مسألة № 01539

Ман аз шавҳарам ҷудо ҳастам ва як фарзанд дорам. Вақте ки фарзандам ба назди падараш рафта меояд, дар хона маро ғам медиҳад, боз ба назди падарам меравам мегӯяд, ман ӯро мезанам ва дуои...

مسألة:

Ассалому алайкум. Ман аз шавҳарам ҷудо ҳастам ва як фарзанд дорам. Вақте ки фарзандам ба назди падараш рафта меояд, дар хона маро ғам медиҳад, боз ба назди падарам меравам мегӯяд, ман ӯро мезанам ва дуои бад мекунам, шояд ба фарзандам суханони бад меомӯзанд, ӯ ба ман мегӯяд, тезтар ту бимирӣ ва ман ба хонаи падарам равам. Ӯ ҳамагӣ сесола аст, илтимос ба ман маслиҳат диҳед. Оё ягон ояте барои сабр ҳаст? Барои ману фарзандам дуои хайр кунед, то ки хушбахт бошем.

Саволдиҳанда: Малвина

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, зиндагӣ ин худ мубориза аст, албатта дар таърихи инсоният модароне буданд, ки фарзандонашон онҳоро нофармонӣ кардаанд. Бинобар ин, дар ҷодаи тарбияти фарзанд бисёр ҷиддӣ бош ва худро аз аҷри собирон маҳрум магардон, зеро Худованд ба собирон аҷру подоши биҳисоб ваъда кардааст, чунонки мефармояд: “Ва ба собирон мувофиқи некӯтарини он чи мекарданд, муздашонро медиҳем”. (Сураи “Наҳл”, ояти 96) Шумо ҳамеша такя ва таваккул ба Парвардигор кунед ва бо тамоми тавон саъй намоед, илова бар ин, дар намозҳоятон, хусусан дар намози шаб барои ояндаи худ ва фарзандатон дуои нек кунед, Худованд шуморо комёб хоҳад гардонид. Худованд ба шумо ва фарзандатон тавфиқу комёбӣ ато фармояд.

2017-11-30
4018
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48