مسألة № 01535

Лутфан доир ба номи Суннатулло маълумот медодед, ки оё чунин номгузорӣ дуруст аст? Дар аҳкоми шариат оиди ин ном ақидае вуҷуд дорад ва оё ин тарзи номгузорӣ ба меъёрҳои Ислом зид нест?

مسألة:

Ассалому алайкум. Лутфан доир ба номи Суннатулло маълумот медодед, ки оё чунин номгузорӣ дуруст аст? Дар аҳкоми шариат оиди ин ном ақидае вуҷуд дорад ва оё ин тарзи номгузорӣ ба меъёрҳои Ислом зид нест? Агар ин номро айнан шарҳ диҳем, аз ду реша иборат аст: суннат ва Аллоҳ, вале ҳардуи онҳо маъниҳои гуногунро ифода мекунанд. Қаблан сипосгузорам.

Саволдиҳанда: Суннатулло

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, номи Суннатуллоҳ аз калимаи “суннат” ва исми “Аллоҳ” таркиб ёфтааст. Калимаи “суннат” ба маънои роҳу равишу тариқа ва исми Аллоҳ номи маъбуди барҳақ аст. Маънои таркиби “суннатуллоҳ” роҳу равиши Худоро ифода мекунад ва ин таркиб  шаш бор дар Қуръон (дар сураҳои “Аҳзоб”, 38-62; “Ғофир”, 85;  “Фатҳ”, 23) зикр шудааст. Дар фарҳанги номгузории қадим як идда лақабҳое аз қабили Асадуллоҳ – шери Худо (лақаби ҳазрати Алӣ (р), Сайфуллоҳ – шамшери Худо (лақаби Холид (р) вуҷуд доштанд, ки дар баробари номи шахс зикр мешуданд ва бо мурури замон ин лақабҳо ҳамчун ном пазируфта шуда ва мустаъмал гардиданд. Аммо як гурӯҳ номҳое ҳамчун Суннатуллоҳ, Раҳматуллоҳ, Фазлуллоҳ ва амсоли он, ки имрӯз маъмул аст, дар асл на лақаб буданд ва на ном, зеро ҷузъи якуми инҳо (суннат, раҳмат, фазл ва ғайра) исми маънӣ мебошанд, на исми моддӣ. Бо вуҷуди ин, ин вожаҳои мураккаб тадриҷан ба ҳайси ном пазируфта шудаанд, хусусан дар байни мардумони ғайри араб истеъмоли ин гуна номҳо роиҷтар аст. Шояд яке аз сабабҳои ба унвони ном қабул шудани ин таркибҳо ин бошад, ки бархе мардумон ҳангоми зода шудани фарзанд барои ӯ номи китобӣ меҷӯянд ва аз он ҷо ки таркибҳои “суннатуллоҳ”, “раҳматуллоҳ”, “фазлуллоҳ” ва ғайра дар Қуръон ворид шудааст, ин таркибҳоро ҳамчун ном ба фарзандонашон мегузоранд. Ба ҳар ҳол, номи Суннатуллоҳ ва амсоли он дуруст аст ва истеъмоли он роиҷ шудааст, вале гузоштани он қабил номҳое, ки ҷузъи аввали он исми моддӣ аст, дурусттар ва беҳтар мебошад.

2017-11-28
3043
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48