مسألة № 01506

Домуллои азиз. Ҳамсинфон ва дӯстони ман “имонам аз кофир” ё “валлоҳ” гуфта қасам мехӯранд. Ҳукмаш чист?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Ҳамсинфон ва дӯстони ман “имонам аз кофир” ё “валлоҳ” гуфта қасам мехӯранд. Ҳукмаш чист?

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, инсони оқил набояд дар сари ҳар сухан савганд хӯрад ва номи Худоро василаи савгандаш қарор диҳад. Чунки Худованд аз ин амали нописанд манъ карда, мефармояд: “Ва (номи) Худоро дастмол барои савгандони худ макунед”. (Сураи “Бақара”, ояти 224). Хусусан ба забон овардани љумлаи “имонам аз кофир” сухани гуноҳ буда, барои фарди мусулмон хатар дорад. Агар дӯстони шумо дар коре ба номи Аллоҳ савганд хӯрда бошанд ва онро шикастанд, бар онҳо каффорат вољиб мегардад, яъне бояд даҳ мискинро таом диҳанд ё либос пӯшонанд ва ё се рӯз рӯза доранд. 

2017-11-14
2891
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.04.2024

أكثر
الفجر03:59
الظهر12:40
العصر17:22
المغرب19:21
العشاء20:52