مسألة № 01082

Тарзи дуруст доштани дастҳоро дар вақти дуо ва равиши молидани дастҳоро ба рӯй бо аҳодис мефаҳмондед? Чунки байни мардум дар ин маврид ақидаҳои зиёдест, “дастҳоро ин тавру он тавр надор” гуфта ба мо бисёр хитоб мекунанд.

مسألة:

Ассалому алайкум. Тарзи дуруст доштани дастҳоро дар вақти дуо ва равиши молидани дастҳоро ба рӯй бо аҳодис мефаҳмондед? Чунки байни мардум дар ин маврид ақидаҳои зиёдест, “дастҳоро ин тавру он тавр надор” гуфта ба мо бисёр хитоб мекунанд. Оё бо як даст дуо кардан савоб мегирем? Бо як даст ягон ашёро дошта, бо дасти дигар дуо кунем, дар мазҳабамон раво аст?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, бардоштани дастҳо дар вақти дуо ва ба рӯй молидани онҳо суннат аст, зеро осмон қиблаи дуост, чунонки Каъба қиблаи намоз аст. Дар ҳадис ворид шуда, ки Расули Худо (с) вақте ки дуо мекарданд, дастҳояшонро ба сӯи осмон мебардоштанд ва ба рӯйашон мемолиданд. Равиши суннати дуо ин аст, ки ҳар ду каффи дастро баробари сина қарор дода, ҳоҷати худро аз Худованд бихоҳад. Бо як даст дуо кардан хилофи тавозуъ ва одоби дуо аст ва дар мазҳаб ворид нашудааст. Аз Салмон (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Воқеъан Парвардигори шумо бисёр боҳаё ва карим аст, вақте банда дастҳояшро ба сӯи Ӯ баланд кунад, ҳаё мекунад, ки онро холӣ баргардонад”. (Ривояти Абӯдовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷа ва Ҳоким) Инчунин аз Умар (р) ривоят аст, ки фармуд: “Расули Худо (с) ҳаргоҳ дастҳояшонро барои дуо баланд мекарданд, то вақте ки онҳоро ба рӯйаш намемолиданд, фуруд намеоварданд”. (Ривояти Тирмизӣ).

2017-05-01
4411
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2024

أكثر
الفجر03:57
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:53