الصفحة الرئيسية المقالات Баҳсе, ки оқибат ба зону занад...

Баҳсе, ки оқибат ба зону занад...

Баҳсе, ки оқибат ба зону занад...
2019-02-06
3331

Имрӯз ҷомеа шоҳид аст, ки иддае аз ҷавонон аз мазҳаби бобоӣ дур рафта, яке равияи салафия, дигаре мазҳаби шиа ва савумину чорумин ҳизбу равияҳои ботилро ихтиёру пайравӣ карда, бо уламои мазҳабӣ даст ба гиребон шудаанду бо баҳсу кашмакашҳои худ, ки гӯё ҳақ ҳастанд, ҷавонони аз шариат ноогоҳро аз қафои худ ба ботлоқзори ақидаи ботил бурданд ва худу он ноогаҳонро сарсону саргардон ва ҳатто то маҳбасу зиндон расониданд ва оқибат пушаймоние ба миён  омад, ки барои баъзе нафарон дер шуда. Албатта ин ҳама далолаткуниҳо барои ҳамагон ва алалхусус барои ҷавонони миллат аст, ки бихонанд, соҳиби илму дониш гарданд, ки илм аст ҳаромро аз ҳалол ва  некро аз бад ҷудокунанда ва илм нардбонест, ки бандаро зина ба зина ба қуллаҳову дараҷаҳои баланд мерасонад ва инсонро худотарсу ботақво мегардонад. Ҷавонон бояд бидонанд, ки мазҳаби ҳанафӣ роҳу равиши мустаҳкаму мумфарше аст, ки аз Қуръону аҳодиси набавӣ асос ёфта ва ҳар шахси дар он қадамзанандаро ба мақому манзалати болову воло мерасонад ва дар ду дор азизи дилу дидагон, муаззам ва мукарраму муваффақ мегардонад. Пас ҳар фарди солеҳу солимақлро аст, ки ҳақро шиносад ва ба воситаи ҳақ мардони ҳақро бишиносад, ки ин ҳама дар асоси таълим аст ва набояд аз қафои ҳар нафари ноозмудаву нохонда ва беасл қадам занад. Чунончи дар ин маънӣ омада: Дар Саҳеҳи Муслим аз Муҳаммад ибни Сирин омадааст, ки гуфтанд: “Ин илм дин аст, пас диққат кунед, ки дини худро аз чӣ касе меомӯзед”.

Дар замони ҳазрати Имоми Бузургвор низ чунин нафароне буданд, ки бо эшон душманӣ доштанд ва дар ҳаққи Имоми Аъзам(раҳмати Худои меҳрубон ба эшон бод) суханҳои ноҷову носазоро раво медиданд, чунончӣ имрӯзҳо мо шоҳиди он гаштаем ва ҳамеша як қадам пас барояшон мағлубият бошад ҳам, барои иддае ин дарси ибрат намешавад то худ дар назди соҳибмазҳабон ба зону наафтанд, ба онҳо бо овардани ягон намуди далел фаҳмонида намешавад...

Мунозараи Имоми Аъзам бо хавориҷ

Вақте хавориҷ иттилоъ ёфтанд, ки Имом Абӯҳанифа ҳеҷ касе аз аҳли қибларо ба сабаби муртакиби гуноҳ кофир намедонад, намояндаҳои худро ҷиҳати мунозара бо ӯ фиристоданд. Намоянда ба имом гуфт: Ду ҷаноза дами дарвозаи масҷид аст, яке марде аст, ки хеле шароб нӯшида ва бар асари он мурдааст, дигаре зане аст, ки зино карда ва ҳангоме, ки эҳсоси ҳомилагӣ намуда худкушӣ намудааст.

Имом хитоб ба онон карда гуфт: Ин ду нафар аз кадом дин ҳастанд? Аз яҳуданд?

Гуфтанд: На

Имом гуфт: Оё аз масеҳиён ҳастанд?

Гуфтанд: На

Имом гуфт: Аз маҷусиёнанд?

Гуфтанд: На

Имом гуфт: Пас аз кадом дин ҳастанд?

Гуфтанд: Аз дине ҳастанд, ки аҳли он ба “Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур расулуллоҳ” гувоҳӣ медиҳанд.

Имом гуфт: Калимаи Таййиба чӣ бахше аз имон аст: Оё чаҳор яки он аст ё панҷ яки он?

Гуфтанд: Имон  сеяк, чоряк ва панҷяк надорад.

Имом фармуд: Пас калимаи Таййиба чӣ миқдор аз имон аст?

Гуфтанд: Тамоми имон.

Имом фармуд: Пас чаро аз ман мепурсед нисбат ба ду нафаре, ки худ эътироф доред, ки мӯъминанд?!

Гуфтанд: Инро бигузор! Оё ин ду нафар биҳиштианд ё дӯзахӣ?

Имом фармуд: Ҳозир, ки худ инкор кардед, пас ман дар ҳаққи он ду мегӯям он чӣ, ки ҳазрати Иброҳим(салом бар эшон) гуфтаанд дар ҳаққи қавме, ки гуноҳи бештар доштанд: “Парвардигоро! Бутон бисёре аз мардумро гумроҳ карданд. Пас ҳар кӣ аз ман пайравӣ кунад, бегумон ӯ аз ман аст ва ҳар кӣ маро нофармонӣ кунад ва аз ман пайравӣ накунад, пас ба яқин ту омурзандаи меҳрубонӣ”. (Сураи Иброҳим, ояти 36). Ва нисбат ба он ду мегӯям, он чӣ ҳазрати Исо (салом бар эшон ) гуфтаанд дар ҳаққи қавме, ки аз он ду гуноҳи бештар доштанд: “Агар онҳоро азоб кунӣ, онон бандагони туанд ва агар онҳоро биомурзӣ, Ту азизу ҳаким ҳастӣ, Ту ғолибу устуворкор ҳастӣ”. (Сураи Моида, ояти 118). Ва мегӯям дар ҳаққи он ду, он чӣ ҳазрати Нуҳ (бар ӯ салом бод) гуфтаанд:”Гуфтанд: Оё ба ту имон оварем, ҳол он, ки фурӯмоягон аз ту пайравӣ кардаанд. Ҳазрати Нуҳ гуфт: Дониши ман ба он чӣ мекарданд, расанда нест. Агар бидонед, ҳисобашон ба ҷуз Парвардигори ман (бар касе нест) нест”. (Сураи Шуъаро, оятҳои 111 - 113). Ҳазрати Нуҳ гуфтанд:”Ва ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Худо назди ман аст ва ғайбро низ намедонам ва намегӯям, ки ман фаришта ҳастам ва ба касоне, ки дар чашми шумо ҳақиранд, намегӯям, ки Худо ба онҳо ҳеҷ неъмате нахоҳад дод, Худо ба он чӣ дар замири онҳост, донотар аст. (Агар чунин гӯям), ҳароина ман он гоҳ аз ситамгарон бошам”. (Сураи Ҳуд, ояти 31).

Имом мегӯяд: Аслиҳаро андохтанд ва гуфтанд: Аз ҳар ақидае, ки бар он будем, безорем ва ба ҳамон ақидае, ки шумо доред, Худоро бандагӣ мекунем, Худованди меҳрубон ба шумо фазл, ҳикмат ва илм додааст. (Маноқиби Абӯҳанифа).

Таҳияи Нурулло Ҳидоятов,

ходими дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر