مسألة № 01935

Дар вақти шунидани азон кадом калимаҳоро такрор бояд кард? Аллоҳи бузург илми Шуморо зиёда гардонад.

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар вақти шунидани азон кадом калимаҳоро такрор бояд кард? Аллоҳи бузург илми Шуморо зиёда гардонад.

Саволдиҳанда: Алишер

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳангоми шунидани азон шунаванда он калимаҳоеро, ки муаззин ба забон меорад, бояд такрор кунад, вале ба ҷои “Ҳайя алассалоҳ” гуфтани муаззин “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим”, ба ҷои “Ҳайя алал-фалоҳ” “Мошоаллоҳу кона ва мо лам яшаъ лам якун” ва дар намози бомдод ба ҷои “Ас-салоту хайрун минан-навм” “Садақта ва барирта” мегўяд.  Пас аз тамом шудани бонги азон ин дуоро мехонад:

«Аллоҳумма Рабба ҳозиҳид-даъватит-томмати вас-салотил-қоима, оти Муҳаммаданил-василата вал-фазилата вабъасҳу мақоман маҳмуданиллазӣ ваъадтаҳу варзуқно шафоъатаҳу явмал-қиёмати иннака ло тухлифул-миъод».

Тарҷума: «Худоё, эй Парвардигори ин дуоҳо ва намозе, ки барпо мешавад, ба Муҳаммад васила ва фазилат ато фармо ва ба ў манзилату мақоми неку, ки ваъда додаӣ, бидеҳ ва шафоати ўро дар рўзи қиёмат ба мо рўзӣ гардон, ба дурустӣ ки Ту ваъдаро хилоф намекунӣ».

2018-11-09
4635
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48