الصفحة الرئيسية المقالات Худшиносӣ – шинохти моҳияти ҳастӣ

Худшиносӣ – шинохти моҳияти ҳастӣ

Худшиносӣ – шинохти моҳияти ҳастӣ
2019-07-11
2732

Худшиносӣ зербинои таҳқиқоти тамоми илмҳост, ки мо онро илми инсонӣ ё худ гуманитарӣ (таъриху фалсафа, забону адабиёт, санъатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, ҳуқуқ ва ғайра) меномем. Агар аҳдофи ҳама гуна бозҷустҳо камолоти ахлоқиву маънавӣ ва рӯҳонияти ҷомеа бошад, пас доираи таҳқиқи ин масъала ҳамаи илмҳо ва таълимоти ҷаҳониро фаро мегирад. Алҳол, агар тибқи усули маъмули аз сода ба мураккаб рафтор намоем, хоҳем дид, ки худшиносӣ аз давроне, ки ҷомеаи инсонӣ ба шакли муайян даромад ва эҳтиёҷ ба назму тартиби муносиботи иҷтимоӣ ба миён омад, ба муаммои аввалдараҷаи ташаккули шахсиятҳо ва, баъдан, ташаккулу таҳаввули миллатҳову давлатҳо табдил ёфт.

Ба ёд биёрем, ки ҳанӯз дар даврони атиқа, тибқи устураҳои Юнони бостон, дар ибодатгоҳи ҳамон замонҳо маъруфи Делф бо хати зарин навишта буданд, ки «худро бишнос!». Ин ҷумлаи амриро уламо шарҳу тафсирҳои зиёде додаанд ва аз он маъниҳои гуногун бардоштаанд. Дар ин маврид, адиб ва мутафаккири бузурги рус Лев Толстой хеле нишонрас гуфтааст: «Бузургтарин дониш худшиносист. То худро нашиносӣ, Офаридгоратро нахоҳӣ шинохт».

Аммо сарчашмаи ҳама гуна донишу фазл ақл аст ва дар ин маврид пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) ақли комилро асоси хештаншиносӣфармудааст. Дар ин хусус ҳадиси саҳеҳе боқист: «Ақл ба се қисмат аст: ҳар кӣҳамаро дорад, ақлаш комил ва ҳар кӣҳеҷ якро надорад, бехирад аст. Ақли комил - худро дуруст шинохтан, хуб итоат кардан ва сабри неку дар анҷоми вазифа аст».

Аз ин хулоса мешавад, ки худшиносӣ аввалин нишонаи ақл аст. Ҳамин гуна мавқеъгирӣва хулосаро дар фалсафаи Юнони Қадим ва Аврупои асримиёнагӣ, дар масеҳияту таълимоти Конфутсий ва, ҳатто, дар таълимоти марксизм низ дидан мумкин аст. Карл Маркс гуфта буд, ки «худшиносӣ шарти аввалини хирадмандист». Бузургони адабу фарҳанги мо низ ба ин масъала аз паҳлуҳои гуногун дахл кардаанд ва хулоса як аст: инсон танҳо дар зиндагии иҷтимоӣ касби камол мекунад ва роҳи камолот аз тарбияти ақл шурӯъ мешавад, ки масолеҳаш илму дониш аст.

Худшиносӣба адабу маънавият решапайванд мебошад, аммо ин ҳардуро сарчашма боз ҳам худҷӯӣ ва мавқеи худро шинохтан аст. Доиман аз ғафлат дур будан шарти асосии расидан ба худшиносист, зеро инсони ғофил аз худии худ мушобеҳи ҳайвонест, ки ғайр аз хӯру нӯшу хоб ихтиёр ва фаъолияти дигаре надорад.

Ба маънии дигар, ҳар инсон махлуқи мураккабест. Беҳуда онро олами сағир намегӯянд. Ҳар чизе, ки дар олами кабир мегузарад, азқалби ҳамин инсони хокӣ мегузарад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки инсон бидуни маънавияту ахлоқ ва илму дониш чӣ тавр метавонад буду набуди оламро маърифат кунад? Аз ҳамин ҷост, ки инсонҳо фозилу андешаманд, хайрхоҳу нексиришт, худхоҳу бадкирдор ва бадният мешаванд.

Ҳар шахс бояд донад, ки моҳияти ҳастии ӯ чист ва дар зиндагӣ чӣ нақшу мақоме дорад. Ҳамзамон, маърифати дигарон ва муҳит барои худшиносии ӯ заминаи васеътаре фароҳам меорад. Шинохти муҳит пайваста инсонро ба маърифати ҷомеа ва миллату давлат роҳнамоӣ мекунад. Яъне, худшиносӣ зинаҳои бисёре дорад, ки аз ҷониби зиёде - аз тариқи дину мазҳаб ва улуми бисёре омӯхта мешавад, аммо ҳадаф як аст: расидан ба камолоти ахлоқиву маънавии инсонҳои алоҳида, баъдан ташаккули ҷомеа ва миллатҳои худогоҳ ва ниҳоятан давлатҳои мутамаддину пешрафта.

Ҳафиз РАҲМОН, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.04.2024

أكثر
الفجر04:09
الظهر12:40
العصر17:18
المغرب19:16
العشاء20:47
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر