الصفحة الرئيسية المقالات Тири адовати наҳзат боз хок мехӯрад

Тири адовати наҳзат боз хок мехӯрад

Тири адовати наҳзат боз хок мехӯрад
2018-12-07
2587

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъвати наҳзатиён ба таҳозуротро хондаму дар тааҷҷуб мондам. Албатта маълум аст, ки ин тӯдаи гумроҳон дар Тоҷикистон дигар тарафдор надоранд. Зеро мардуми тоҷик аз мақсаду мароми ин хиёнаткорон аллакай огоҳ аст. Онҳо мехоҳанд Тоҷикистонро ба кишвари ҷангзада табдил диҳанду дар хориҷи кишвар кайфу сафо карда гарданд. Лекин ба самъи ин хонасӯзон расониданием, ки МО  ХАЛҚИ  ТОҶИКИСТОН  як бор  нафаҳмида асоямонро гум кардем. Кур як бор ба чоҳ меафтад. Солҳои 90-ум, ки  халқи бечора митингу таҳазуротҳои наҳзатиёнро бовар карду дар ниҳоят тамъи талхи ҷанги шаҳрвандиро чашид. Албатта имрӯз ҳамаи пешрафту ободиҳои Тоҷикистон чун хоре ба чашми ин хоинон мехалад. Мардум инро хуб дарк мекунад. Пас чаро боз ҳам ба гирдиҳамоиву тазоҳуроти фитнаҷӯёнаи шумо бовар кунад?

Имрӯз ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки аз хурдтарин кӯдаки ба боғча мерафтагӣ то бузурги нафақахӯр тарафдори ана ҳамин сиёсатест, ки тавонист миллати тоҷикро ба ҳам орад, ваҳдату суботи комилро дар ҷомеа барқарор созад. Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ чандин фарсахҳо дур аз ватан қарор доранд, аммо оиди руйдодҳои Тоҷикистон он гунае  туҳмат менависанд, ки на ба шариати ислом рост меояду на ба ақли инсон. Бе муболиға имрӯз дар Тоҷикистон беҳтарин шароитҳо барои кору фаъолият вуҷуд дорад, ки мардум хушу хурсандона ва розӣ зиндагонӣ доранд. Касе ба тиҷорат машғул аст, яке ба фаъолияти дигаре ки метавонад аробаи зиндагонияшро бе мӯҳтоҷии шахси дигар бикашад. Умед дорем, ки дигар ҳаргиз тири хасму адовати наҳзатиён ба ҳадаф нахоҳад расид, зеро мутмаинем, ки имрӯз халқи тоҷик чеҳраи воқеии ин хоинони миллату ватанро шинохтааст.  

Икром Бегалиев,

сармутахассиси Кумита

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.04.2024

أكثر
الفجر04:09
الظهر12:40
العصر17:18
المغرب19:16
العشاء20:47
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر