الصفحة الرئيسية المقالات АРЗИШҲОИ МОҲИ РАМАЗОН ДАЛОЛАТ БА ИНСОНПАРВАРӢ МЕКУНАНД

АРЗИШҲОИ МОҲИ РАМАЗОН ДАЛОЛАТ БА ИНСОНПАРВАРӢ МЕКУНАНД

АРЗИШҲОИ МОҲИ РАМАЗОН ДАЛОЛАТ БА ИНСОНПАРВАРӢ МЕКУНАНД
2019-05-28
3550

АРЗИШҲОИ МОҲИ РАМАЗОН ДАЛОЛАТ БА ИНСОНПАРВАРӢ МЕКУНАНД

 

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Дар миёни аркони муқаддаси дини Ислом моҳи Рамазон ва рӯзадорӣ мавқеи ниҳоят баланду гиромӣ доранд. Дар хусуси ҳикмати машруъияти рӯза уламои муҳаққиқ назароти хос доранд, ки ҳамагӣ ишора ба моҳияти ҳастии инсони комил мекунанд. 

Тибқи назари маълум, Худованди ҳаким инсонро табиатан тавре офаридааст, ки ӯ ҳамеша нафси худро дӯст дошта, барои комил кардани эҳтиёҷоташ мудом саъю талош меварзад ва аз вазъияти гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа - заифону мискинон нисбатан бехабар мемонад. Бинобар ин, тибқи ҳикмати худовандӣ бар инсонҳо гуруснагию ташнагӣ ва муддате аз тамоми хоҳишоти нафсонӣ дур будан фарз гардонида шудааст, то ин ки як инсони муқаррарӣ ба сабаби эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагии шадид эҳтиёҷ ва ниёзмандии заифону мискинон ва камбизоатонро дарк намуда, барои рафъи ҳоҷати онҳо иқдом кунад. Рӯза дар вуҷуди инсонҳо ҳалимию бурдборӣ ва раҳму шафқатро бедор намуда, дар қалби онҳо инсондӯстию меҳрубониро нисбат ба камбизоатону мискинон бедор месозад.

Савм, яъне рӯза дар луғат ба маънои «имсок», яъне бозистодан аст. Дар истилоҳи шариат иборат аз боздоштани нафс аз таъом, шароб ва ҷимоъ (ҳамхобагӣ бо зан) мебошад. Мавлоно Абдулҳайи Деҳлавӣ дар китоби худ «Ашиъат-ул-ламаъот» гуфтааст, ки назди уламо дар ин масъала ихтилоф аст, ки намоз бартар аст ё рӯза. Машҳур назди кулли уламо ин ақида аст, ки намоз аз соири ибодатҳо бартар аст. Чунончи дар ҳадис омадааст: «Бидонед, ки беҳтарини аъмоли шумо намоз аст». Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки рӯза бартар аст, зеро дар ҳадис омадааст: «Рӯзаро лозим бидоред, зеро рӯзаро ҳамтое нест».

Худованд дар бораи фарз гардидани рӯза дар ояти 183-юми сураи «Бақара» мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед».

Аз ҳикматҳои илоҳист, ки мардум бояд ҷамъу муттаҳид ва дар иттифоқу ҳамбастагӣ бошанд. Ҳам дар каломи бузурги Худованди тавонову якто – Қуръони карим ва ҳам дар аҳодиси Паёмбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) моҳи Рамазон ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо таъкид ва ёдрас шудааст. Гиромӣ донистани ин моҳи шариф барои муслимини олам аз он сарчашма мегирад, ки дар он китоби муқаддаси Қуръон – ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои башарият нозил шудаааст. Чунонки Худованд дар каломи шарифи хеш (ояи 185-уми сураи «Бақара») мефармояд: «Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон фурӯ фиристода шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст.  Ва ҳар ки аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад».

Ин моҳ арзишҳо ва ҳикматҳое дорад, ки барои мусулмонон сабақомӯз ва намунаи ибратанд. Ҷудо кардани адолат аз беадолатӣ, нек аз бад, асл аз хурофот,  дониш аз ҷаҳолат ва ҳақ аз ботил яке аз чунин арзишҳо ба шумор меравад. Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кумак кардан ба бародарони худ аз рӯи тавону имкон, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи наку ва неру бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро ҷузъи худ ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шумурда мешаванд.

Яке аз ин арзишҳо - додани ифтор ба рӯзадор аст. Аз Зайд ибни Холиди  Ҷуҳанӣ (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Ҳар ки рӯзадореро ифтор диҳад, ба андозаи он ба вай подош мерасад, бе он ки аз подоши рӯзадор чизе кам шавад». (Ривояти Тирмизӣ).

Арзиши муҳимми дигар - инфоқ дар роҳи Худост. Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва ҳар гуна некӣ, ки барои хеш фиристед, онро назди Худо боз хоҳед ёфт, ҳамоно Худованд ба он чӣ мекунед, биност». («Бақара», 110).

Сеюмин арзиши марбут ба Рамазон - садақа додан мебошад. Аз Муъоз ибни Ҷабал (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Садақа гуноҳро хомӯш мекунад, ҳамон гуна ки об оташро фурӯ менишонад». (Ривояти Тирмизӣ). Садақа ба тангдасту мискин ҷузъи ҳамин арзиш ба шумор меравад. Чунончи, аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки фармуд: «Эй Расули Худо (с)! Аз ҳамаи садақаҳо кадом беҳтар аст?». Гуфт: «Дар тангдастӣ кӯшиш кардан ва аз касе шуруъ кун, ки сарпарастии ӯ ба уҳдаи туст». (Ривояти Абӯдовуд, Ибни Хузайма ва Ҳоким).

