа инсонҳое ёфт мешаванд, ба хотири расидан ба манофеи мавриди назари худ аз чизе рӯ намегардонанд ва даст ба ҳама гуна разолат мезананд. Яке аз чунин разолатҳои аср бешубҳа терроризму ифротгароӣ маҳсуб мешавад, ки дар аксари маврид маҳз ҷавонон қурбони ин зуҳуроти марговар мегарданд. Ин мафҳумҳо бо ҳамаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Ин ҳолат, ки хиёнат ба Ватан-модар ва миллат аст, нишон медиҳад, ки ин гуна шахсон бо ҳаёти хеш абадан падруд мегӯянд. Ба назари ҷомеашиносон яке аз унсурҳое, ки инсонро ба ифроту террор бурда мерасонад, ин хурофотпарастист. Хурофот лафзи арабист, ки маънои сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри беасосро дорад. Имрӯзҳо дар ҷомеа мафҳуми ноҷою беасос низ зиёд вомехӯранд, ки ба арзишҳои аз хурд то бузурге дахолат мекунанд ва сабаби талаф ёфтани ҷони зиндае, вайрон гаштани муносибатҳои ин ва ё он давлате шуда метавонанд. Воқеаҳои худкушӣ, ба дор овехтан, ба об андохтан ва амсоли инҳо далели ин гуна хурофотпарастиҳо шуда метавонанд, ки имрӯзҳо зиёд ба назар мерасанд ва сарчашмаи он шояд рашку ҳасаду нотавонбинӣ бошад.

Маълум аст, ки дини мубини ислом, ки мо ҳама пайравони онем, дар ягон давру замон, дар ягон мамаврид шахсиятро ба роҳи бад, ба маломатзада гаштан роҳнамоӣ намесозад, ки ҷавонон ба ин роҳҳои хатарнок раванд.

Ифротгарроёне, ки худро “диндори асил” мешиносанд, ҳеҷ гоҳ дарки ин маънӣ карда наметавонанд, ки Иқболи Лоҳурӣ фармуда:

Ободии бутхона зи вайронии мост,

Ҷамъияти куфр аз парешонии мост .

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Баъдан дар ҷумҳурии азизамон Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дари худро ба рӯйи толибилмон боз намудааст. Ҳар каси комилҳуқуқи ҷомеа чӣ духтар чӣ писар ва чӣ марду зане бошад метавонанд ба шароиту имкони хеш нигаҳ карда, дар он ҷо таълим гиранд ва мутахассиси хуби ин ҷода гарданд. Имрӯзҳо гӯё бо сабаби баланд бардоштани савияи донишҳои гуногуни исломӣ ҷавонои мо ба далатҳои исломӣ мераванд, ки мақоли «Оби дари хона хира»-ро ба ёд меорад. Хуб мешуд, ки ҷавонони имрӯз баҳри ҳар як амали интихобнамудаашон пеш аз ҳама аз волидону шахсиятҳои рӯзгордида маслиҳате мепурсиданд, чун Мавлавии бузург фармуда:

Он чи дар оина мебинад ҷавон,

Пир андар хишт бинад беш аз он.

Зарнигор Раҳимова,

Сармутахассиси Кумитаи дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.03.2024

أكثر
الفجر04:44
الظهر12:40
العصر16:55
المغرب18:54
العشاء20:24
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر