الصفحة الرئيسية المقالات Сайёҳӣ. Омили нави рушди Тоҷикистон

Сайёҳӣ. Омили нави рушди Тоҷикистон

Сайёҳӣ. Омили нави рушди Тоҷикистон
2019-04-12
2416

Тоҷикистони биҳиштосо бо табиати афсонавию манзараҳои дилфиреб, иқлими мусоид, ёдгориҳои таърихӣ ва мардуми фарҳангпарвару меҳмоннавозаш ҳамеша таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб менамояд. Ба ин хотир, ва бо дарназардошти иқтидори бузурги сайёҳии Ватани маҳбубамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2017 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. 
Ба шарофати ин иқдом, ки баҳри ривоҷу равнақ бахшидани соҳаи сайёҳии кишвар нигаронда шуда буд, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омаданд. Аз ҷумла, соли гузашта дар саросари мамлакат корҳои ободонӣ вусъат пайдо намуда, садҳо иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар баробари ин, Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ яке аз даҳ кишвари ҷолиби сайёҳӣ эътироф гашта, ташрифи сайёҳон ба Ватани биҳиштосоямон бамаротиб афзуд ва теъдоди онҳо зиёда аз 1 миллионро ташкил дод. 
Аз ин лиҳоз, барои боз ҳам тақвият бахшидани ин раванд, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ аз 26 декабри соли 2018 пешниҳод карданд, ки солҳои 2019 – 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мадумӣ эълон гардад ва иброз доштанд: « Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин мебошад». 
Дар робита ба ин пешниҳод, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супориш доданд, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ва бо итминони комил  метавон гуфт, ки тайи се соли оянда ин мақсадҳои олӣ амалӣ хоҳанд гашт. Зеро дар кишвар тамоми заминаҳои воқеӣ мавҷуданд, ки муҳимтарини онҳо сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳамзамон, чуноне аз тариқи васоити ахбори омма огаҳем, дар кишвар  корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки бахусус, дар инъикоси он Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» саҳми бориз дорад, беш аз пеш вусъати тоза касб намуда, дар Ватани азизамон ҳазорҳо иншооти таъйиноти гуногун бунёду навсозӣ мешаванд, ки бешубҳа, дар рушду равнақи тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сайёҳӣ, такони ҷиддӣ мебахшанд. Ва, албатта, бо бунёди корхонаҳои хурду бузург ҳазорҳо ҷойҳои кор таъсис меёбанд, ки барои баландтар гаштани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат хоҳанд кард.            
Лайло ШАРИФОВА

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر