مسألة № 01463

Дар сомонаҳои интернетӣ навиштаҷоте дар бораи номҳои Худо ва ё ҳаёти Пайғомбар (с) тариқи паёмак ирсол мешавад, ки онро ба даҳ ё бист нафар равон бояд кард, вагарна даҳ ё бист соли ризқи инсон кам мешавад. Оё бовар ва амал кардан ба он дуруст аст?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар сомонаҳои интернетӣ навиштаҷоте дар бораи номҳои Худо ва ё ҳаёти Пайғомбар (с) тариқи паёмак ирсол мешавад, ки онро ба даҳ ё бист нафар равон бояд кард, вагарна даҳ ё бист соли ризқи инсон кам мешавад. Оё бовар ва амал кардан ба он дуруст аст?

Саволдиҳанда: Шукриддин

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, албатта ҳифз ва азбар намудани асмои ҳуснои Худованд аҷру подоши бузурге дар бар дорад, инчунин огоҳӣ аз сират ва зиндагиномаи Расули акрам (с) низ фазилатҳои зиёдеро дорост ва бояд ҳар як нафар ба қадри имкон аз ин маълумот огоҳӣ дошта бошад, аммо ин иддио, ки агар матолиби паёмакро ба даҳ ё бист нафар равон накунӣ, даҳ ё бист соли ризқат кам мешавад, асоси шаръӣ надорад ва набояд ба он бовар кард.

2017-10-13
4454
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.03.2024

أكثر
الفجر04:43
الظهر12:40
العصر16:56
المغرب18:55
العشاء20:25