مسألة № 01033

Агар шахс шароб нӯшад, таҳораташ чӣ мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум. Агар шахс шароб нӯшад, таҳораташ чӣ мешавад? Дар ҷое хонда будам, ки агар марду занро фарқ карда тавонаду вақти фарз бошад, бояд фарзро хонад. Эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ҳукми ҳамин масъаларо пурра шарҳ медодед.

Саволдиҳанда: Комрон

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, мастӣ ҳам яке аз шиканандаҳои таҳорат маҳсуб мешавад, аз ин рӯ, дар ҳолати мастӣ набояд намоз гузорид, чунонки Худованд дар сураи “Нисо”, ояти 43  мефармояд: “Эй мӯъминон, дар ҳоле, ки шумо маст бошед, ба намоз наздик машавед, то он ки бифаҳмед, чӣ мегӯед”. Бинобар ин, пас аз таҳорати комил бояд намозашро гузорад ва аз ин амали нораво даст кашида, тавба кунад.

2017-04-10
4475
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2024

أكثر
الفجر03:57
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:53