مسألة № 01482

Ман бо хамсарам даъво шудам ва шарт гузоштам, ки агар ба модарат фалон корро бигӯӣ, ҷавоби туро додам. Мо ҳар ду пушаймон шудем, ӯ то хол ба модараш чизе нагуфтааст. Оё ман метавонам аз шарти худ даст кашам? Илтимос роҳи ҳаллашро бигӯед.

مسألة:

Ассалому алайкум домулло. Ман бо хамсарам даъво шудам ва шарт гузоштам, ки агар ба модарат фалон корро бигӯӣ, ҷавоби туро додам. Мо ҳар ду пушаймон шудем, ӯ то хол ба модараш чизе нагуфтааст. Оё ман метавонам аз шарти худ даст кашам? Илтимос роҳи ҳаллашро бигӯед.

Саволдиҳанда: Муин

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо аз шарти гузоштаи худ гашта наметавонед, агар ҳамсаратон он шартро анҷом диҳад, як талоқи боин воқеъ мегардад, таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр бар шумо лозим мегардад. Беҳтараш ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, ҷавоби суолатонро бо тафсил дарёфт хоҳед намуд.

2017-11-01
3545
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48