مسألة № 01953

Оё закот дар ҳама чиз воҷиб аст ё танҳо барои гову гўсфанд ва ғайра? Дар кадом вақт бояд закот пардохт кард?

مسألة:

Домуллои муҳтарам, оё закот дар ҳама чиз воҷиб аст ё танҳо барои гову гўсфанд ва ғайра? Дар кадом вақт бояд закот пардохт кард?

Саволдиҳанда: Муқаддас

إجابة:

Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, закот ба ѓайр аз он чизҳое, ки шумо гуфтед, боз дар пулу тиллову нуқра ва амволи тиҷоратӣ низ воҷиб мешавад. Мувофиқи қарори Шўрои уламо имсол нисоби закот бо ҳисоби асъори миллӣ ба 20400 сомонӣ баробар мебошад, ки аз ин миқдор 510 сомонӣ закот пардохта мешавад. Инчунин касе дорои 85 гр тилло ё 600 гр нуқра бошад, аз он ба андозаи 2.125 гр тилло ё 15 гр нуқра закот дода мешавад. Дар молҳое, ки барои тиҷорат ҳастанд, вақте закот воҷиб мешавад, ки арзиши онҳо ба нисоб (яъне 20400 сомонӣ) баробар шавад. Хулоса, ҳар касе, ки яке аз ин нисобҳоро доро бошад, пас аз гузаштани як сол бар ў пардохти закот фарз мешавад.   

2018-12-12
3164
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48