Аммо набояд фаромӯш кард, ки беҳтарини садақот ба тариқи пинҳонӣ содир намудани он аст. Дар ин хусус Расули гиромӣ фармудаанд: «Кирдорҳои нек аз гирифториҳои нохушоянд ҷилавгирӣ менамоянд, садақаи пинҳонӣ хашми Парвардигорро фурӯ менишонад ва силаи раҳм умрро меафзояд» (Ривояти Табаронӣ).

Ҳамчунин дар маохизи исломӣ аз ошкор кардани салом ва додани таом сухан меравад, ки падидаи муҳимми инсонпарварист. Масалан, аз Абдуллоҳ ибни Салом (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Эй мардум, саломро ошкор кунед ва таом диҳед, робитаи хешовандиро барқарор  доред ва дар ҳоле, ки мардум хоб ҳастанд, намоз бигузоред, то ба саломатӣ ба биҳишт дохил шавед» (Ривояти Тирмизӣ).

Дигар арзиши мансуб ба инсондӯстӣ - инфоқ ба шахсони бенаво ва тангдаст мебошад. Дар ин маврид аз Абӯҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Касе, ки барои дастгирии бевагон ва мискинон талош кунад, монанди муҷоҳиди роҳи Худост».

Сарпарастии ятим ва додани нафақаи ӯ аз беҳтарин рафтору кирдори шахси мусалмон аст. Чунончи, аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Ману сарпарасти ятим дар биҳишт ин гуна ҳастем» ва ишора ба ангушти шаҳодат ва миёнаи худ намуда, онҳоро аз ҳам кушод» (Ривояти Бухорӣ). Ин гуна фазилатҳои исломӣ дар мавриди Рамазону рӯзадорӣ ва поккориву накурафтории мусалмонон дар ин моҳи шариф хеле зиёданд.

         Анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.

Парҳезгорӣ муҳимтарин хусусияти ин моҳи шариф аст. Худованд дар каломи хеш (ояҳои 183-184-и сураи «Бақара») фармудааст, ки «Эй мӯъминон! Бар шумо рӯза фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд, фарз шуда буд, бошад, ки парҳезгор шавед, рӯза гирифтани рӯзҳое чанд шумурдашуда. Пас ҳар ки аз шумо бемор ё мусофир бошад, пас шумори он аз рӯзҳои дигар лозим аст. Ва бар касоне, ки рӯза тоқатфарсост, фидяест, ки иборат аз хӯрок додан ба як бенавост. Ва ҳар кас ба дилхоҳи худ хайре анҷом диҳад, пас он бар ӯ беҳтар аст ва агар бидонед, рӯза гирифтан барои шумо беҳтар аст». 

Яъне дар баробари он ки фарз будани доштани рӯза таъкид мешавад, кӯмак ба табақаи бенаво ва анҷом додани амалҳои хайру савоб низ хотиррасон мегардад. Маълум мешавад, ки парҳезгориву амали хайр ду қутб ё рукни ин моҳи шариф ба шумор меравад.

Зиёда аз ин, тибқи ақоиди исломӣ савоб пояи имонро мустаҳкам месозад, чунонки аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Касоне, ки рӯзаи Рамазонро бо имон ва қасди савоб бигиранд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, касоне, ки дар шабҳои Рамазон бо имон ва қасди савоб намозҳои нафл (таровеҳ ва таҳаҷҷуд) бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад, касоне, ки дар шаби Қадр бо имон ва қасди савоб намоз бихонанд, тамоми гуноҳони гузаштаи онҳо афв мешавад».

         Набояд фаромӯш кард, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине ҳаст, ки дар дини мубини Ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Набояд фаромӯш кард, ки дар ин маврид Паёмбари гиромии Ислом фармуданд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод».

         Дигар ин ки маводи хӯроквории фаровон болои дастархон ба ҷуз   аз тариқи исрофкорӣ ба худ зиён овардан чизи дигаре нест. Солҳои охир дар кишвари мо хариди зиёди анвои хӯрданию нӯшиданию пӯшиданиҳо аз раставу бозорҳо ҳангоми фарорасии идҳои динӣ ба ҳукми анъана даро­мада­аст, ки ин ҳама бо арзишҳои волои фарҳангию ахлоқии миллати мо ҳеҷ созгорие надоранд. Рафтори нодуруст дар хариди аз меъёр бешта­ри маводи ғизоӣ омили гарон шудани нарх мегардад. Ҳеҷ тоҷиру со­ҳиб­кор ва фурӯшандаи қаторӣ набояд умедвор бошад, ки ба сабаби дар арафаи иди динию эътиқодӣ гарон фурӯхтани маҳсулоти худ манфиату даро­мад мебинад. Баръакс, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чунин бе­ин­со­фон дере нагу­зашта гирифтори сад балову офат мешаванд ва фоидаи гӯё калон ба даст овар­даашон барояшон зиён меоварад. Чунонки шоир фармудааст:

Аз мукофоти амал ғофил машав,

Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.

Шахсоне, ки дар арафаи ид нархи маҳсулоташонро аз пештара камтар карда мефурӯшанд, бара­ка­ти кора­шон дучанд мегардад. Ин як воқеияти бебаҳс аст, ки ба зершуу­ри имонии инсонҳо бастагӣ дорад ва ҳар кас ҳақиқати онро дар таҷри­баи худ санҷида метавонад.

 

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ

Саидмукаррам Абдуқодирзода

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.03.2024

أكثر
الفجر04:44
الظهر12:40
العصر16:55
المغرب18:54
العشاء20:24
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر