الصفحة الرئيسية المقالات Рӯза дар партави оятҳои Қуръон

Рӯза дар партави оятҳои Қуръон

Рӯза дар партави оятҳои Қуръон
2019-05-10
3654

Қуръони карим бо баёни расо ва ибораҳои зебое фалсафа, ҳадафи фарз гардидан, муҳимтарин аҳком ва ҷанбаҳои гуногуни рӯзаи моҳи Рамазонро бозгӯ намудааст. Пеш аз ҳама, собиқаи деринаи таърихӣдоштани ин фаризаи Илоҳӣ дар миёни миллатҳои гузашта ва ҳадафи фарз гардидани онро бар миллатҳо дар тӯли таърихи башарият баён менамояд.

Рӯза, чӣ тавре аз ҷониби Худованд (љ) бар мусалмонон фарз гардонида шудааст, бар умматони пешин низ фарз ва муқаррар шуда буд, то инсонҳо ба баракоти он ба тадриҷ роҳи тақво ва худсозиро дар пешгиранд. Ба вуҷуд омадан ва устувор гардидани пойгоҳи тақво ва ирода дар шахсияти инсон муҳимтарин ҳадафи ин фаризаи Илоҳӣ мебошад. «Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза, ҳамон гуна ки бар умматони пеш аз шумо фарз гардонида шуда буд, бар шумо низ фарз гардонида шуд, то шумо (аз ин роҳ) тақво намоед» (Сураи Бақара, ояти 183).

Чӣ тавре дар ин оят мушоҳида мешавад, манзури Ислом аз барномаи рӯзаи моҳи Рамазон, ки аз худдорӣаз хӯрдану нӯшидан ва дигар аъмоли хилофи муқаррароти рӯза иборат мебошад, ба гуруснагиву ташнагӣва дар зарфи як моҳ ба заъфу нотавонии ҷисмӣ кашидани мардум намебошад, балки Қуръони кариммуҳимтарин ҳадафи ин барномаро тақво ва худсозии инсон эълом намудааст. Ба ин маъно, ки шахси рӯзадор бори дигар тавоноиҳои рӯҳӣ, нерӯи ирода ва зарфиятҳои инсонии худро дар зарфи як моҳ таҷдиднамояд ва бо рӯҳиёти тоза ва нерӯи нав ба эъмори зиндагӣ бипардозад.

Ин оят ҳамчунин ваҳдати динҳои Илоҳӣ ва ягонагии башариятро дар усули эътиқодӣ ва барномаҳои ибодатӣ аз дергоҳи таьрих эълон менамояд, ба ин маъно, ки дини Худо, асли яктопарастӣ ва низоми ибодатҳо ҳамзамон бо офариниши насли инсон собиқаи таърихӣ дошта, башарият аз ҳамон оѓози пайдоиш бо усули эътиқодоти тавҳидӣ ва барномаи ибодатҳо фаро гирифта шудааст ва дар ин замина тамоми қавмҳо ва халқиятҳои гуногунро як асл-дини Худо бо ҳам мепайвандад.

Қуръони карим дар чандин маврид эълон менамояд, ки асли тавҳид ва чаҳор рукни амалии бинои Ислом: намоз, закот, рӯза ва ҳаҷ, ки барномаи ибодатҳоро ташкил медиҳанд, гузаштаи таърихӣ дошта, бар умматони дигаре, ки пеш аз зуҳури дини Ислом ба сар бурдаанд, низ фарз гардида буданд.

Рӯза дар чанд рӯзи башумор, ки ҳамон айёми моҳи мубораки Рамазон мебошанд, фарз мебошад. Агар касе аз мусалмонони дорои шароити гирифтани рӯза дар ин моҳ бемор шавад ва ё ба сафар барояд ва натавонад ба рӯзаи худ идома диҳад, пас шаръан барои ӯ иҷозат аст, ки рӯзаашро бихӯрад ва вақтетандуруст ва муқим гардид, бар вай воҷиб аст, ки ба андозаи рӯзҳои хӯрдааш ба таври қазо рӯза бигирад.

«Он чанд рӯзи башуморе мебошад. Он гоҳ касе аз шумо (дар аснои моҳи Рамазон) бемор ва ё дар сафар бошад, (рӯзаашро бихӯрад ва пас аз солим ва муқим гаштан) ба ҳамон андоза аз рӯзҳои дигар (рӯзаи ќазоашро бигирад)» (Сураи Бақара, ояти 184).

Албатта, дар ин ҷо беморие дар назар аст, ки гирифтани рӯза онро сахттар ва ё шифоашро ба таъхирмеандозад ва манзур аз сафар низ сафари шаръӣ мебошад. Ин яке аз сабукиҳое мебошад, ки барои мусалмонон дар гирифтани рӯзаи моҳи Рамазон аз ҷониби шаръ дар назар гирифта шудааст.        

Одамоне, ки дар натиҷаи пирӣ ва нотавонии ҷисмӣ бо заҳмат ва сахтӣ рӯза мегиранд, яъне гирифтанирӯза барояшон бисёр пурмашаққат ва тоқатфарсо аст, шаръан метавонанд рӯзаи моҳи Рамазонро ифтор намоянд ва ба ҷои ҳар рӯзи он ба андозаи таоми як мискин фидя (пардохти молие) диҳанд, яъне  як бенаворо таом диҳанд. «Ва бар касоне, ки онро бо заҳмат ва сахтӣ медоранд, фидя аст (баандозаи) таоми як мискин», (Сураи Бақара, ояти 184)

Вале агар онҳо бо рағбати худ бештар хайр намоянд, ин барояшон беҳтар мебошад. Яъне агар барои ҳар мискин аз андозаи муқарраршуда бештар таом диҳанд ва ё ба ҷои як мискин ба ду мискин таом диҳанд, боз барояшон савоби зиёдтар дорад. «Ва ҳар касе бо рағбати худ (ва татаввуан) аз он бештархайре намояд, он барояш беҳтар аст» (Сураи Бақара, ояти 184).

 Бо ҳамин рӯзаи моҳи Рамазон аз онҳо соқит мегардад ва қазое ҳам бар онҳо воҷиб намебошад. Ин сабукии дуюме мебошад, ки Худованд (ҷ) барои мусалмонон дар моҳи Рамазон дар назар гирифтааст. Вале бо вуҷуди ин, дар тамоми суратҳои зикршуда Худованд (ҷ) гирифтани рӯзаро барои онҳо, агар фазилат ва савоби онро бидонанд, беҳтар гуфтааст. «Ва рӯза доштан (дар суратҳои зикршуда), агар (савоб ва моҳияти онро) бидонед, бароятон беҳтар аст» (Сураи Бақара, ояти 184).

Абдулҳамид Шарипов,

ходими дин

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.03.2024

أكثر
الفجر04:43
الظهر12:40
العصر16:56
المغرب18:55
العشاء20:25
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر