مسألة № 01503

Дар байни ғайримазҳабон дуо бо ҷамоат мавриди қабул нест.Онҳо моро айбдор ба он мекунанд, ки ин тариқ дуо кардан дар суннати Расули акрам ( с) нест. Оё бо ҷамоат дуо кардан баъд аз намозҳо беасос аст?

مسألة:

Ассалому алайкум. Дар байни ғайримазҳабон дуо бо ҷамоат мавриди қабул нест.Онҳо моро айбдор ба он мекунанд, ки ин тариқ дуо кардан дар суннати Расули акрам ( с) нест. Оё бо ҷамоат дуо кардан баъд аз намозҳо беасос аст? Илтимос, ба ин савол рӯшноӣ андозед. Пешакӣ миннатдорам. Дар амони Худованд бошед! 

Саволдиҳанда: Исмоил

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дуои дастаҷамъӣ асос дорад ва тибқи оят, ҳадис ва усули мазҳаби Имоми Аъзам (р) анҷом додани он дуруст аст. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки фармуд:

" كَانَ يُعْجِبهُ أَنْ يَدْعُو ثَلَاثًا "

Яъне ҳазрати Пайғамбар (с) се бор дуо карданро меписандиданд. Дар ҳадиси дигаре аз Оиша (р) омадааст:

عَنْ عَائِشَة مَرْفُوعًا " إِنَّ اللَّه يُحِبّ الْمُلِحِّينَ فِي الدُّعَاء "

«Худованд касонеро, ки дар дуо кардан исрор мекунанд, дӯст медорад». Ривояти Табаронӣ

Илова бар ин, яке аз усули мазҳаби ҳанафӣ урф аст ва се дуо баъд аз намоз низ бо урф собит аст, зеро оммаи мардуми Мовароуннаҳр ба он амал мекунанд.

2017-11-09
4646
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48