مسألة № 01460

Ман дар шаҳри Душанбе истиқомат дорам ва дар ноҳияи Данғара кор мекунам. Рӯзи ҷумъа соати 15.00 аз ноҳияи Данғара ба роҳ мебароям ва соати 19.00 ба хона мерасам. Намози асру шомро чӣ гуна гузорам? Оё дар дохили автобус гузорам ё ки қазоӣ дар хона? Оё намозҳоро қаср мегузорам?

مسألة:

Ассалому алайкум устод. Ман дар шаҳри Душанбе истиқомат дорам ва дар ноҳияи Данғара кор мекунам. Рӯзи ҷумъа соати 15.00 аз ноҳияи Данғара ба роҳ мебароям ва соати 19.00 ба хона мерасам. Намози асру шомро чӣ гуна гузорам? Оё дар дохили автобус гузорам ё ки қазоӣ дар хона? Оё намозҳоро қаср мегузорам?

Саволдиҳанда: Фарҳод

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) масофаи сафар 120 км муайян шудааст. Агар дар макони коратон нияти иқомати 15 рӯз ё зиёда аз онро дошта бошед, пас дар ин сурат намозҳоятонро пурра мегузоред. Дар акси ҳол намозҳоятонро қаср мехонед. Дар аснои сафар агар имкон дошта бошед, аз автобус фуруд омада намозатонро адо кунед, агар ин имкон вуҷуд надорад, пас дар дохили автобус ба қадри тавоноии худ бо ишора намозро ба ҷо оред. Кӯшиш намоед, ки ҳаргиз намозро қазо накунед. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 24-25)

2017-10-12
3426
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48